Садриддин Айнӣ (1878 -1954) — бунёдгузори адабиёти советии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи Илмҳои РСС Тоҷикистон (1951), ходими хизматнишондодаи илмии республикаи Тоҷикистон, академики фахрии Академияи Илмҳои РСС Узбекистон. Каҳрамони Тоҷикистон(1997).




Зиндагинома

Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Саидмуродзода Айнӣ  15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Узбакистон) ба дунё омадааст. Фарзандаш ховршиноси барҷастаи Тоҷикистон  Айни Камол 

Ҳолнома

Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошад. Аз ин рӯ писараш Садриддинро дар шашсолагӣ ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияш дар он мадрасаро дар достони «Мактаби кӯҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд чузъ аз Бедил ва чанд чузъ аз газалиёти Соибро хонда дар даҳсолаги мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин дар оғуши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофии онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.
Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба  Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалтош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.
Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани кути лоямуташ у аз хеч кору захмат даст накашидааст: гох фарроши мадраса, гох ошпаз, гох чомашуй, гох мардикор буд. Дар мактаби хаёт Садриддин хаёти чамъиятро омухт. Аз табакаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатхои синфии мардум, чаллодони амир, задухурдхои дорою нодоро дониши зиндаги меомухт. Аз соли 1896 Садриддин бо тахаллуси адабии «Айни» ба навиштани шеърхои мустакилона cар кардааст. Назари устод Айни пас аз мутолиа кардани асари Ахмади Дониш «Наводирулвакоеъ» нисбат ба сохти пусидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин чамъияти фарсуда дар дили у як нафрати нихоние пайдо шуд. Аз ин ру, дар ибтидои асри 20 устод эчодиёти идеяхои пешкадами маорифпарварон Ахмади Дониш ва Шохинро давом дода, рохи ояндаи худро муайян намуд. «Тахзибуссибён»- ро устод Айни махз ба хотири тарбияи наврасон дар рухияи муосир соли 1909 барои шогирдони мактабхои нав офарид. Чунин корхои хайр ба Амир маъкул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва уро 75 чуб мезананд. Пас аз 52 рузе, ки дар беморхона муолича мекунад, Садриддин ба Самарканд кучида меояд. У чи дар Самарканд ва чи дар Тошкент дар корхои комитети революциони иштирок карда, варака, даъватнома ва баённомахои чанги менависад, таргиботу ташвикот мебарад. Амири Бухоро аз он ки Хокимияти Шурави ба Айни пушту панох шудааст, бо тухмати алока доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда -Сирочиддинро вахшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» - и чонгудози Айни ба хамин муносибат навишта шудааст. Хирси хунхории Амир бо ин хам каноат накарда, бародари калонии у Мухиддинхочаро низ катл менамояд. Баъди ин вокеахо калами Айни тезу бурро шуд ва ба у муяссар гардид, ки дар маколаю рисолахо, асархои таърихи ва бадеии минбаъдааш нишон дихад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амири таърихан конунист. Хамин тавр бо галабаи Инкилоби Октябр нависанда аз нав чавон шуд. Истеъдоди шоирию публисисти, насрнависию олимии устод Айни ба дарачае таракки кард, ки у аз 15 чилди куллиёташ 14 чилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эчод намудааст. Дар сохаи илм ба у дарачаи доктори фанхои филологи бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи фанхои РСС Узбекистон такдир карда шуда буд. Айни академики Академияи Точикистон таъин гардида буд, у нахустпрезиденти Академияи фанхои РСС Точикистон мебошад. Аз соли 1958 инчониб хар сол дар рузи таваллуди нависанда мачлиси илмии «Солонаи Айни» барпо шуда, материалхои он дар мачмуаи махсуси «Чашнномаи Айни» нашр мегарданд. Бисёр дехаву нохияхо, кучаю хиёбонхо, мактабхо номи уро гирифтанд. Барои хизматхои адаби ва чамъиятиаш Айни бо се ордени Ленин, ду «Байраки сурхи мехнат» ва медалу грамотахо мукофотонида шудаааст.Бо фармони Президенти Чумхурии Точикистон 8-уми сентябри соли 1997 ба устод с. Айни Унвони «Кахрамони Точикистон» дода шуд. Устод Садриддин Айни соли 1954 дар шахри Душанбе аз олам чашм пушид. Холо макбараи Устод Айни дар як чои хушманзараи Душанбе зиёратгохи ахли адаб аст. Он чоро хозир боги Айни мегуянд.

Мероси илми ва адабии устод

Академик ва якум президенти (аз соли 1951) АФ РСС Точикистон; академик АФ РСС Узбакистон. Асосгузори адабиёти советии тоҷик ва таҳиягари адабиёти советии узбак. Асари аввали - "Чаллодони Бухоро" ( 1920). Повести "Одина" (1924) ва романи "Дохунда" (1927-28, соли 1930 ба нашр расидааст) ва "Гуломон" (1934) Муаллифи повести " Марги судхур" (1937, нашри коркарда баромадашуда соли 1953), ва "Ятим" (1940); "Ёддоштҳо" (дар 4 китоб, Ҷоизаи давлатии СССР (1950).
Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО  100-солагии зодрӯзи устод дар тамоми ҷаҳон қайд карда шуд.

Эчодиёти ӯ аз солҳои 90-уми асри 19 шурӯъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Садриддин Айнӣ дар ҳаракатҳои озодхоҳӣ ва инқилобии Бухоро иштироки фаъолона дошта аз аввалин касонест, ки дар мактаби ғайрирасми типи нав дарс медиҳад. Соли 1917 дар рӯзи ҳуҷуми иртичоиёни амир Садриддин Айнӣ дастгир шуда, 75 зарби дарра ҷазо мегирад ва сипас ба обхонаи арк партофта мешавад. Ӯро аскарони револютсионии рус озод мекунанд ва 3- июни соли 1917 вай ба Самар
қанд  меояд.

Садриддин Айни ба эчоди асархои илми хануз дар ибтидои асри XX шуруъ карда буд. Аввалин асархои илмии устод китобхои дарси буданд, ки барои мактабхои навтаъсис иншо гардидаанд. Яке аз онхо «Тахзибуссибён» аст, ки устод аз нигохи нав барои толибилмони хурдсол онро иншо кард. Дар китоб дар баробари додани коидахои забон хикояхои хурди пандомез, ки бештари онхо эчоди худи муаллиф буданд, дохил гардидаанд. Пас аз Инкилоби Октябр як гурух донишмандоне пайдо шуданд, ки мавчудияти миллати точик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба мукобили ин чараёни носолими пантуркизм бархоста, китоби «Намунаи адабиёти точик»- ро соли 1926 иншо намуд. Устод дар ин асар исбот кард, ки точикон мардуми тахчоии хамин сарзамин (Мовароуннахру Хуросон) буда, забону фарханг ва адабиёти кадима доранд. Устод дар асар намунахои зиёде аз эчодиёти адибони пешин ва хамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароги илму адабро кайхо дар ин сарзамин устод Рудаки, Кисоии Марвази, Абухафси Сугди ва дигар адибон фурузон карда буданд. Ба хамин тарик, дар асоси факту далелхои эътимодбахш таърихи кухан, фархангу адабиёти гани доштани точиконро собит менамояд. Ахамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои мухаккикони оянда дар омузиши таърихи адабиёти точик маслихатхои муфид медихад, ки имруз хам «Намунаи адабиёти точик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар рухияи худшиноси ва ифтихори милли тарбият менамояд. Пас аз ин устод Айни дар бораи симохои барчастаи фарханги ва адабии точик ба навиштани асархои илмию тадкикоти мепардозад Соли 1934 асари пурарзиши худ дар бораи Фирдавси ва «Шохнома»- и уро ба анчом мерасонад. Хамин тавр, пайдархам асархои «Шайхураис Абуалии Сино», «Шайх Муслихиддин Саъди Шерози», «Устод Рудаки», «Камоли Хучанди», «Алишер Навои», «Зайниддин Махмуди Восифи» ва амсоли инхоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асархои хеш бисёр масъалахои бахсталаб ва халнашудаи хаёту эчодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурхонхои котеъ хал менамояд. Чунончи, солхои тулони доир ба бисёр масъалахои мубрами хаёту фаъолияти эчодии Абулкосим Фирдавси, чи дар байни муаллифон сарчашмахо ва чи дар байни шаркшиносони шуравиву хоричи фикру мулохизахои мухталиф мавчуд буданд. Аксарияти онхо ривоятхои афсонавиро хамчун факту далелхои эътимодбахш кабул намуда, ба галатхо рох дода буданд. Аз ин чихат хизмати устод Айни, пеш аз хама, дар он аст, ки ба тадкики хаёту фаъолияти Фирдавси ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва рохи ояндаи омузиши мухаккиконро муйян намуд. Ба хамин тарик, устод муддати тулони ранч кашида, аз нахли кухан боги зебое орост, ки имруз пажухишгарон аз буи гулхои муаттараш бахра мегиранд, асархои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тарики зайл баён кардааст:

Ин бог зи нахли кухан оростаам,
В-он нахл ба теги хона пиростаам.

Сайронгахе зиёда кардам ба шумо,
Харчанд зи умри худ басе костаам.
Асосан устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айни эчод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоири ворид гардид. Таърихи эчоди шеъри мазкур хам ачиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири бахору зебоихои он ва ситоиши Гули сурх дар банди охири он аз муфлиси, нодорами ва кашшокии хеш дарду аламашро изхор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як мархаме медоштам,
Шиквахо мекардам аз гам хамдаме медоштам
Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам чудо
Гар ба каф чун ахли олам дирхаме медоштам
Устод Айни пас аз Инкилоби Октябр рохбару сарвари адибони точик гашт ва худ ашъори рангин иншо кард. Аммо дар тули солхо мазмуну мундаричаи идеявии ашъори адиб комилан тагйир ёфт. Акнун ба мавзуъхои талаботи руз даст зада, дар бораи инкилобу озодии мардуми захматкаш сухан меронад. Шеърхои «Марши хуррият», «Ба шарафи инкилоби октябр», «Якуми май» ва гайрахо эчод намуд. Инчунин дар ашъораш мавзуъхои байналмилаллии дустиву рафокати мехнаткашони дуне мехнати софдилонаи мардуми точик мавкеи асоси дошт. Соли 1923 дар Тошканд мачмуаи ашъори устод бо номи дар «Ахтари Инкилоб» аз чоп баромад. Вале устод Айни эхсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба душ дорад. Дар адабиёт образхои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша гуфстариши ходисаю вокеоти руз танги мекард. Ба ин маъни устод чунин ибрози назар кардааст:

Айни, ба як газал натавон арзи хол кард
Бояд ба инкилоб навишт китоби сурх.
Баъдтар асархои устод Айни пайдархам ба табъ расида, дастраси хонандагон мегарданд.Устод соли 1927- 1929 романи «Дохунда»-ро навишта ба охир мерасонад. Романи «Гуломон»- ро низ дар байни солхои 1932 – 1935 навишта онро ба забони узбеки бармегардонад. Ва онхо дар солхо 1934 ва 1935 чоп шуда дастраси хонандагон мегарданд. Устод байни солхои 1936- 1940 повести «Марги судхур», «Ятим» , «Лугати нимтафсили забони адабии точик» «Шомили 15 хазор калима хаст», «Мактаби кухна» ва боз бисёр асархои дигарро офарид. Садриддин Айни дар давраи ЧБВ бештар асархои публисисти иншо кард. «Чингизи асри XX», «Деви хафтсар», «Хари бедум», «Шероз», «Талвосаи чонкании дарандаи захмдор», «Модар- Ватан» ва гайра, ки дар мачаллаю рузномахои давр ба табъ расида буданд, рухияи ватандусти ва дустии байни халкхоро таквият мебахшиданд. Чавононро алайхи душман – фашизм ба мубориза мехезониданд. Повести «Ятим» ба яке аз мавзуъхои мухими руз- ватандусти, садокат нисбати Ватан бахшида шудааст. Устод дар асари худ рузгори дардомези як чавони камбагал – Шоди Мурод (Ятим)-ро ба калам додаст. Яке аз асархои барчастаи устод, ки солхои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштхо» мебошад. У пеш аз маргаш тавонист, ки ин шохасарашро ба анчом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лаурети мукофоти давлати гардид. «Ёддоштхо» аз чахор чилд иборат буда , рузнигори якдавраи томи халки точикро фаро гирифтааст, ки кахрамони асосии асар худи устод мебошад. Ходисаю вокеахои солхои 80 то галабаи инкилоби, ки устод Айни яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд бисёр чозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти точик хамчун асари ёддошти ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштхо» бисёр кисса, новелла, хикоя ва повестхои алохида ворид гаштанд. Аз ин ру «Ёддоштхо» -ро метавон хамчун мачмуи осори насрии солхои охири устод ба калам дод. Хамин тавр, устод Айни асосан аз «Бадоеулвакоеъ» -и Восифи илхом гирифта, эчодкорона аз он истифода бурда, шохасари бузург «Ёддоштхо»-ро офарид, ки он ба аксарияти забонхои дуне тарчума шудааст. Осори бузурги Садриддин Айни, ки саросар зиндагиро вакфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар чахони маърифат тофт, ки харгиз фуру нахохад нишаст, дар миён хаст ва хохад буд ва човидон хохад монд. Имрузхо дар хама чо номи Айниро вомехурем. Дар худи шахри Душанбе мучассамаи у гузошта шудааст, ба номи у театри опера ва балет инчунин кучаю хиёбон ва бог гузошта шудааст. Дар вилояти Сугд ба номи у нохия гузошта шудааст, ки як вактхо худи у дар он чо зиндаги карда буд. Дар Кулоб низ уро хама медонад ва мехнаташро кадр мекунанд. Яке аз калонтарин китобхонаи ш. Кулоб ва инчунин хиёбон ва куча низ ба номи Айни гузошта шудааст. Мо хеч гох кахрамони Точикистон С. Айниро фаромуш намекунем ва нахохем кард. Устод Айни таърихдон, забоншинос, лугатдон, мурабби ва омузгор, марди пуркору мехнатдуст буд. Хар гох, ки шахс бо мухаббат ба чини пешонии устод назар андозад, ба хотираш мавчхои дарёхои бузург ва рудхои шух меоянд. Он мавчхо хам васеъ, хам амик, хам мусаффо менамоянд. Он мавчхо аз мехнати чандинсолаи ин адиби бузург шаходат медихад. Аз ин ру, асархои эчодкардаи устод оинаи дили халки мо шудаанд. Онхо орзу, умед ва муборизахои халки моро инъикос мекунанд.

Хазорон хамчу булбул дар бахоре мешавад пайдо,
Навосанче чу ту дар рузгоре кай шавад пайдо?

Бузургӣ ва қувваи эҷодиёти С.Айнӣ

Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Айни аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғани гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи у сахт вобаста аст. Барои Айни ҳамчун барои тамоми сухансароён хақиқати воқеи сарчашмаи асосии эҷоди буд. Ба фарроши чашмгуруснаи дирузаи мадраса, ки бо як бурида нон қаноат карда, дониш андухтааст, моҳияти тағиротхои зиндаги на якбора равшан гардидааст. Роҳи Айни бо суи комёбиҳои адабиёт аз зиндони амири Бухоро мегузарад. Нависанда ба гузаштаи таърихи халқи хеш ру меорад, то аз қуллаҳои музаффариятҳо дигаргуниҳои бузургро равшантар бубинад. Дар солҳои гуногун паси ҳам асарҳои ӯ, ки бо ҳаёти воқеи сахт алоқаманд буданд, хонандагони бешумореро пайдо намудаанд. Аввалин асархои илмии устод китобхои дарси буданд, ки барои мактабхои навтаъсис иншо гардиданд. Повесту романхои нависанда: Чаллодони Бухоро, Одина, Ятим, Дохунда, Гуломон, Ёддоштхо, Ахтари Инкилоб, Тахзибуссибён аз ҳаёти халқи азиятдида нақл мекунанд.
Нахустин шеъри инкилобие, ки дар он барномаи сиёсию ичтимоии С. Айни эълон гардидааст, ин « Марсия» - и уст. Ин асар ба муносибати фочиаи кушта шудани бародараш Сирочиддин бахшида шуда буд:

Дустон! Фочиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фочиа рух аз тану нур аз басарам.
Чигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Чигарам, во чигарам, во чигарам, во чигарам!

Хохам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хохам, он махкамаи чабр мазористон бод!
Хохам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сиях яксон бод!
Хохам он муфтию он козию он шоху вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон галтон бод!
Шеърхои ба мактабу илмчуи бахшидаи Айни бо забони соддаю воситахои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяхои маорифпарварии у дар шеърхои Замзамаи дабистон, Суруди мактаб, Сахаргохон ва гайра боварибахш ва самимона эчод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

Биёед эй рафикон дарс хонем,
Ба бекорию нодони намонем,
Ба олам хар касе бекор гардад,
Ба чашми ахли олам хор гардад.
Нахустин асари калони насрии Айни повести «Чаллодони Бухоро» дар соли 1920 эчод шудааст. Дар ин асар нависанда як катор эпизодхо, рафтору кирдори пурдахшати амир, вахшоният, фитнагари ва маккории амалдорони уро дар хикоя ва сухбатхои байниякдигарии персонажхои гуногун кушодааст. Повести «Одина», « Гуломон», « Дохунда» дар таърихи адабиёти советии точик хамчун эпопеяи (чангномаи) сегона таълиф шудааст. Устод Айни, ки бештар ба мавзуъхои таърихи мурочиат мекард, орзу дошт дар асари мустакиле ба мавзуи вокеахои замони баъди революция хам ру орад. Бо ин максад у повести « Ятим»-ро (1940) ба 10-солагии Республикаи Советии Социалистии Точикистон бахшида буд. Мавзуи асар аз вокеахои солхои аввали баъди Революцияи Халкии Бухоро шуруъ мешавад: табакаи доро бо сохти нави Шурави созиш накарда, на факат худ бо молу давлаташ ба хорича хичрат мекард, инчунин зердастону хизматгоронашро бо фиребу найранг ба рохи галат андохта низ бо худ мебурд

Мақолаҳо

Садриддин Айни, ки ба махорати зиндагидони ва хакикатнигории Ахмади Дониш бахои баланд додааст, дар хусуси образи ин баккол дар “Ёддоштхо”-яш чунин навиштааст: Ин тасвири Ахмад махдум ба ман он чунон таъсир кард, ки бакколи мазкур аз назарам хеч дур намерафт ва ман хостам дар зиндаги монанди он бакколеро ёфта тамошо кунам. Бакколонеро, ки дар раставу бозор дар ду тарафи куча дар дуконхошон нишаста молхошонро мефурухтанд, дуру дароз истода тамошо кардан барои ман мумкин набуд… Охир дар ру ба руи гушаи гарбии сахни мадрасаи Кукалтош бакколеро ёфтам, ки аз чихати киёфаи зохири хам ба бакколи Ахмади Дониш монанди дошт… Ман хар руз соатхо дар гуши сахн нишаста кору кирдори он бакколро дар зери назари диккат мегирифтам ва хама кори уро мувофики кирдори бакколи Ахмад махмуд меёфтам ва дар ин хол ба назари зиндагибин ва ба калами хакикатнигори муаллифи «Наводирулвакоеъ» тахсин бар тахсинам меафзуд. Дар бораи таъсири Ахмади Дониш дар рохи тараккиёти минбаъдаи адабиёти точик ва махсусан насри бадеии он С. Айни чунин гуфтааст: «Дар хамон вактхо ( яъне дар вакти барои аввал хондани «Наводирулвакоеъ» дар солхои 1897 - 98) ман орзу мекардам, ки «бояд кас насрнавис шавад ва агар ин максад ба даст дарояд, монанди Ахмад махдум насрнавис шавад, ки вокеахоро дар пеши хонанда бо забони содда мучассам кунонда нишон дода тавонад… Фикри содданависи хам дар ман баъд аз шинос шуданам бо «Наводирулвакоеъ» пайдо шуд, чунки забони ин китоб ба хонандагони замони хозира хеле душвор намояд хам (ва дар хакикат хеле душвор хам хаст), дар он замонхо, ки ман ба ин китоб ошно шудам, нисбат ба дигар китобхо ва аз он чизхо, ки иншонависони хамон замон менавиштанд, хеле осон буд»

Tajik Wikipedia - Википедиаи Тоҷикӣ

...Дар он бемористон Садриддин Айниро панҷоҳу ду рӯз табобат карданд ва дар натиҷаи бисту панҷ амали ҷарроҳӣ, ба амри Худованд аз марги беамон раҳоӣ ёфт...
«Рўзномаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё» дар бораи Садриддин Айнӣ чунин сатрҳои самимонаи ҷонгудоз нигоштааст:
«Бародари мўҳтарамам Садриддинхоҷаи Ғждувонии Айнӣ тахаллусро, ки назман ва насран аввал Амирхонд ва сонӣ Саъдии Шерозӣ ва дар ҳадди зоташ ранҷур ва касалманд буд, аз мадрасаи Кўкалтош ба ҳоли аҷибе оварда, ба дарвозаи Арки Бухоро бераҳмона ва бешармона амиру вазир ба иқтизои аҳли балво ҳафтоду панҷ чўб таъзир карданд ва ба яке аз маҳбасҳои он ҷо, ки «обхона» меномиданд, ба ҳамон ҳол андохтанд».
Чунон ки дар китоби тозапайдои устод Садриддин Айнӣ «Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро ё таърихи савтия ва Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» омадааст, муаллифи маҷрўҳ ва соири зиндониёнро асокири рус аз маҳбаси ба қавли муаллиф (Айнӣ), «Канахона» дар нўҳуми апрели 1917 озод ва раҳо карда, ба бемористони шаҳри Когон Бухорои Нав барои табобат ва раҳоӣ аз марги беамон овардаанд. Яке аз дўстони Садриддин Айнӣ Мирзо Назрулло, ки дар он замони пурошўб аз равшанфикрони миллат буд ва низ ба ҳамон ҷазои сахти аморат, яъне ҳафтоду панҷ тозиёнаи ваҳшиёна таъзир шуда буд, дар бемористони шаҳри Когон дидагонашро барбаст ва ин ҷаҳони нопойдорро падруд гуфт. Дар он бемористон Садриддин Айниро панҷоҳу ду руз табобат карданд ва дар натиҷаи бисту панҷ амали ҷарроҳӣ, ба амри Худованд аз марги беамон раҳоӣ ёфт.
Устод Садриддин Айнӣ гуфтааст, ки дар шаҳри Когон, дар хастахона (бемористон), ваќте ки вазъам бисёр бад буд ва беҳолу барҷомонда будам, байти зер вирди забонам буд ва қалбу вуҷудамро озод намегузошт:
Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,
Ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад.
Бояд гуфт, ки он ғами нозпарвари устод ҳамоно ғаму андўҳи миллат, ҷабру ситам бар фарҳанги тоҷикон буд.
Камолиддин Садриддинзода Айнӣ
Бист гуфтор аз маънавият
Душанбе, Нашриёти «Адиб», с. 2004

Ёд дорам, — мегӯяд шодравон адабиётшинос Турақул Зеҳнӣ, — ки саҳни Регистон моломоли одам буд. Ман ҳам тамошо доштам. Як вақт садои ғул-ғул баланд шуд, ки мегуфтанд: «Айниро оварданд, Айниро оварданд!». Айниро оварда ба пушти як нафар шахсе, ки чун Деви Ғул истода буд, гузоштанд. Аз ду даст ва китфаш маҳкам медоштанд. Як банд чўби зарангро оварда, ба наздаш гузоштанд. Агар чўбе шиканад, дигарашро ба кор бурданӣ буданд. Фармондеҳи он девсиратон фармони «Як, ду»-ро медод. Чўбдорон бо чўби якунимметрӣ ба тахтапушти бараҳнаи устод мезаданд. Бадани ў аввал сурх шуд, баъд нилӣ гардид ва сипас дар зери зарбаи чўб парчаҳои гўшти бадани устод ба ҳар тараф пош хўрдан гирифтанд. Баъзе ҷоҳилони ҳайвонтабиат барои он ки садоқати хешро ба амир нишон диҳанд, бо дасту мушти худ Айниро мезаданд. Аммо дар ҳангомаи хунин одамоне низ буданд, ки дарун-дарун сўхта, дуд аз димоғ бароварда, чакраҳои хуни ҷигар аз дидаҳо шашқатор мерехтанд.

Айниро пас аз зарби ҷонгудози 75 чўб дар ҳолати мадҳушӣ ба зиндон андохтанд. Фардои он рўз, яъне 8-уми апрели соли 1917 сарбозони рус аз Когон ба Бухоро ворид гардида, зиндониён, аз он ҷумла устод Айниро озод карданд».




Акси 1-ум: Бадани устод Айнӣ пас  аз зарби  75 чўб
Акси 2-ум: Устод Айни дар беморхонаи шаҳри Когон. Соли 1917
Аксҳо аз китоби:
Юсуф Акобиров и Шавкат Харисов САДРИДДИН АЙНИ
Москва. Молодая гвардия. 1968



 Хонандае аз Канада дар бораи китобҳои устод Айнӣ

Друзья, хочу рассказать вам , какое интересное событие со мной произошло. Когда мне было 9 лет, у меня была книга, которая произвела на меня сильнейшее впечатление. С переездом в другой город, книга потерялась и имя автора с годами забылось, но саму книгу я помнил всегда. Я все эти годы пытался вспомнить имя автора, искал среди советских писателей Узбекистана, так как многие рассказы описывали эту страну, но всё безуспешно. Я теперь живу в Канаде и как-то недавно, снова думая об этой книге, вообще сердце почти до слёз защемило..., что неужели я никогда в жизни не смогу снова прочитать её. ... И тут!!!! В этот же день! Вообще случайно прочитал комментарий на Ютюбе и вижу имя: САДРИДДИН АЙНИ! !!! Меня как молния ударила! Я сразу всё вспомнил из далёкого детства! Не знаю как это возможно, но тут просто какая-то мистика или чудо! Я нашёл в интернете полное собрание его сочинений и вот жду ,когда из Москвы прилетят эти драгоценные книги!

SOCIOPAT 1-01-2017



 Как-то на одном литературном вечере в малом зале Союза писателей старый учитель из джамоата Гулистон района Рудаки Солех Бобизода рассказал следующее:

«В те далёкие годы я учился в Душанбинском пединституте и с одним однокурсником снимал квартиру невдалеке от дома, где жил Садриддин Айни, недавно избранный президентом Академии наук Таджикистана. Мы иногда видели, как старый писатель выходит за калитку подышать свежим воздухом и сидит на стульчике, опершись на посох. В один из таких дней мы проходили мимо дома устода, почтительно поздоровались и хотели идти дальше. Устод поманил нас. Когда мы приблизились, он тихим голосом сказал:

- Мой осёл мучается от жажды, однако поведать об этом бедняга не может. Во дворе есть вёдра и коромысло. Если вы принесёте из речки воды, наполните корыто и поставите возле осла, то сделаете благое дело.

Мы охотно выполнили просьбу устода. Он поблагодарил нас и стал расспрашивать, кто мы, откуда.

Когда он узнал, что родом я из махалли, расположенной рядом с гробницей Мавлоно Якуби Чархи, слегка задумался.

- Вы знаете, - сказал устод, - что Мавлоно был не только крупным богословом и одним из самых образованнейших людей своей эпохи, но и видным представителем суфийской школы накшбандия, девизом членов которой было: «Сердце - с богом, рука - в труде»? Это значит, что все люди, в том числе и духовенство, должны добывать хлеб насущный своим честным трудом. К Мавлоно для поклонения приезжал сам Абдурахман Джами. Я бы тоже хотел посетить гробницу святого. Вы можете в такой-то день проводить меня туда?

Я согласно кивнул головой и в назначенное время пришёл к устоду. Он верхом на осле, а я пешком отправились в путь. За устодом была закреплена служебная машина, но он почему-то предпочёл ехать на осле. Когда мы прибыли, устод вначале посетил гробницу, затем долго сидел в тени огромных вековых чинар, о чём-то думал и только затем пустился обратно».

ИА "Азия Плюс".Автор: писатель, Мансур Самими 



Мактуби устод Айнӣ ба писараш   Камол Айнӣ
 
Нуричашмӣ Камол!
Мактуби 12 морт навиштаат расид. Баробари мактуб бондурул (бандерол, яъне баста) ҳам расид, ки (дар он) “Алмӯъҷам”, девони Носири Хусрав бо “Сафарнома” ва асари устод Бертелс буд. Эҳтимол, ту таърихи термини “форс-тоҷик» ва “тоҷик-форс”-ро надонӣ. Вақте ки ман “Намунаи адабиёт”-ро навишта баровардам, ҳама шарқшиносҳо ба ман муқобил баромаданд ва онҳо забони адабӣ доштани халқи тоҷикро инкор карданд ва ҳама гузаштагони моро, ҳарчанд дар Мовароуннаҳр расида бошанд, ба манупулиёи (монополияи ё инҳисори) Эрон додан хостанд. Ин, аз як тараф, ба ҳақиқати таърих мухолиф бошад, аз тарафи дигар, ба сиёсат мухолиф буд, чунки дар ҳамон вақтҳо тақсими ҳудуди миллатҳои Осиёи Миёна шуда, тоҷикон ҳам ба сифати як миллати мустақил шинохта шуда буданд. Аз ин хатои шарқшиносон понтуркистҳо истифода бурда, будани тоҷикҳоро дар Осиёи Миёна инкор карданд ва “Тоҷикон ӯзбаконеанд, ки бо таъсири эрониён забони худро гум карданд” гуфтанд.
Ин ҷанҷол то солҳои 1928-1930 рӯз то рӯз шиддат карда давом намуд. Дар соли 1929 дар Тошканд кунфуронси ба алифбои лотинӣ гузаштани тоҷикон барпо шуд. Як қисмати шарқшиносон гуфтанд, ки: “Тоҷикон ҳастанд, аммо забони адабӣ надоранд. Ин забони адабие, ки дар вай шоирони гузашта ва ҳозираи Осиёи Миёна шеър мегӯянд, аз они Эрон аст. Бояд дар асоси забони кӯчагӣ барои тоҷикон забони адабӣ аз нав сохта шавад”. Дар он вақт бисёр шӯрида мунозира кардем, аммо онҳо аз қавли худ нагаштанд.
Баъд аз он дар соли 1930 дар Самарқанд кунфуронс шуд, аммо дар пешгоҳи золи маҷлис бо хати ҷалии (равшани) настаълиқ “Тоҷикон забони адабии ҳазорсола доранд ва то имрӯз давом намуда омада, баъд аз ин ҳам ба сифати забони адабии саветии тоҷик давом хоҳанд кард” навишта мондем.
Ин масъала дар ин маҷлис ҳам ҳал нашуд, яъне мухолифон даъвои маро қабул накарданд. Баъд аз он, дар ҳамон сол дар Истолинобод кунфуронсе барпо шуд. Дар он ҷо ман бо пруфисур Андриюф даст ба гиребон шуда ҷанг кардам (дар ин ҷанҷолҳо лидир танҳо ман будам ва баъзе касон фақат ба хотирхоҳии ман ба ман ёрӣ медоданд).
Баъд аз ин мунозираҳо шарқшиносон, аз ҷумла Бертелс ва Булдируф, розӣ шуданд, ки адабиёти тоҷикро аз асри 15-16-уми мелодӣ ин ҷониб дар ҳудуди Мовароуннаҳр қабул намоянд. Аммо шоирони гузаштаро тамоман ба Эрон додан хостанд.
Мо ба ин суханҳои бемантиқ гӯш накарда кори худро давом додем: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Буалӣ Сино, Ҳофиз ва дигаронро азони худ гуфта навишта баромадан гирифтем. Ман дар охири муқаддимаи Саъдӣ (Китоби “Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ”) исбот кардам, ки Саъдӣ худашро тоҷик гуфтааст. Аммо маҳз ба хотири оммаи шарқшиносон ман шоиронеро, ки дар Эрон ва Хуросон рӯйидаанд, “шоири форс-тоҷик” гуфта унвон додам...
Ҳоло ҳамин қадар бас аст. Ба ҳама салом расон.
Айнӣ
Ман аз китоби Брогинский якеро ба номи ту ва дигареро ба номи Холида навишта будам. Дар бастани бондурул Лутфия саҳв карда чаппа бастааст.
Бо саломи падарона Айнӣ.
13. 3. 1349.




ЛОҲУТӢ ДАР БОРАИ САДРИДДИН АЙНӢ

Ман бо ин ном аз дере ошно будам. Тасаввури ин исм бафаврият як шахсро ба назари ман меовард, ки оғози ҷавонӣ дар як муҳити зулму ҷавр дар роҳи озодии халқ хидмат карда, зидди истибдод ҷасурона мубориза намуда, бародари фозили худро шаҳид дода. Он вақт ҳайкали мубораки вай дар пеши чашм ҷилвагар мешуд: бемор, низор, занҷир дар гардан ва кунда бар по, дар зери тозиёнаву чӯби фаррошони амири Бухоро
аз гардан то камар гӯшти пушташ рехта, ба тавре ки ҳамаи устухонҳояш намоён аст.
Рӯзгор бар ин тарзи шиносоии нодида гузашт. Як тасодуфи дигар шавқу ҳаваси маро дар дидани ин бузургвор зиёд кард, орзуи маро барои зиёраташ оташинтар намуд; дидани осори адабии ӯ. Пас аз хондани осори адабии Айнӣ ба он ширинӣ аз
хотирам гузашт, ки амири Бухоро на танҳо золиму мустабид, балки бисёр гӯсолаву безавқ ҳам буда.
Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили муҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт. Он ҳамин «Намунаи адабиёти тоҷик» буд.
Садамоти дунё, занҷирҳо, зиндонҳо, чӯбҳову шиканҷаҳо устодро пиру мунҳанӣ кардаву чашмонашро беқувват намуда. Бо вуҷуди ин як сол буд, ба ҷамъу тартиби «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохта буд. Он рӯзҳо китоб ба поён расидаву машғули покнависи он буданд. Ман онро мухтасаран мурур кардам. Чунон ки худи устод шарҳ дода, ба сабабҳои бисёре ин китоб бе ҳеч гуна танқиду таҳлиле навишта шудааст. Аммо барои танқиду таҳлили нависандагони ояндаи тоҷик ғанитару ҷомиътарини манбаъҳои адабиёти тоҷикист.
Ба фикри ман «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон аст. Устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳо, ки дар ба дару кӯча ба кӯча рафта, то онро ёфтаву ба даст оварда ва дар натиҷа заминаи ҳозире барои танқиду таҳлилоти адабии тоҷикон омода намуда.
Адабиёти имрӯзаи тоҷикон чун гулистонест, ки солҳои дароз посбонӣ надидаву обёрӣ нашуда ва муҳтоҷи ороишу пироиши бисёрест. Ман яқин дорам, ки устоди муҳтарам дар миёни ҷавонони наврасу самимии тоҷик тӯдаҳои адабӣ ташкил додаву барои тавҳиди усули адабии забони форсӣ пояҳои муҳкаме устувор хоҳанд кард.
Асосан Осиёи Миёна ҳамеша яке аз марказҳои муҳимми адабиёти форсӣ буда. Балки пас аз нобуд шудани адабиёти ин замон ба воситаи ҳуҷуми араб ва сӯзондани осору китобҳои форсӣ, Осиёи Миёна қадимтарин манбаъ ва сарчашмаи адабиёти форсист.
Он рӯз дар зери зулму фишори араб рӯдакиҳо дар Осиёи Миёна паҳлавонӣ кардаву адабиёти мурдаро зинда намуданд.
Муқтазиёти ин давра, давраи адолати Шӯравӣ ва озодии милал аз устодони адаб ва нависандагони маъруфи форсӣ: фитратҳо, мунзимҳо, зеҳниҳо ва айниҳову амсоли онон барои тараққӣ додани адабиёт ин забони таърихӣ беш аз инҳо талаб мекунад.

ЛОҲУТӢ. Майи 1926. Маскав
Забони адабии тоҷикӣ زبان تاجیکی



Фозили муҳтарам, рафиқ Лоҳутӣ!

… Аз рӯйи гуфтаи Камол (Айнӣ), дар байни Шумо ва баъзе эрониён бар болои калимаи «ҷангара» мубоҳаса рӯй додааст. Онҳо гӯё ба Шумо эътироз мекардаанд, ки калимаи мазкур сирф калимаи тоҷикист, ба забони форсӣ – Эрон ҳеч алоқае надорад.
Фақир ин гуна эътирози ишонро шунида тааҷҷуб кардам. Ҳарчанд дар «Шоҳнома» ва дар дигар ашъори шоирон ва устодони форсизабон диданам ин калимаро дар ёдам нест, аммо бо далелҳои раднопазир исбот карда метавонам, ки ин калима моли холиси умуми форсизабонон аст.
Далели ман ба тарзи зерин аст: ҷойи инкор нест, ки калимаи «ҷанг», ки решаи калимаи мазкур аст, аз рӯзи баромадани форсии ҷадид то имрӯз ҳам дар Эрон ва ҳам дар Тӯрон кор фармуда шуда омадааст. Инчуни муштақоти калима масалан «ҷанговар», ки исми сифатии мусбати ин калима аст, инчунин «ҷанггоҳ», ки исми макон аст ва инчунин «ҷангҷӯй», ки исми сифатии манфии ин калима аст, умумианд.
Акнун мо калимаи «ҷангара»-ро таҳлил карда мебинем: «ҷанггар» монанди «коргар» исми сифатии уммии ин калима аст, ки тамоман ба қоидаи забони форсӣ мувофиқ аст ва ҳар касеро (ки) ҷанг мекунад, «ҷанггар» гуфтан мумкин аст.
Қоидаи дигаре дар забони форсӣ ҳаст, ки мувофиқи он ҳар гоҳ исм ё сифати умумиро ба як чиз ё ба ягон гурӯҳ махсус кардан хоҳанд, дар охири он калима часпаки «а» ё «ак»-ро мечаспонанд. Чунончи «девор», ки маънии маълум дорад, вақте ки вайро ба иҳотаи даруни чоҳ ё ба давродаври кӯҳ махсус кардан хостанд, «девора» гуфтанд, ки мо ҳеч гоҳ аз ин калима маънии «девор»-и маълумро намефаҳмем ё ин ки калимаи «оташгир» ба ҳар чизу ба ҳар касе, ки қобилияти оташро гирифтан дошта бошад, содиқ меояд. вақте хостанд ин калимаро ба олати оҳанин маълуми оташбардор махсус кунанд, бо иловаи «ак» «оташгирак» гуфтаанд. Инчунин калимаи тар ба ҳар чизе ки тарӣ, обият дошта бошад, рост меояд. Вақте ки мардум хостанд ин калимаро ба сабзавоти махсус хос кунанд, «тара» гуфтанд.
Монанди ин калимаи «ҷангара», «ҷангар», ки маънии умумии «ҷангкунанда» дошт, хостанд ба касе, ки бебоис ё бо сабабҳои сохта бо одамон ҷанг мекунад ва ҳамеша барои ҷанг сабабҳо омода менамояд, хос гардонанд, ба охири ин калима часпаки «а» илова намуда «ҷанггара» - «ҷанг-гара» гуфтанд.
Мувофиқи қоидаи дигар забони форсӣ, ки ҳар гоҳ дар калимаҳои мураккаб ду ҳарф аз як ҷинс ё ду ҳарфи қарибалмахраҷ дар як ҷо оянд, яке аз онҳоро ҳазф мекунанд, чунончи сафедор ба маънои дарахти маълум, ки дар асл «сафеддор» буд ё ин ки «ягона», ки дар асл «як-гона» буд (яке аз ҳарфҳои «г»-ро ҳазф карда «ҷангара» гуфтанд ва аз ин калима маънии ҷангкунандаи манфӣ – бадро ифода намуданд) тоҷикон ин калимаро чунон ки ба одами ҷангҷӯй ба маънои манфияш кор мефармуданд, инчунин ба хурӯс, ба тагал (қӯч) ва монанди ин гуна парандагон ва ҳайвонот ҳам, ки зиёда ҷангдӯст бошанд, кор мефармоянд.
Дар ҳар ҳол ин гуна калимаро, ки ҳеч набошад ҳамаи муштақоташ дар адабиёт ва гуфтугузори ҳамаи форсизабонон кор фармуда мешавад ва сохташ тамоман мувофиқи қоидаи форсист, аз оилаи забони форсӣ бароварда партофтан – дониста ё надониста забони худро танг кардан аст.
Ман дар тааҷҷуб мондам, ки Шумо то ҳол китобчаи «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ» навиштаи маро надидаед. Ман дар охири ин китобча як қисм луғатҳоеро, ки баъзе эрониён махсуси тоҷикӣ медонанд, аз «Шоҳнома» ёфта дарҷ кардаам, ки аз назар гузаронданаш бефоида нест…

Бо салом ва эҳтиром
Айнӣ Самарқанд, 21 июли 1946


Порча аз номаи саркушодаи устод Айнӣ ба нависанда Пӯлод Толис

“Дар ин ҷо... як роҳи инкишофи забони адабиро ҳам қайд кардан мехоҳам. Ин кор фармудани луғатҳои маҳаллӣ аст. Ба фаҳми ман, дар кор фармудани луғатҳои маҳалӣ бисёр эҳтиёт кардан, аммо чизҳои нағзи онро аз назар нагурезондан лозим аст. Дар лаҳҷаҳои маҳаллӣ монанди “иби”-и (нидое, ки дар мавриди тааҷҷуб, тарс, шодӣ ва ғайра ба чандин оҳанг ба сухан илова мешавад) бухороиён (бухорогиён не!) калимаҳое ҳастанд, ки қобилияти умумӣ шудан надоранд ва ин гуна калимаҳоро танҳо дар порчаҳои ҳаҷвӣ кор фармудан мумкин аст. Аммо дар забонҳои маҳаллӣ баъзе калимаҳо ҳастанд, ки клосиконаанд, бо вуҷуди дар як маҳал зинда будани он гуна калимаҳо онҳо ба дараҷае клосиконаанд, ки баъзе касони бехабар онҳоро “забони қадимии мурда” мепиндоранд ва дар орхоизм медароранд. Чунончи, “гусел” дар Ленинобод, дар байни авоми бесавод кор фармуда мешавад. Аммо бухороиён дар ҷойи ин калима “узот”-ро кор мефармоянд. Вазифаи нависандагон ин гуна калимаҳоро умумӣ кардан аст” 

Один из талантливых молодых писателей Таджикистана, П. Толис, погибший трагически, оставил своеобразные воспоминания об Айни. Нет, он не работал вместе с устодом, не разговаривал запросто за чашкой чая, для Толиса Садриддин Айни явился уже в ореоле величия и славы, «один из великих» нашего времени, основоположник и корифей, гигант, который виден издалека, и Толис благоговейно склоняет перед его талантом голову.
Первая встреча Толиса с устодом — встреча с его талантом: с книгами «Старая школа», «Одина», «Дохунда», «Бухарские палачи», «Смерть ростовщика», «Ятим».
Впервые Толис увидел устода в театре драмы в Душанбе. Толис работал актером в театре: он исполнял детские роли или из-за кулис воспроизводил звуки — дробь пулемета, стук опыт, шум ветра. Он уже собирался уходить домой. Мимо него прошли народный артист СССР Мухаммаджон Косымов и невысокий стройный мужчина. Они не спеша прошли в кабинет директора. Мужчина ступал грузно. В темноте фойе Толис не узнал его. На следующий день он спросил у Косымова, кто это был.
— Садриддин Айни, — удивленно ответил артист: ему показалось странным, что кто-то еще не видел или не знает устода.
…В конце 1947 года Толис приехал делегатом на съезд писателей Таджикистана; он в то время, оставив работу в театре, перешел наборщиком в редакцию; тогда же напечатали несколько его рассказов…
Переполненный зал, в президиуме — Садриддин Айни. Он в тюбетейке, черный костюм военного покроя, борода и усы белые-белые, глаза внимательные и умные…
Иногда кто-либо из членов президиума у него что-то спрашивал, ему подавали записки, из-за кулис к нему подходили и шептали на ухо. Айни отвечал на вопросы, но не сводил глаз с выступающего, иногда даже прервав его, задавал вопрос или удовлетворенно поддерживал восклицаниями.
— Слово устоду Айни!
Айни, грузно ступая, подходит к трибуне и начинает говорить спокойно и тихо. Но скоро глаза его разгораются, он на виду у всех молодеет, юношеской энергией и задором, порой грустью, а порой и гневом звучит его речь. Говорят, что Айни никогда не мог говорить спокойно и тихо. Говорят, что устод был очень человечным и добрым, но в нем не было только одного человеческого чувства — безразличия, то есть отсутствия чувств, невнимания.
Да, конечно, человек, восстановивший в своих правах язык своего народа, пивший из этого светлого источника, знавший его как свои пять пальцев и любивший его больше жизни, не мог говорить иначе!..
Но Толису однажды посчастливилось поговорить с устодом, это было в 1948 году. Кинооператоры пригласили молодых писателей к устоду на съемки и посоветовали взять с собой книги устода.
Айни не любил фотографироваться, тем более позировать кинооператорам. Он неохотно вышел, сделал дарственную надпись на книгах. Режиссер попросил Толиса поговорить с устодом. Толис спросил:
— Характеристику героя лучше давать сразу или постепенно?
Айни оживился и стал рассказывать о героях главных и второстепенных, о художественном образе и характеристике:
— Недавно читал ваш рассказ. Вы дважды повторяете: «Он смеялся, обнажая зубы». Нельзя же так!
В июне 1954 года в Душанбе гостили писатели Кореи. В саду устода писатели Таджикистана встретились с гостями.
Во время беседы Толис посмотрел на балкон столовой: устод стоял, освещенный солнечными лучами, и внимательно, чуть грустно смотрел на собравшихся…
Через месяц устода не стало. Так и остался в памяти писателей устод Садриддин Айни, освещенный солнечными лучами, лучами добра и счастья.

АЙНИ - Ю. Акобиров, Ш. Харисов
Москва. Молодая гвардия. 1968



                    АЙНИРО ДАРСОЛИ 1937 КӢ АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД?

Устодон Айни ва Лохути
...Берия саросемавор чунин посух медиҳад; " Иосиф Висаринович, фармони қатли мулло Айниро аллакай имзо кардам". Сталин бо қаҳр амр медиҳад: " Лаврентий, не дури, берегите товарища Айни. Он не виновен!". Устод Лоҳутӣ ба қиблагоҳ гуфтааст, ки вақте ҷавоби мусбатро аз Сталин мегиранд, соат се шаб будааст...
...Дар сини 42-солагӣ инқилоби болшевикиро пазируфт, вале дар ҳаёту зиндагӣ ба истилоҳи имрӯз на "сафед" буду на "сурх". То охирин нафас дар баробари эҷодкор будан чун мусалмони комил ва домулло боқӣ монд, панҷ вақт намозашро тарк накрдааст...


-Устод, шумо дар боло ишора намудед, ки кӯшиши аввалини валангор сохтани хонаи устод Айнӣ шуда буд. Ин воқеа кай рух дод? Оё, ин марбут ба "тройка"-и сталинӣ набуд?
Бояд гуфт, ки ки то солҳои чилум ба ҳаёту зиндагии домулло Айнӣ хавфу хатар таҳдид мекард. Вазъи замона хуб набуд. Собиқ мударриси мадрасаи олии Бухорои амирӣ, домулло Айнӣ дар сатҳи поину болои ҳукумат ҳанӯз ҳам душманони худро дошт ва ана аз ҳамин ҷиҳат домулло тарсу ҳарос доштанд. Ин, албатта, марбут буд ба обрӯю мартабаи эшон дар Осиёи Марказӣ. Бинед, ки баъди солҳои сиюм домулло Айнӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ чун нависандаи тавонои ду миллат эътироф гардид. Асарҳояш бо забони русӣ чоп шуда, дар паҳнои Шӯравӣ хонандагон бо исми нависанда Садриддин Айнӣ ошно шуданд.
Дар Анҷумани якуми нависандагони Шӯравӣ домулло маърӯза карда, он ба русӣ баргардону дар чанд рӯзномаи марказӣ чоп гардид. Аз ҳама муҳим қиблагоҳ бо Максим Горкий, Алексей Фадеев ва Вячеслав Тихонов барин нависандагону шоирони барҷастаи рус ошноӣ пайдо карда, устод Айнӣ аз дидорбинӣ ва мулоқоти хоса бо Максим Горкий як ҷаҳон маънӣ мебардорад. Домулло боре, вақте ки ман факултаи шарқшиносии Ленинградро хатм карда ба хона омадам, забондонию ҷаҳонбинии маро имтиҳон карда гуфтанд: "Бачем, Камолиддин, агар соли 1934 худат тарҷумони ману устод Гуркий мешудӣ, ҳатман вай барои азобҳои кашидаам дар замони амирӣ ва 75 чӯб хӯрданам ашк мерехт".
Ман қиблагоҳоро хуб фаҳмидам, ки ба кию ба чӣ ишора мекард. Иштироки падари бузургвор дар Анҷумани якуми нависандагони Шӯравӣ барои эшон тақдирсоз буд. Ӯро рафиқ Сталин шинохт. Дар рӯзи аввали кори Анҷуман Михаил Калинин иштирок карда, табрикоти Сталинро ба Анҷуман қироат мекунад. Вай мебинад, ки дар президиум дар паҳлуи М.Горкий мӯйсафеде нишастааст. Тавассути Максим Горкий аз шахсияти устод Айнӣ ҳамчун нависандаи шӯравии тоҷик огоҳ шуда, инро ба Сталин мерасонад.
Роҳбари Шӯравӣ бори аввал номи устод Айниро шунида, мегӯяд, ки Айнӣ кист, ки ман ӯро то ҳол намешиносам ва китобашро ҳам нахондаам. Баъд аз ин бо таъкиди Сталин чопи осори устод Айнӣ ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад. Бояд ва зарур аст, ки ба мавқеи ҷамъиятии устод Айнӣ дар он солҳо баҳо дод. Дар сини 42-солагӣ инқилоби болшевикиро пазируфт, вале дар ҳаёту зиндагӣ ба истилоҳи имрӯз на "сафед" буду на "сурх". То охирин нафас дар баробари эҷодкор будан чун мусалмони комил ва домулло боқӣ монд, панҷ вақт намозашро тарк накрдааст. Асарҳое эҷод кард, ки талаботи давру замон буданд ва бовар дорам, ки бо тағйир хӯрдани системаи сиёсӣ, асарҳои устод Айнӣ ҳеҷ гоҳ мазмуну муҳтаво ва ғояашро аз даст намедиҳад.
Навиштаҳои устод Айнӣ хоҳ бадеӣ бошад ва хоҳ илмӣ инъикоси таърихи халқи тоҷик ва миллатҳои дигаре аст, ки тӯли садсолаҳо бо тоҷикон паҳлӯи ҳам зиндагӣ доштанду доранд. То миллати мо боқист номи устоди Айнӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Мушарраф шудани устод Айнӣ ба унвони хеле баланд- Қаҳрамони Тоҷикистон шаҳодати хизматҳои бузурги вай дар назди миллат аст. Суҳбати мо сари рӯзгори қиблагоҳ дар Самарқанд буд. Бале, онҳое, ки дар ин шаҳри қадими тоҷикнишин мансаби баланд доштанд, аз ҷумлаи душманони домулло Айнӣ, хостанд " тройка"-и Сталинро барои ҷисман нобудсозии эшон истифода кунанд. Яъне се "шоҳид" барои як бегуноҳ басанда буд.
Маълум, ки падари бузургвори мо солҳои бистуму сиюм дар таъсиси рӯзномаи "Бедории тоҷик" ва маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб" саҳми шоиста дошт. Мақолаҳои пуршӯраш дар саҳифаҳои ин нашрияҳо ба нашр расидаанд. Домулло Айнӣ ҳеҷ гоҳ зидди сиёсати Шӯравӣ чизе нанавишта ва нагуфта буд ва чун шахси бедору худогоҳ аз тақдири миллат ранҷҳо мекашид. Талош ба он дошт, ки миллат барои худшиносӣ саросар босавод бошад. Бинед, домулло дар таъсис додани маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб" чӣ машаққатҳое мекашад. Масъалаи таъсиси маҷалла ба ҳайси органи обкоми Самарқанд бо забони тоҷикӣ пешниҳод мешавад.
Инро қиблагоҳ хеле хуш истиқбол мегирад, аммо намедонист, ки душвориҳо ҳанӯз дар пешанд. -Чӣ душвориҳо пеш омада буд ё дар он замон домулло Айнӣ танҳо буданд? -- Домулло танҳоӣ намекашид, шарикони бовафояш, ки ҳеҷ гоҳ ба ӯ хиёнатеро раво надида буданд, дар назди қиблагоҳ ҷамъ меоянд. Душворӣ, ки мо онро имрӯз проблема мегӯем, нарасидани маблағ барои чопи маҷалла пеш меояд. Саид Ализода, ки вай ҳам шахсияти таърихӣ аст, дарёфти маблағро ба дӯш мегирад. Панҷ нафар маорифпарварони ҷафокашидаи сохти амирӣ, ба мисли Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Роҷии Самарқандӣ ва чанде дигарон ба қиблагоҳ мегӯянд, ки мо омода ҳастем ба "Шӯълаи инқилоб" ройгон хизмат кунем.
Овозаи таъсиси ин маҷалла ба шаҳрҳои Бухорою Хуҷанду Душанбе мерасад. Аз Душанбе Шириншоҳ Шоҳтемур маблағ мефиристад, бухороиён бештар аз як миллион маблағ равон мекунанд. Қиблагоҳ мегуфтанд, ки шахси хеле фарҳангию бедордил Ҳоҷибоеви хуҷандӣ (бобои шоира Фарзона) дар он замон барои нашри "Шӯълаи инқилоб" пули калоне кумак расонд. Дар Самарқанде, ки он солҳо аз нигоҳи сиёсӣ дар ихтиёри тоҷикон набуд, чопу ба нашр расондани рӯзномаю маҷалла бо забони тоҷикӣ кори саҳлу сода набуд, аз шахс қаҳрамонӣ талаб мекард.
Чанде нагзашту абри тираи "тройка" болои хонаи мо лангар партофт, гирудорҳо бо шиори " душмани халқ" сар шуданд. Ман бачаи 9-10 сола будам. Домулло Айнӣ ҳам ба қатори "душманони синфӣ" дохил шуд. Ёд дорам, дар ақиби хонаи мо навиштаҷоте бо забони ӯзбекӣ "ЙУҚ ОЛСУН ДУШМАНЛАРИ КӮЧА- ХИЁБОНИ АЙНИЙ" (нест бод душманони кӯча- хиёбони Айнӣ) пайдо шуд.Қиблагоҳ натарсиданд ва мо- аҳли оиларо дилбардорӣ карда мегуфтанд, ки ин дасисаи навбатии душманон аст.
Аммо хатар падарро таҳдид мекард ва ӯро ҳабси хонагӣ карда, мо хабар надоштем, ки аллакай ҳукми парронданашро дар Маскав Берияи хабис имзо кардааст. Дӯстону қадрдонҳои қиблагоҳ хабари ҳабси хонагии ӯро ба Душанбе, Тошканду Маскав расонданд. Хуб дар ёдам ҳаст, ки қиблагоҳ мехостанд дар ҳамон шабу рӯз ба устод Лоҳутӣ, ки дар Маскав буд, занг занад, аммо иҷозати аз хона берун рафтан надоштанд. Устод Лоҳутӣ хабар ёфт, оҷил ба номи Александр Фадеев, ки муовин ё котиби Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ буданд, мактуб навишта, китоби "Дохунда"-ро, ки нав бо забони русӣ тарҷума шуда ба нашр расида буд, ба вай мерасонад. Александр Фадеев, ки ба қиблагоҳ эҳтироми бузург дошт, аз ин хабар хеле нороҳат мешавад.
Вай бо ҳамроҳии Ставитский ва устод Лоҳутӣ ба ҳузури Молотов- раиси Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ рафта, худи Молотов қазияро хеле оҷил ба рафиқ Сталин мерасонад. Сталин ҳанӯз ҳам аз домулло Айни чизе нахонда буд ва мегӯяд, ки ин мулло, мударрис ба мо чӣ хизмате кардааст? Молотов боҷуръатона суханони Фадеевро, ки домулло Айнӣ дар анҷумани якуми нависандагони Шӯравӣ Шарқро бо Ғарб ошно сохт, шарҳу эзоҳ медиҳад. Аз ин суханон Сталин безобита шуда, тавассути телефон аз Берия пурсон мешавад, ки вай нависандаи тоҷик Айниро мешиносад.
Берия саросемавор чунин посух медиҳад; " Иосиф Висаринович, фармони қатли мулло Айниро аллакай имзо кардам". Сталин бо қаҳр амр медиҳад: " Лаврентий, не дури, берегите товарища Айни. Он не виновен!". Устод Лоҳутӣ ба қиблагоҳ гуфтааст, ки вақте ҷавоби мусбатро аз Сталин мегиранд, соат се шаб будааст. Оҷилан дар тайёра Ставитский- муовини А.Фадеев, устод Лоҳутӣ ва чанд нафар шоирону нависандагони дигар ба Тошканд парвоз мекунанд. Устод Лоҳутӣ бо кадом суориши А.Фадеев дар Тошканд чанд соате маътал мемонад. Соатҳои нуҳ ё даҳи рӯз буд. Дарвозаи хавлии моро кӯфтанд. Бо ишораи қиблагоҳ модарамон аз сӯрохии дарвоза ба берун нигарист ва омада ба қиблагоҳ гуфт, ки дар ақиби дарвоза шахсони бегонаи бекулоҳанд. Домулло Айнӣ дар он рӯзҳои шум ба мо, фарзандон таъкидан мегуфтанд, ки агар дарвозаро шахсони кулоҳи чарминдор кӯбанд, накушоед, бекулоҳ бошанд, иҷозати даромадан диҳед.
-Дар чунин вазъ ҳолати рӯҳонии домулло Айнӣ чӣ гуна буд? Дар хотиратон мондагист?
Қиблагоҳ, чун фарди мӯъмину мусалмон ба тақдири пешонӣ бовар дошт, фикр мекунам, ки тарс надошт, вале мо, ки хурдсол будем, инро дар ваҷоҳати қиблагоҳ пай бурда наметавонистем. Намояндагони ОГПУ ҳамроҳи комиссияи Маскав дохили ҳавлӣ шуданд. Қиблагоҳ фикр кард, ки кор тамом. Мо, фарзандон ба қиблагоҳ часпидем, домулло Айнӣ кафи росташро болои сари ман гузошт. То ҳол гармии дасти падарро дар фарқи сарам эҳсос мекунам.
Ман баъди гузашти ин қадар солҳо фикр мекунам, ки падар дар он лаҳзаҳо агар тарсу ҳарос медошт, он ҳарорати кафи муборакаш аз куҷо буд? Нафари Маскав худи Ставитский, ки баъдан ман шахсияташро муайян кардам ба қиблагоҳ бо русӣ гуфтанд, ки бо супориши Сталин ба ин ҷо омадаанд. Тарҷумон ҳарфҳои меҳмононро ба қиблагоҳ бо табассум тарҷума мекард, вале домулло мепиндошт, ки онҳо ӯро бо роҳи фиреб аз хона берун бурданианд.
Бинобар он аз онҳо устод Лоҳутиро пурсон шуд, ки вай дар куҷост, сиҳату саломат ҳаст ё не? Дар хотирам намондааст, ҳамин қадар дар ёд дорам, ки намояндаи Маскав бо як меҳру муҳаббат нарангушти дасташро боло бардошта "товарищ Лахути жив и здоровь" гуфта, падарро ба оғӯш кашида ва илова кард, ки "домулло, мо омадаем, ки шуморо ба Маскав, ба хонаи Иттифоқи нависандагон барем". Қиблагоҳ солҳои баъдӣ дар як суҳбаташон он рӯзҳои сиёҳи Самарқандро ба ёд оварда, ба ман гуфтанд: "Бачем, азбаски забони русиро намедонистам, фикр доштам, ки хонаи Иттифоқи нависандагон ҳабсхона ё зиндон аст". Бале, бузургон тарсу ваҳм ва даҳшатро ба тарзи худ таҳаммул менамоянд.
Рузи дигар қиблагоҳро дар як вагони махсус ба Маскав бурданд. Хонаи моро силоҳдорон муҳофизат карда, дигар шиорҳои зидди устод Айнӣ ба гӯш намерасид. Дар кӯчаю бозор моро муҳофизон муроқибат менамуданд. Вақте ки домулло Айнӣ соли 1937 дар Самарқанд ҳабси хонагӣ шуд, душманон амри вайрон кардани хонаи моро содир намуданд. Гуфтанд, ки ин бино валангор карда шуда, ба нависанда Айнӣ аз қисмати дигарӣ шаҳр барои сохтмони хона замин ҷудо мекунанд.
Бо омадани комиссияи Маскав ин нақшаҳо барбод рафт. Дили падар ба ҳавлӣ хеле месӯхт. Бо вуҷуди бошукӯҳ буданаш онро соли 1934 ҳукумати Тоҷикистон таъмир намуда, худи ҳамон сол Тоҷикистон ба домулло Айнӣ мошини хизматӣ туҳфа карда буд. Дар Маскав ба домулло Айнӣ меҳрубонӣ, қадрдонӣ ва муруввати зиёде карда мешавад. Қиблагоҳ то охири умр хизматҳои бузурги устод Лоҳутӣ ва шахси хеле далеру шуҷоъ Александр Фадеевро фаромӯш накарда буданд.
Нависанда Айниро аз Маскав ба Сочӣ интиқол дода, барояш муҳити хуби эҷодӣ муҳайё месозанд. Тирамоҳи соли 1937 устод Айнӣ бо устод Лоҳутӣ ба Самарқанд, ба хона баргашт. Бегуноҳии ӯ дар Самарқанд барқвор паҳн гашт. Устод Лоҳутӣ бо мошин қиблагоҳро давродаври шаҳр гардонд. Одамон бо сиҳату саломат дидани устод Айнӣ ашки шодӣ мерехтанд. Баъди солҳои зиёд мани хурдсол, ки акнун неку бадро каму беш фарқ мекардагӣ шудам, бори аввал дар лабони қиблагоҳам табассумро медидам. Домулло Айнӣ тамошои бозорро хеле ҳам дӯст медошт, бо мардуми одӣ ҳамсуҳбат мешуд, ҳатто аз мусоҳиб пурсон мегашт, ки аз куҷо аст, падару бобояш чӣ ном доранд ва кадом китобҳоро хондааст?
Пас аз бозгашт қиблагоҳ пазмони бозори Самарқанд шуда буд ва ду ё се рӯз бозорро давр зада, хуб тамошо кард. Дар тамошои бозор маро ҳам ҳамроҳ мебурд. Муҳофизон аз пешу ақиб моро муроқибат менамуданд. Барои домулло Айнӣ тамошои растаи нонфурӯшон ҳаловати аҷиб мебахшид. Нонфурӯшон нависандаи дӯстдоштаашонро хеле хуб мешинохтанд. Як гуфтугузори аҷиби бозор дар хотири қиблагоҳ боқӣ монда буд, ҳар гоҳе дар бораи фасоҳату зебогии лаҳҷаи тоҷикии самарқандиён баҳс сурат мегирифт, бо табассуми аҷибе ин манзараро қисса менамуд.
Он манзара ҳам ҳанӯз пеши хотири ман боқӣ мондааст. Дар растаи нонфурӯшон домулло Айнӣ қариб ҳамаи занону духтаронро хуб мешинохт ва медонист кӣ дар кадом куча зиндагӣ мекунад. Баъди қариб ним соле, ки қиблагоҳ дар бозор ташриф надошт, ҳама пазмони эшон буданд. Аз растаҳо мегузаштем, бӯйи нони гарм ба машоми қиблагоҳ расид. Домулло се- чор нонро даст-даст карда, ба машом наздик овард. Холаҳои нонфурӯш ҳис намуданд, ки домулло нон мехарад, саросемавор нонҳои худро таъриф карданд. Яке аз онҳо ду- се нони гармро болои лаълӣ бардошта, ба домулло муроҷиат карда, гуфтанд:
"Домулло, дошта бинед, аз ман гармакак" Аз ин ибора устод Айнӣ табассуми аҷибе намуда, ба ҳамроҳон маънидорона нигаристанд ва гӯё ки ин ибораҳо дар забони нонфурӯшон хеле маъмул аст, бо як меҳрубонӣ ба он хола гуфтанд: "Боракалло, духтарам, дафъаи дигар аз шумо ҳатман нон мехарем". Тамошои бозор барои устод Айнӣ як ҷаҳон ҳаловат мебахшид, ҳамчун нависанда бисёр чизҳоро аз мардуми бозор меомӯхт ва дар навиштаҳояш моҳирона истифода мекард. Пас аз воқеаҳои соли 1937, зиндагии мо дар Самарқанд боз ба маҷрои пештарааш даромад.

Бурҳон Салмонов, барои «Рӯзгор» октябри соли 2013


                                                                     ***
Мукотибаи саромадони адабиёти навини тоҷик устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ нукоти пандомӯз, таҷрибаи рӯзгори пурбаракати ин ду тан шахсияти беназири адабию фарҳангӣ, иттилооти нодири таърихию адабиро фаро гирифтааст, ки метавонад дар шинохти замону муҳити таърихию адабӣ ёрии фаровон расонад. Ҳамчунин, ба воситаи ин мактубҳо хонанда дар бораи шахсият ва осори ин адибони муҳтарам ва маъруф маълумотеро ба даст меорад, ки аз сарчашмаҳои дигар пайдо кардани он имконпазир нест. Ин номаҳо намунаи барҷастаи дӯстии холисона ва эҳтирому эътиқоди самимона ва беғараз байни меъморони кохи адабиёти навини тоҷик мебошанд. Сатр -сатри ин номаҳо саршор аз одамият, заҳматдӯстӣ, муҳаббат ба Ватану миллат ва фарҳанги миллӣ, ғамхорӣ барои ояндаи равшани илму адаби тоҷик, фидокорӣ ва беғаразию равишу маниши пок дар зиндагию кор мебошад. Мубодилаи афкори адабӣ дар ин номаҳо барои парвариши завқи адабии ҷавонон фавқулода муассир мебошад.
Интихоби маҷалла аз номаҳои мазкур аз китоби “Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ” (нашриёти “Дониш” -Душанбе, 1978. Таҳияи Хуршеда Отахонова), ки дар маҷмӯъ 60 номаро фаро мегирад, амалӣ шудааст. Тавзеҳоти зарурии маҷалла дар поварақ бо сарҳарфҳои номи маҷалла – “С.Ш.” ишора шудааст.
 «САДОИ ШАРҚ», № 12 соли 2014

МУКОТИБАИ УСТОД АЙНӢ
ВА УСТОД ЛОҲУТӢ
(Мунтахаб)
1
Москва, 4 декабри 1927
Устоди муҳтарам Айнӣ!
Намояндагони Эрон ва мудирони рӯзномаҳо ва вакилони Маҷлис, ки омада буданд, беандоза аз судмандии «Намунаи адабиёти тоҷик» хурсанд буданд ва борҳо дар хусуси ин китоб ва заҳматҳои Шумо дар тараққии адабиёти тоҷикӣ баҳс карданд.
Мегуфтанд, ки ҳама кас дар Эрон орзуи дидани ин китобро дорад. Чанд дастовез роҷеъ ба ҳамон китоб, ки яке аз онҳо (пеши худам пайдо шуд ва дигаронашро аз нашриёт) гирифтам, барои Шумо мефиристам. Гарчи вақти онҳо гузашта, аммо чун роҷеъ ба Шумо буд, барои худатон фиристодам.
Ба хидмати дӯстони муҳтарам Зеҳнӣ, Ҷабборӣ, дигар дӯстон саломи фаровон мефиристам...
Бо салом, иродат ва ихлос
Лоҳутӣ
Москва, Воровская 25-M-Л-K. ком. 6.
Лахути
2
Самарқанд, 23 ноябри 1934
Рафиқи азиз, Лоҳутии мо!
Салом! Мактуби 9 ноябр навиштаатонро 19 моҳи мазкур гирифтам. Мувофиқи хоҳиши Шумо аз романи «Ғуломон» ба китоб фармуда чордаҳ саҳифа китобат кунонидам, ки ҳамроҳи ин мактуб ба хидмат мефиристонам. Ҳоло худам дар романи «Ғуломон» кор карда истодаам. Шароити корам ба ин тариқа аст:
Ҳар шаб соати 2 баъд аз ними шаб кор cap мекунам, то соати ҳашти рӯз. Баъд чой менӯшам, ним соат, боз аз соати ҳашту ним ба кор медароям, то соати 4-уним, бе он ки чизе бихӯрам ва чое нӯшам, кор мекунам. Агар бисёр дил беҳол шавад, як-ду дона конфет мемакам. Соати 5 корро ғундошта кӯча меравам ва газета мехарам, ба ин восита пойҳоям, ки 14 соат дузону мондаанд, меёзанд. Боз пас ба хона омада таом мехӯрам, чой менӯшам ва рӯзнома мехонам. Соат ки ҳафт шуд, мехобам. Боз соати 2 гӯё, ки маро касе бедор карда бошад, аз хоб ҷаста мехезам (ин мактубро ҳам соати 2-уним, баъди ними шаб, навишта истодаам, ки аввали ҳавсала аст, вагарна хонда наметавонистед).
Агар корам лат нахӯрад, умедворам, ки ин корро («Ғyломон»-ро) то иди даҳсолагии Тоҷикистон тамом кунам.
Аз чизҳои тозае, ки имсол навиштам, ин аст: Ба ман аз институти тадқиқотии педагогии Маскав як мактуб омад ва дар он мактуб хоҳиш карда буданд, ки ман дар бораи мактабе, ки худам хондаам (мактаби ибтидоӣ) як очерк нависам. Ман ин очеркро дар ҳаҷми тахминан ду лист навиштам. Дар ин ҷо тарҷума кунонда ба русӣ ба институти маз¬кур фиристодам. Агар Шумо хоҳиш дошта бошед, фармоед, ба Шумо ҳам нависонда мефиристонам (албатта, тоҷикиашро, аммо таъйин кунед, ки бо мошинкаи лотинӣ чоп кунонам ва ё бо арабӣ дастӣ нависонам).
Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ ҳам тахминан се лист чиз навишта ба Тоҷикистон фиристодам.
Бачагон саломатанд, мехонанд, Лутфия ҳам саломат аст, гӯё ки вай ҳам мехонад ва ҳаргиз қалам ва дафтарро аз даст намегузорад ва «менависад».
Аммо модараш озори пой аст. Чанд гоҳ аст, ки бистарист. Умедворам, ки Далер ва модараш ҳам саломат бошанд.
Бо эҳтиром
Айнӣ.
Илова: тарҷумаи ҳоламро ба қадри имкон мухтасар навиштам. Агар Шумо хоҳед, боз ҳам мухтасартар карда метавонед ва аз расми мавҷудаам хам якеашро фиристодам.
 3
Самарқанд, 21 январи 1937
Салом! Ман аввал бояд ба Шумо аз гузориши ҳолам нависам Тирамоҳ баъд аз тамом кардани иморат хостам ба райёнҳо биравам, барои Хуҷанд рафтан аввал Тошканд рафтам, дар он ҷо даҳ рӯз мондам, баъд дар 18 сентябр Хуҷанд рафтам. Дар ин ҷо даҳ рӯз монда будам, ки аз Сталинобод маро ҷеғ заданд. Ба Самарқанд баргашта чанд рӯз монда, аҳволи хонаро саранҷом дода, дар 6 октябр Сталинобод рафтам. Дар он чо то 4 ноябр мондам.
Коре, ки дар он ҷо кардам, ташкили ҳамон рапорте буд, ки шояд дида бошед.
Самарқанд баргаштам, дар роҳ шамол хӯрда бемор шуда 6 ноябр ба хона омадам, духтур дид, сахт грипп шуда будаам, берунравиро манъ кард, 15 рӯз хобидам, хайрият, ки дар иморати нав адои ҳама эҳтиёҷ дар дарун мумкин буд.
Грипп гузашт, аммо сустии дил ва шуш боқӣ монд, бинобар ин духтурон маслиҳат доданд, ки дар рӯзҳои сармо ва бориш берун набароям.
Инак, дар ҳамин ҳол хонанишин ҳастам. Корҳоям ҳам онқадар пеш намераванд, пештар рӯзе 12 то 14 соат кор мекарда бошам, ҳоло аз 4 ё 5 соат зиёда кор карданам мумкин нест.
Бо ин ҳама камқувватӣ нахостам, ки дар ёдоварии Пушкин иштирок накарда монам. Як порча шеър навиштам, як нусхаи онро бо ин мактуб, аммо дар конверти ҷудогона, ба рафиқа Бону фиристода, тарҷумаашонро илтимос кардам. Аз Шумо хоҳишмандам, ки дар вақти тарҷума барои эзоҳ ёрӣ медодед ва ҳам дар санаи пушкинии «Лит-газета» чопашро таъмин мекардед.
Акнун аз аҳволи хона нависам: Модари Холида сиҳатии тамом надорад, аммо бачагон имсол бемор нашудаанд ва ба мактабашон давом мекунанд. Лутфия, ки ҳанӯз ба синни мактабӣ нарасидааст, лекин аз қаламу коғаз ҷудо намешавад ва мундариҷаҳои баъзе ҳикояҳоеро, ки бародару хоҳараш мехонанд, аз бар кардааст ва ба ман нақл ҳам мекунад.
Дирӯз як воқеаи аҷиб шуд. Бояд дар хотир дошта бошед, ки Шумо соли гузашта аз Қрим ба номи Холида як мактуб навишта, ба вай «Ёри мастчоҳӣ»-ро фиристода будед. Вақте ки ман он мактубро хондам, номи Лутфияро ҳам ҳамроҳ карда будам, табъи ӯ ҳам баробари Холида ва Камол хурсанд шуда буд.
Дирӯз 16 январ холабачаи инҳо, ки саводи арабӣ ҳам дорад, он хатро аз даруни чизҳои Холида гирифта хондааст. Лутфия шунидааст. Пеши ман омад. Дар ҳолате, ки дар чашмонаш об чарх мезад ва мактуб ҳам дар дасташ буд, пурсид:
-Ин хати амаки Лоҳутӣ аст?
Аз дасташ гирифта дидам ва ҷавоб додам.
-Ҳо, мактуби амаки Лоҳутӣ аст.
-Порсол Шумо дарвақти хонданатон ин хатро номи маро ҳам хонда будед, ҳоло Мирзо «номи ту дар ин ҷо нест» мегӯяд.
Номат ҳаст гуфтам ва ба тарзе, ки ба ӯ нафаҳмонам, бо қалами худ номи ӯро ҳам навиштам. - Канӣ дар куҷост? Нишон диҳед.
Ман он навиштаи худро нишон додам, лекин қариб буд, ки «обдузд афтам», зеро ранги сиёҳии Шумо сабз ва аз они ман бунафш буд. Эътироз кард:
-Чаро ҷоҳои дигари хат зангор аст ва азони номи ман бунафш:
-Номи туро бо сиёҳии бунафш, ки хеле аълост, навиштаанд.
Ба ин ҷавоби ман он қадар қаноат накарданаш аз чеҳрааш равшан буд, бо вуҷуди ин хатро аз дасти ман пас гирифта:
-Ҳоло дурӯғи Мирзора ба рӯяш мезанам? - гӯён ба хонаи худҳошон давид.
Охир ин соли панҷумашро пур карда аз соли шашум ба моҳи нуҳум қадам монд, бисёр чизҳоро мефаҳмад.
Далер, Атияро мебӯсам, аммо намедонам, ки саввум доранд ё не? Ҳамаи самарқандиён, аз он ҷумла худам ва бачагонам хоҳиш доштем, ки Шумо имсол дар баҳорон саёҳати Самарқанд мекардед.
Бо эҳтиром ва саломи рафиқона
Айнӣ
Адреси ман:
Самарқанд,
Ленинский район, квартали Қӯрғонча, дом номер 10.
Айнӣ
4
Москва, 6 апрели 1937
Самарқанд
Ба рафиқ Айнӣ!
Романи «Ғуломон»-и Шумо на танҳо ба фарзандони озоди ҷумҳуриятҳои шуроии Осиёи Миёна хизмат мекунад, балки ғуломони имрӯзаи мамлакатҳои Шарқи берунаро, ки бо забони Тоҷикистони фотеҳ гуфтугӯ мекунанд, барои расидан ба озодӣ тайёр менамояд.
Қалами озоди нависандаи «Ғуломон»-ро аз тахти дид табрик менамоям.
Лоҳутӣ
5
Самарқанд, 7 октябри 1937
Рафиқи шафиқ, мӯҳтарам Лоҳутӣ!
Телеграммаатон дар вақташ расида буд ва пул ҳам расид, аммо бар хилофи насиҳате, ки ба Холида дода будам, дар ҷавоб дер мондам, мебахшед.
Рубоиҳое, ки ба Холида фиристодед, дар хонаи мо сабаби ҷашн гардид, бачагон даст ба даст гирифта хонда қариб буд, ки коғазро дарронанд. Медонем, ки ин хел корҳо нис¬бат ба бачагон сабаби тарбияи хеле калон мешавад ва бачагонро ба тарафи адабиёти советӣ монанди як фашанг ҳаво медиҳад.
Худам имрӯзҳо ба кори луғат машғулам. Ман бо Тоҷигиз соли 35-ум як муоҳида баста будам, ки як луғати тоҷикии нимтафсилӣ тартиб диҳам. Медонед, ки дар дасти тоҷикони Осиёи Миёна ду-се луғат ҳаст, машҳуртарини онҳо «Ғиёс» ва «Бурҳони қотеъ» аст. Аммо ҷавонон, ҳатто арабидонҳои онҳо ҳам аз ин луғатҳо фоида бурдан наметавонанд, зеро тартиб бисёр кӯҳна ва луғатҳо бо чизҳое, ки ҳаргиз даркор намешаванд, пуранд. Бинобар ин барои кофта ёфтани як луғати матлуб варақҳоро гардонидан ва саҳифаҳоро хондан лозим меояд. Аммо ҷавононе, ки дар замони охир саводнок шудаанд ва арабиро намедонанд, аз он луғатҳо ҳеҷ фоида бурдан наметавонанд. Бинобар ин хостам, ки ба асоси ҳамон луғатҳои кӯҳна як луғати тоҷикӣ ба тоҷикӣ бо усули замонӣ тартиб диҳам. Корро ба ин тартиб пеш гирифтам: аз луғатҳои кӯҳна ҳар чизеро, ки мурда буд ва ба забони мо даркор намешавад, партофтам, чизҳои даркориро гирифтам. Чизҳои даркорӣ ҳам ду қисманд: як қисми онҳо барои таҳрир ва мутолиаи адабиёти имрӯза ба кор мераванд ва қисми дигарашон барои мутолиа ва фоида бурдан аз адабиёти классикӣ даркор мешаванд.
Медонед, ки ба ин сабаб хеле луғатҳои арабӣ ва форсии қаддим, ки дар адабиёти классик ҳастанд, гирифта мешаванд ва манбаи дигари ман халқ аст. Ҳар кадом бобро бо забони халқ ки то ҳол дар ягон луғат дида нашудааст, аммо дар миёнаи мардум зинда ва дар гуфтушунид аст, пур мекунам.
Дар тафсили луғатҳои кӯҳна ҳам маънии кӯҳнаашро, ки дар адабиёти классикӣ ва дар забони имрӯза нест, партофтам ва он маъниҳояшро, ки имрӯз зинда аст, гирифта истодаам.
Агар ба тамом кардани ин кор комёб шавам, гумон мекунам, ки барои ҷавонон ва забони адабии имрӯзаи тоҷик хазинаи калон ба вуҷуд меояд. Табиист, ки таҷриба ва кори аввалӣ бо хеле нуқсонҳо омехта мешавад. Бо вуҷуди ин як асосе, ки дар оянда такмил ва ислоҳ кардани он осон аст, гузошта мешавад.
Ман хаёл кардам, ки то тамом шудани ин кор ба кори дигаре даст назанам, то ки чизҳои пеш-пеш навиштаам аз ёд набаромада, кор нисбатан зудтар ва осонтар тамом шавад. Ин коре, ки ман ба танҳоӣ cap кардам, он корест, ки Бектош бо роҳбарии Нисормуҳаммад бо як дастаи калони «забоншиносон» cap карда, ду сол «кор карданд» ва садҳо ҳазор суми давлат харҷ шуду дар натиҷа чизе ҳам нашуд.
Бачагонро аз тарафи ман бӯсед, ки онҳо ба бӯсидани ман роҳ надода буданд ва ба муҳтарам Бону саломи самимона.
Воқеан аз ёд баровардаам, ки пурсам тарҷумаи достони ман чӣ шуда бошад?
Бо саломи самимона Айнӣ
Ба хабари саломатӣ чашм дар роҳам.
Адрес:
Самарқанд,
Ленинский район, квартали Қӯрғонча, дом 10.
Айнӣ
6
Москва, 1938
Рафиқи мӯҳтарам, салом!
Дирӯз 27 моҳи декабр дар идораи ҷамъияти нависандаҳо фаҳмидам, ки билети аъзоии Шуморо ҳанӯз бароятон нафиристодаанд. Кофта ёфтам. Имзои М. Горькийро дорад. Билети рақами 7. Аз тарафи Шумо имзо карда онро гирифтам. Намедонам чӣ кор кунам? Агар бо телеграмма иҷозат диҳед, онро ба А. Деҳотӣ медодам, ки барои Шумо биоварад. Ба имзои Горький билет доштан шараф аст.
Ман як шеър (138 мисраъ) навиштаам. Як нусхаи онро бо рафиқ Деҳотӣ барои Шумо мефиристам. Истидъо дорам, ки фикри худро дар он бора ба банда бинависед. Бисёр мамнун мешавам. Сиҳҳатам беҳтар шуда истодааст, аммо бачаҳо боз ҳам касал шудаанд. Бемордорӣ вақти маро тамоман мегирад.
Ба фарзандони азиз салом бирасонед. Аз сиҳатии худатон бинависед. Хабар дошта бошам.
Бо салом ва эҳтиром Лоҳутӣ
7
Москва, 9 январи 1939
Рафиқи мӯҳтарам, устод Айнӣ!
Гарчи ин хатро ду ҳафта аз соли нав гузашта мегиред, аммо мисоли «моҳиро ҳар вақт аз об гиранд, тоза аст»-ро дар назар гирифта, соли навро ба худатон ва тамоми оилаатон табрик мекунем.
Имрӯз соати 2 рафиқ Деҳотӣ бо телефон аз ман хоҳиш кард, ки ба ғазали:
Ёр аз дили ман хабар надорад,
Ё сӯзи дилам шарар надорад
се байт илова кунам. Бастакор (композитор) талаб кардааст, ки ба ин шеър 6 мисраъ илова шавад. Баъд аз тамом кардани корҳои ҳаррӯза, бисёр кӯшиш кардам, ки хоҳиши Деҳотиро анҷом диҳам, нашуд. Ҳоло соати 5, вақте ки тамоман маъюс шуда машғули корҳои дигар шудам, се байти зерин «худ ба худ» омаданд. Дар ҳоли навиштани онҳо хати Шуморо хондам (2-1) ва ин байтҳоро навиштан гирифтам.
Намедонам меписандед ё не?
Ё васли ту қисмати башар нест,
Ё толеъи ман ҳунар надорад.
Ё ишқ хати амон ба ӯ дод,
Ё дил зи шарар ҳазар надорад.
Ё мавсими сабри ман хазон шуд,
Ё нахли умед бар надорад.
Агар инҳоро лоиқ донед, он вақт мумкин аст ҳавсала пайдо шавад, ки як ғазал кунам.
Телеграммаи Шуморо гирифтам. Пеш аз он китобчаро ба А. Деҳотӣ дода будам. Гарчи ӯ мегуфт, ки Шумо китобча доред, гӯё ба ҳисоби Ӯзбекистон, аммо беҳтар, ки дуто дошта бошед. Дар ҳар ду имзои Максим Горький. Ин шарафи музоаф аст. Аз сиҳат шуданатон хеле шодам Албатта эҳтиёт кунед, ки сармо назанад. Ба рафиқони Ӯзбекистон раҳмат ки масъалаи курорти Шуморо таъмин мекунанд. Агар натавонед, то вақт дер нашудааст, бинависед, ки аз ин ҷо таъмин кунам.
Аҳволи ман бад нест гарчӣ ҳанӯз ба таври табиӣ намехобам. Шабе ду соат хоб асту бас.
Ин рӯзҳо як шеър ба номи «Достони гул» навиштам. Нусхаи онро рафиқ Деҳотӣ ба Шумо нишон медиҳад. Хоҳишмандам, ки фикри худро дар бораи он ба ман бинависед.
Аз Бону ва бачаҳо ҳамаи Шумоҳоро салом!
Дар орзуи сиҳҳату саодати Шумо
Лоҳутӣ
8
Москва, 1 феврали 1939
Рафиқи мӯҳтарам Айнӣ!
Хати 22 январ навиштаатонро гирифтам. Беҳад мамнун шудам. Умед аст, ки то кунун Камоли азиз сиҳату саломат шуда бошад. Ғазалро инак тамом карда бароятон мефиристам. Дар ҳини тамом кардан чанд байти дигар аз фикрам cap зад, ки онҳо муносиб ба мазмуни ин ғазал нестанд. Бинобар ин онҳоро барои ғазали дигар гузоштам.
Масалан:
Ё бози ситам ҳаво гирифтаст,
Ё тоири сидқ пар надорад.
Ё ҷинси вафо шудаст нобуд,
Ё ҷайби замона зар надорад.
Ё гӯши суханшунав намондаст,
Ё гуфтаи ман асар надорад.
Ба ҳама бачаҳо салом бирасонед.
Бо саломи фаровон Лоҳутӣ
9
Москва, 2 феврали 1939
Рафиқи мӯҳтарам!
Аз шодӣ дар пӯст намеғунҷам. Ҷавонони шоири тоҷик бо нишонҳои давлатии шӯроӣ сарфароз шуданд. Дирӯз як телеграмма фиристодам ба номи худи онҳо. Имрӯз дилам ҳукм дорад, ки боз ҳам онҳоро табрик кунам. Фармони дилро (мисли ҳамеша) итоат кардам. Ин шараф барои ҳама адибон ва адабиёти Тоҷикистон аст. Ростӣ, ки ба шодии онҳо бисёр шод ҳастам.
Як нусхаи нав аз ғазали навро мефиристам. Хоҳишмандам нусхаи пештар фиристодаамро ё пора кунед, ё пас бифиристед, ё мутобики ин нусха дуруст кунед.
Умедворам, ки нури чашм Камолҷон то расидани ин хат тамоман сиҳат шуда бошад. Ба духтараки азизам, бародарзодаам Холидаҷон, ба Лутфияи меҳрубон ва Камолҷон салом бирасонед. Ба модарашон аз тарафи Бонуи ман салом ва эҳтиром.
Саломат ва муваффақ бошед.
Лоҳутӣ
10
Самарқанд, 11 феврали 1939
Рафиқи шафиқ, Лоҳутии меҳрубон!
Рафиқи мӯҳтарам, мактубҳо ва шеърҳои дар 2 феврал фиристодаатон расида маро аз ҳад зиёд мамнун кард.
Шеърҳои Шумо бо дастхати худатон дар архиви ман будан ва барои таншиди хотир ҳамеша тайёр истодан(ашон) барои ман як фахр, як шараф ва як гавҳари гаронбаҳост.
Ҳарчанд баҳо додан ба шеърҳои Шумо аз гунҷоиши иқтидори ман берун аст, ба мазмуни «алмаъмур маъзур» амал намуда маҷбур шудам, ки нуқтаи назари худро баён кунам.
Достонҳо саъдиёна ва чалолиддинирумиёнаи советист. Ҳарчанд мо инҳоро аз ҷиҳати услуб саъдиёна ё ин ки румиёна мегӯем, аз ҷиҳати мазмунҳои бикр – бериёёна мегӯям, ки онҳо ба гӯяндаи ин достонҳо нахоҳанд расид. «Шамъи бино» -ин унвон ва исботи ин унвон бо мисоли ҳаётии ҳақиқӣ дар фикри ҳеҷ классик нарасида буд...
Ин нуктаро ҳам бояд гӯям, ки таҷрибаҳои порсола ба мо нишон доданд, ки ҳарчанд ки ба тарзи символ аст, номи шахсҳои ҷудогонаро (ғайр аз он шахсе, ки мустасност) дар шеър овардан мувофиқ нест. Бинобар ин, ман дар бастани «Достони гул» ба номи Михоэлс мухолиф ҳастам. Шояд он шахс ба ин кор ва ҳатто ба зиёдатар аз ин кор ҳам арзад, лекин ҳар чӣ бошад, шахс аст.
Омадем ба ғазал. Мо дар шеърҳои Шумо ғазалҳои равони ҳаяҷонбахшро бисёр хондаем, аммо аҳаммияти хусусии ин ғазал дар он аст, ки бо тақлид кардани вазн, қофия ва услуб як ғазали тамоман мазмунҳои бикр суруда шудааст. Ин ғазали содаи равони равонбахшро ҷуз «саҳли мумтанеъ» гуфтан дигар таъбире намеёбам.
Аммо ман аз баҳо додан ба байти охирии ин ғазал:
Ё чашми ту бо дилам рафиқ аст,
Ё шери сияҳ хатар надорад.
Ё бо дили хаста меҳрубон бош.
Ё ҷон биситон! Зарар надорад
-оҷиз ҳастам.
Инро ҳам бояд бигӯям, ки
Ё бар рухи ман намешавад боз,
Ё қалъаи бахт дар надорад»,
ҳарчанд аз ҷиҳати шеърият мисли ҳамқаторони худ дар пояи аълост ва ҳарчанд мутолиакунандагони холис мефаҳманд, ки гап дар бораи ишқ меравад, дар ин ғазал мувофиқ нест. Ин бояд дар қатори он байтҳое, ки барои ғазали ҷудогона мондаед, дароварда шавад. Ё ин ки дар ҷои калимаи «бахт» калимаи «васл» дароварда ба ин тариқа:
«Ё бар рухи ман намешавад боз,
Ё қалъаи васл дар надорад»
хонда шавад. Ва инчунин ба хотири ман мегузарад, ки агар байти
«Ё тири ту бигзарад ниҳонӣ,
Ё синаи дил сипар надорад»
«Ё тири ту бигзарад ниҳонӣ
Ё синаи ман сипар надорад»
мебуд, бо байтҳои болоии худ (бо таъбири тоҷикӣ) «бе ширеш мечаспид».
Пора кардани мусаввадаи аввалӣ ё тасҳеҳи он мувофиқи нусхаи покнависшудаи дувумӣ (ки ин ҳам маънан ба пора кардан оид мешавад) ё пас фиристодани он ба ман таклиф шудааст, аммо ман наметавонам чизеро, ки бо дастхати Шумо аз натоиҷи фикри худатон навишта шудааст, пора кунам. Ҳарчанд маҳфуз дар дасти худ нигоҳ доштани онро дил мехост, барои ба амал овардани таклиф бар зидди хоҳиши дил (медонед, ки ин чӣ қадар душвор аст) пас фиристодам.
Камол дар 25 январ сиҳат ёфта, 26-ум тавонист ба мактаб равад, аммо модараш ба дардҳои гуногун гирифтор аст. Бачагони дигар ҳама саломатанд, худам дар рӯзҳои охир бемор нашудаам.
Хоҳиш дорам, ки бачагонро аз тарафи ман бӯсед. Ба мӯҳтарама Бону аз худам ва аз рафиқаам салом.
Бо саломи рафиқона Айнӣ
11
10 феврали 1939
Бо 40 дараҷа таб дар санатория.
Чи дарди сахтеву оташфишон табе дорам,
Саҳар намешавад асло, аҷаб шабе дорам!
Ҳамон вақт.
Рафиқи мӯҳтарам Айнӣ, бешубҳа Шумо бидуни тавзеҳи ман ҳис мекардед, ки ин ғазал аз байти 2 шурӯъ шудааст. Сахтии ҳолатам дар он шаб аз мазмуни ин байт ҳам болотар буд. Ҳоло (рӯзи 10 феврали 1939) беҳтар шудам. 37-у ним таб дорам.
Хушвақтам, ки ман метавонам ба Шумо ин хатчаро нависам. Фарзандони азизу модари мӯҳтарамашонро салом бирасонед.
Лоҳутӣ
12
Москва, 17 феврали 1939
Устоди азиз Айнӣ!
Хати 2-ми моҳи февралатонро дар санатория гирифта, бо камоли шавқ хондам. Ҳамин рӯз ҳам ҷавоби онро менависам. Дар масъалаи ном набурдан дар шеър тамоман дуруст мегӯед ва баъд аз ин номи ҳеҷ ҷунбандаро (номи муайяни як кас) дар шеър нахоҳам гуфт. Кӣ медонад, паҳлавони имрӯза фардо ба чӣ ранг медарояд?
Дар масъалаи: «Ё қалъаи васл дар надорад». Албатта ин дуруст аст ва ман онро ба ҷо меовардам, агар: «Ё васли ту қисмати башар нест» намешуд.
Аммо дар бораи «Ё синаи дил сипар надорад»:
Ба фикри ман, «синаи дил»-ро ҳеҷ кас то кунун нагуфтааст.
Ё гуфтаву ман хабар надорам,
Ё гуфтаву дил хабар надорад.
Ин як баёти навеет, ки нахостам онро аз миён барам.
Домуллоҷон, Шумо медонед, ки дил аз они шоир бошад ҳам, ҳамеша гӯянда онро мисли як шахси сонӣ дар муқобили худ гузошта бо ӯ гуфтугузор мекунад, шикоят мекунад, метарсонад, гила мекунад... Ё мисли як шахси сонии ғоиб бо ӯ муомила мекунад. Бинобар ин метавон «надонад», ки тири ёраш ниҳонӣ андохта мешавад, ё «синаи дил», «шахси сонӣ» сипар надорад. Аммо синаи худашро шоир бояд бидонад, ки сипар дорад ё на. Инак ҳамин ду масъала сабаб шуданд, ки «синаи дил» гуфтам. Агар ин арзҳо дар хидмати Шумо маъқул афтанд, он вақт он мисраъҳоро иваз намекунам. Як ғазал дар санатория гуфтаам, баъд онро барои Шумо мефиристам. Ҳоло соати 12 шаби 18-ум аст. Шаб бар Шумо хуш бошад. Ман ҳам рафта мехобам. Бачаҳоро салом бирасонед. Дасти Шуморо мефишорам.
Бо саломи рафиқона
Лоҳутӣ
Ҳоло ки орзу доштаед, хати банда муҷовири хидмати Шумо бошад, онро пас мефиристам. Ҷояш дар пеши Шумо гармтар хоҳад буд. Хуш ба ҳолаш!
13
Самарқанд, 7 марти 1939
Рафиқи шафиқ ва дӯстдори меҳрубон Лоҳутӣ!
Мактубҳоятон дар вақти худ расиданд, аммо ман шарманда ҳастам, ки дар вақташ ҷавоб навиштан натавонистам, сабаби ин боз ҳамон беморист.
Имсол дар Самарқанд бар хилофи одати ҳарсола ва иқлимӣ зимистон гарм гузашт. Аммо баробари даромадани моҳи ҳут (20 феврал), ки муқаддимаи баҳор аст, барфҳои пай дар пай боридан гирифт, дар рӯзҳои аввали бориш ҳаво он қадар сард нашуда бошад ҳам, рафта-рафта ба дараҷаи миёнаи зимистонҳои солҳои гузашта расид. Ин аст, ки ман бо вуҷуди камоли эҳтиёт сармо хӯрдам ва илова бар ин касалии меъдагии одатӣ ҳам cap шуд. Ба ин сабаб ҷавобҳо дер монданд.
Ҳоло ҳам ҳаво, ҳам аҳволам рӯй ба беҳбудӣ оварданд, инак ҷавобҳоро якҷоя ба тарзи «ду ба як» (истилоҳи нонвойҳои ин ҷоҳо) ё ин ки «як ба ду» (истилоҳи худам) менависам:
Мактуби аввалиатон маро хеле парешон карда буд, чунки вайро аз санатория навишта будед, маълум мешавад, ки бемор будаед, аммо дар мактуби дувум аз истироҳати беруни шаҳр ва сиҳатии бачагон изҳори мамнуният кардаед, ба умеди ин ки худатон ҳам саломатии комил ёфта бошед, як дараҷа хотирҷамъ шудам. Дар мактуби аввал (18 феврал) байте, ки дар хусуси «Ё синаи дил сипар надорад», маслиҳат кардед, тамоман дуруст аст ва инчунин байте ҳам, ки дар бораи «Ё қалъаи бахт дар надорад» гуфтед, аз ҷиҳати тартиби ғазал ва риояи мисраи «Ё васли ту қисмати башар нест» дуруст аст. Лекин модоме ки дар ин байт, дар ин ғазал ба сабаби шарҳи додаатон ба ҷои «бахт» «васл» гузоштан мумкин нест, ин байтро аз ин ғазал бароварда дар қатори он чанд байте, ки дар ин ғазал муносиб надида барои «ғазали дигар кардан монда будед, даровардан муносибтар менамояд. Албатта сабаби таклифи маро худатон медонед.
Мактуби якуми март навиштаатонро бо шоҳғазали бо ин мактуб аз Звенигород фиристодаатон 8-ми моҳи март гирифтам. Ин ғазал, ки ман мислашро аз ин пеш надидаам, маро девона кард. «Ин шеъри тару тоза зад оташ ба ниҳодам. Дар даҳр чунин оби шарарбор, ки дидаст», ки ман дида бошам. Хусусан байти саввум:
Ғайp аз дили ман шери ситамкаш кӣ шунидаст,
Ҷуз чашми вай оҳуи ситамгор кӣ дидаст. -
тамоман як эъҷоз аст, ситамкашии шерона ва ситамгарии оҳувона, ки ҳар дуи инҳо ҳам дида нашудаанд, муқобили якдигар афтода, аввалӣ ҳолати дили ошиқи шоирро ва дув¬вуми хусусияти чашми маъшуқи ӯро баён карда, як қиёмат барпо медоранд. Ин як қиёматест, ки пеш аз ин воқеъ нашудааст ва баъд аз ин воқеъ шуданаш ҳам (мисли қиёмати динӣ) мумкин нест.
Чашмаш ба нигоҳи ғазаб аз ҳар тарафам тир
Бар дил занад, ин гуна тарафдор, кӣ дидаст.
Ин як мазмуни бикр аст, ки то ҳол касе тасарруф накардааст ва натавонистааст, ки тасарруф кунад.
Акнун меоем ба сари матлаъи
Кораш ҳама ноз аст, чунин ёр кӣ дидаст,
Нозаш ҳама бо мост, чунин кор кӣ дидаст.
Ин ҳам чунон тоза, чунон мазмуни нав, чунон равон аст, ки сазовори болонишинист ва тамоман ҳақ дорад, ки дар ин ғазал матлаъ шавад.
Аммо дар хотир чунин мерасад, ки дар мисраи дуввум, агар ба ҷои «нозаш ҳама бо мост», «нозаш ҳама кор аст», мебуд, илова ба ин ки cap то пои матлаъ тардиди акси пурра мегардид, як тозагии дигар ҳам пайдо мекард, нози маҳбуби Лоҳутӣ ҳам бояд бар хилофи нози маҳбубони дигар-ҳама кор бошад.
Истилоҳи «сар бидеҳ»-ро дар миёнаи тоҷикон то ҳол ман ҳам нашунидаам, аммо дар ёд дорам, ки дар Бухоро ин гуна муомила буд ва чизи иловашаванда як ном ҳам дошт, ки ғайр аз «сар бидеҳ» буд, лекин ҳарчанд фикр мекунам, он ном ба хотирам намерасад.
Дар ҳар ҳол дар вақти чоп эзоҳ додан даркор аст.
Бачагон ҳозир саломатанд, дар хондан давом доранд, имсол русиро хеле омӯхтаанд ва дарсҳошонро дар забони русӣ мефаҳманд, ба амакашон арзи ихлос доранд.
Модари Холида дар як ҳол, яъне беморӣ. Намедонам Союзи нависандагони Ӯзбекистон дар хусуси путёвка ба ваъдааш вафо мекунад ё не?
Ба мӯҳтарам Бону аз ман ва аз рафиқаам саломи самимона.
Бо саломи самимона Айнӣ
14
Самарқанд, 18 марти 1939
Рафиқи шафиқ, мӯҳтарам Лоҳутӣ!
Ҳоло дар пеши ман се конверти Шумо истодааст, ки ба ҳеҷ яки онҳо ман ҷавоб нанавиштаам. Мактубҳо ва ғазалҳое, ки бо ин конвертҳо бо вусули худ маро бахтиёр ва шарафёб кардаанд, дар айни замон дар изтироби пурпечу тоб ҳам андохтанд, зеро инҳо бемории мизоҷи шариф ва авлоди латифро хабар медоданд. Ман медонам: одами солаш ба эътидол расида дар вақте ки бачагони хурдсол дошта бо¬шад, бо бемории ҷисмонӣ чӣ қадар изтироби қалбӣ ҳам мекашад, хусусан, ки дар он вақт он бачагон ҳам бемор шаванд.
Ин аст, ки қалби таҷрибадида ва ин гуна бемориҳоро аз сари худ чанд бор гузаронида музтариб мешавад. Қатъи назар аз он ки Шумо дараҷаи таби худро чиҳил навиштаед, нақши қалам ва мазмуни шеърҳо, хусусан шеъре, ки байти «Бемориву бедориву танҳоиву зулмат, Куштанд маро, эй шаби ҳичрон, саҳарат ку?” дар он аст, дараҷаи таби Шуморо нишон медиҳад.
Ман аз он мактубе, ки дар вай ба кӯчидан ба Звенигород рӯ ба беҳбудӣ овардани худатон ва аъзои оилаатонро навишта будед, хеле хотирҷамъ шуда будам, мааттаассуф мактуби сонӣ боз аёдати бемориро нишон дод. Хуб аст чунон ки дар он ғазали беморӣ қайд кардаед, дараҷаи таб ба 37-уним фаромадааст, лекин ин дараҷа ҳам барои мову Шумо таб асту таби сахт ҳам шуморида мешавад. Дар ин бояд фирефта нашуд, дар паи муолиҷа кушидан зарур аст. Муолиҷаи аввал ин аст, ки дар вақти беморӣ ва таб ҳарчанд ки дараҷаи паст ва қариб ба эътидол бошад ҳам, ҳам ҷисму ҳам димоғ осуда гузошта шавад.
Аз шеърҳо маълум мешавад, ки Шумо димоғро аз вақти тандурустиатон бештар кор фармуда истодаед. Бо ин ки худаш худ ба худ зиёд кор карда истодааст, димоғро аз ин худроӣ нигаҳдорӣ кардан даркор аст. Дуввум ҳамаи таҷрибаҳои чандсола нишон дод, ки ҳавои Маскав, хусусан дар айёми зимистон ва баҳор барои Шумо созиш надорад. Дар ҳақиқат ҳам касе, ки як қисми муҳимми умри худро дар тарафҳои ҷануб гузаронида бошад, сармои сахт, ҳавои сербориши беофтоб ӯро аз кор мебарорад. Бинобар ин се моҳи баҳорро, ки Маскав боз ҳам сербориштар ва намтар мешавад, бо оила ба Қрим кӯчида гузаронед. Албатта партия ва ҳукумат дар ин хусус ба Шумо ёрмандии лозимаро хоҳанд кард.
Дар оянда ҳам мувофиқи мавсим табдили макон карда истоданатон лозим аст.
Ман ҳоло дар таҳлили ғазалҳои охирӣ ва таассуроти аз онҳо гирифтаам чизе намегӯям, фақат ҳаминро мегӯям, ки ғазали охирӣ: «Парвоз кун, эй мурғи вафо, болу парат ку?...» вирди забон ва дилхоликуни ман гардид.
Умедворам, ки дар мактуби ояндаатон комилан сиҳҳат ёфтани худатон ва бачагонатонро хонам. «Ғунчагиҳоят насиби дидаи Бедил мабод, Чашми он дорам, ки то бинам, гулистон бинамат».
Бачагонро аз ҷониби ман бӯсед, ба мӯҳтарам Бону аз тарафи худам ва рафиқаам салом.
Бо саломи рафиқонаи самимӣ
Айнӣ
15
Москва, 2 апрели 1939
Рафиқи мӯҳтарам ва азиз!
Шумо ғазали маро дар байти ширини худатон «оби шарарбор» номидаед ва бо ҳамин байт ба он «оби шарарбор» намак задаед. Ташаккур!...
Инак барои Шумо як шеъри нав мефиристам. Ин шеърро мешавад «Мубориза» ном дод. Чаро ки дар зимни гуфтани чандин ғазали шиква, рӯҳи мубориз онро эҷод кардааст.
Сиҳатии худ ва бачаҳоям рӯ ба хубӣ мераванд. Таассуф дар ин аст, ки ҳанӯз натавонистаам дача ёбам, ки то вақти дуруст шудани дачаи худам дар он ҷо зиндагӣ кунем. Дар ҳар ҳол мекӯшам, ки ҷо ёбам.
Ин шеърро «ҳунар карда» покнавис кардам. Бештар навиштан наметавонам. Бубахшед. Сиҳатии Шуморо хоҳонам.
Ба бачаҳо ва хидмати модарашон аз тарафи мо салом гӯед.
Бо салом ва эҳтиром
Лоҳутӣ
16
Москва, 7 апрели 1939
Рафиқи мӯҳтарам!
Дар яке аз хататон навишта будед, ки байти шикоятомези «Ё бар рухи ман намешавад боз, Ё қалъаи бахт дар надорад»-ро ба ғазали дигар бигузорам. «Сабабро худатон хис мекунед», гуфта будед. Ман аз ин чунон фаҳмидам, ки Шумо мегӯед мабодо мардум хаёл кунанд, ки Лоҳутӣ ба воситаи нагирифтани нишон ранҷидааст. Инро Шумо дуруст фаҳмидаед ва аз насиҳататон муташаккирам. Аммо инро ҳам илова мекунам (барои шахси Шумо), ки агар ман як зарра дар хаёли нишон гирифтан буда ё ҳастам, ё аз нагирифтан ҳатто сояи хаёл ҳам ба сарам афтода бошад, бояд номамро аз дафтари одамҳо берун кунанд. Гирифтани нишон, албатта, шараф аст. Аммо фақат ба хотири гирифтани нишон кор кардан чандон шарафе надорад.
Бо салом ва эҳтиром
Лоҳутӣ
17
Самарқанд, 30 апрели 1939
Рафиқи азиз Лоҳутӣ!
Чунон ки дар мактуби охирини худ навишта будам, барои Съезди нависандагони Ӯзбекистон Тошканд рафтам. Имрӯз, ки 30 моҳи апрел аст, аз он ҷо ба хона омадам, ки мактуби 16 апрел навиштаатонро почтачӣ оварда монда будааст ва шофер ҳам дар набудани ман аз Маскав омада будааст. Ман аз мактуб ва ҳам аз шофер тафсилоти сафари рафиқаамро шунида аз Шумо ва рафиқа Бону бисёр миннатдор шудам ва аз он ҷо, ки сафари вай дар вақти парешонии Шумо рӯй додааст (ҳарчанд ки ин гуна аҳвол барои дӯстон сабаби хиҷолат нест), хиҷолатманд ҳам шудам.
Ҳаракатҳои шармгинонаи хоҳаратонро Шумо ба одоби тоҷикӣ ҳамл кардаед, лекин аз кадом ҷиҳат, ки бошад, ба ин дараҷа расидани шармгинӣ шармовар аст.
Барои ба Шумо хуб фаҳмонидани аҳволи хусусии ӯ як воқеаи имсол рӯйдодаро арз мекунам (албатта маҳрамона ва худи ӯ нашунавад). Зимистон дастаи консерти Ӯзбекистон ба Самарқанд омад, ки сардори онҳо Ҳалимахони машҳур буд. Бачагон бо сардории хоҳаратон хостанд, ки ба консерт рафта хониши Ҳалимаро шунаванд. Ман барои харидани панҷ билет ба театр рафтам, ки билетҳо як рӯз пеш аз омадани Ҳалима фурӯш шуда будааст. Ман «шояд барои ба даст даровардани билет ёрмандӣ расонад» гӯён ба директори театр муроҷиат кардам.
Директор гуфт, «барои тамошобини умумӣ ягон ҷои фурӯшӣ ҳам нест, аммо ман метавонам, ки аз ложаи совети шаҳр ба Шумо ду ҷои маҷҷонӣ (бепул) диҳам». Албатта ман розӣ шудам ва ӯ барои ду ҷо аз ложа хат дод.
Ин ду ҷоро дар байни панҷ кас тақсим кардан мумкин набуд ва инчунин ду бачаи хурдсолро ба ложаи ҳукуматӣ баровардан ҳам муносиб нанамуд. Бинобар ин худам шахсан хоҳаратонро гирифта бурдам ва бачагонро дар навбати дигар ваъда дода розиашон кардам. Мо рафтем. Дар ложа ғайри моҳо котиби кумитаи области Самарқанд, котиби кумитаи шаҳрӣ ва раиси иҷроияи област буд. Дар вақти тамошо бо мо ва онҳо ғайр аз як вохӯрии оддӣ ва аҳволпурсии саризабонӣ дигар чизе дар миён нагузашт, аммо дар охири тамошо директори театр омада ба ман маълум кард, ки баъд аз тамошо як маҷлиси чойнӯшӣ мешавад, ки дар он ҷо Ҳалимахон, ҳам раҳбарони област хоҳанд буд ва хоҳиш кард, ки ман ҳам бошам. Ман розӣ шудам.
Аммо азбаски дари даромади ложа ба зали васеи сард кушода мешуд, даруни зали тамошо бо нафаси одамон гарм шуда буд ва дар ҳар бор даромада баромадани одамҳо аз он дар ҷараёни бод ба амал меомад. Хоҳаратон қадре сармо хурда аҳволи худашро бад ҳис кард ва хост, ки барои он маҷлиси ҷой намонад. Ман баъд аз тамошо дар зали истироҳат ба директор сармо хӯрдани рафиқаамро узр оварда, барои маҷлиси чой истода натавонистанамро маълум кардам. Ӯ узри маро ба котиби комитаи областии партия гуфтааст. Котиб, ки шахси аврупоии бисёр боназокате буд, шахсан пеши моҳо давида омада дубора истодани моро хоҳиш кард. Ман хоҳаратонро нишон дода бемории ӯро узр овардам. Ӯ шахсан аз вай «Шумо чӣ гуна бемор шудед?» - гуфта пурсид. Ӯ ҳам чунон ки дар пеши Шумо кардааст, чашмашро бар замин дӯхта чизе нагуфт.
Шумо медонед, ки як шахси аврупоӣ ба ин гуна муомила чиҳо хоҳад фикр кард ва низ Шумо мефаҳмед, ки ман дар он ҷо ба чӣ ҳоли шармандагӣ афтода бошам. Аммо дар хақиқат ӯ бемор шуда буд, ки баъд аз он тамошо бо ангина ва асложненияи он як моҳ бистарӣ шуд, на танҳо ӯ, ман ҳам грипп шуда, 15 рӯз дард кашидам. Ин аҳвол дар зиндагӣ шуданист. Аммо дар ҷавоби аҳволпурсии котиб чизе нагуфта, чашм бар замин дӯхта истодан набахшиданист.
Дар бораи қабул накарданаш ёрмандии пулии Шуморо ҳамин қадар узр меовардам, ки дар ҳақиқат ӯ ба пул эҳтиёҷ надошт, зеро пеш аз ба сафар баромадани ӯ ман ба хаёли он ки союз путёвка ва пули кироро медиҳад, барои харҷи иловагӣ як ҳазор сум тайёр карда будам. Баъд аз он ки союз путёвкаро ба ман фурӯхта ва пули роҳро ҳам надод, ман маҷбур шудам, ки ҳамаи чизҳои даркориро дар ду рӯз таҳия кунам. Бинобар ин дар тангӣ афтодам, лекин бо кадом мушкилие бошад ҳам, бо иродаи айниёна таҳия кардам. Билети ӯ ва шоферро то Маскав гирифтам, барои харҷи роҳ ба ӯ як ҳазору панҷсад сӯми нақд додам ва харҷи шоферро барои бозгашт ва Маскав таъмин кардам.
Хоҳаратон ҳам қадре пул доштааст, гирифта буд, бинобар ин ӯ натарсида аз Маскав барои бачагон яктагӣ либос харида фиристодааст.
Шофер ҳам ба пул эҳтиёҷ надошт. Эҳтиёҷ надоштани ӯ аз ин ҳам маълум аст, ки аз Маскав барои ошноёнаш аз пули ман додагӣ ба дусаду бист сум чизҳои техникӣ харидааст.
Аҳволи танги моддии худро, ки арз карда будам, дар арафаи ба сафар баромадани хоҳаратон буд. Аммо вақте ки ман барои съезд ба Тошканд рафтам, аз он ҷо Қорун шуда баргаштам: 2700 сӯм барои чизҳои аз ман ба матбаа додааш Узгиз ба ман дод.
Барои чоп шуда баромадани «Мактаби кӯҳна»-и ман дар забони ӯзбеки нашриёти адабиёти бачагонаи ӯзбекӣ 675 сӯм дод. Журнали русӣ ва ӯзбекии адабии Ӯзбекистон аз порчаҳои дар соли гузашта чоп кардаашон 1500 сӯм ба ман фиристода будааст, ки ман дар 21 апрел гирифтам.
Аз ғайри инҳо «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро»-ро ӯзбекон ба матбаа додаанд, ки дар ҳамин наздикӣ мебарояд ва аз ин ду китобча ду-се ҳазор сӯм ба ман мерасад.
Бо кумитаи юбилеии Навоӣ договор баста будам, ки аз рӯи он муоҳида то ҳаштуми май ба ман ду ҳазор сӯм мефиристонад.
Дар тоҷикӣ чопи чоруми «Одина» баромадааст, ки бояд дар наздикӣ пули вайро фиристонанд. Ҳикояти «Ятим»-ро дар охири май тамом мекунам, ки аз рӯи муоҳида аз вай 2400 сӯм ба ман мерасад. ...Ҳамаи инҳо ба ман нишон медиҳад, ки ман Қорун шудаам ва қорунии худро дар амал нишон додам, ки барои ҳамаи аъзои оила 13 метр марказит харидам ва ба хоҳаратон телеграмма кардам, ки агар эҳтиёҷ дорад, бо телеграмма хабар диҳад ва ба ӯ пул фиристонам.
Ҳоло дар вақти куфтагии чандрӯзаи сафари Тошканд ва бедорхобии роҳ ба ҳамин қадар кифоя мекунам, ки барои ташвишҳое, ки бо Шумо ва мӯҳтарама Бону ба муносибати сафари хоҳаратон рӯй дод, узр мегӯям ва барои таклифи ёрмандиҳои моддиатон арзи ташаккур ва изҳори миннатдорӣ мекунам.
Дар бораи сафарҳо навиштанро дар навбати дигар мегузорам.
Бо саломи самимонаи рафиқона
Айнӣ
18
Самарқанд, 30 апрели 1939
Рафиқи шафиқ Лоҳутӣ!
Ман вақте ки аз Тошканд омадам (субҳи рӯзи 30), бачагон ба ман як извещение доданд, ки аз вай маълум мешуд ба ман аз Маскав як ҳазор перевод омада будааст. Аммо ман аз Маскав аз идорае нигарони пул набудам. Ман ҳарчанд фикр кардам, фиристодаи ин пулро наёфтам, чун почта рафта пурсидам, гуфтанд, ки аз Лоҳутӣ аст. Аммо аз ин ҷо ки рӯзи охири моҳ ва почта дар ҳисоб машғул будааст, додани он пулро дар баъди иди май ваъда доданд. Лекин ман ба Шумо барои чӣ ва аз кӣ будани ин пулро пурсида телеграмма додам.
Вақте ки аз почта баргашта ба хона омадам, мактуби 22 апрел фиристодаатонро ба ман расонданд. Аз ин мактуб масъала равшан шуд.
Ман аз ин хусусияти Шумо, ки агар ба ягон тангӣ афтодани ягон рафиқро ҳис кунед, фавран ба ёрмандӣ мерасед, бисёр миннатдорам ва аз ин ҷумла ба ин коре, ки дар ҳаққки ман кардед, бениҳоят ташаккур мекунам. Лекин бинобар сабабҳое, ки ҳозир Қорун шудани худро дар мактуби аввалиам арз карда будам, ба қабул кардани ин маблағ ҳеҷ эҳтиёҷ надорам ва аз ин ҷо, ки Шумо дача гирифтаед ва бояд бачагонро ба он ҷо кӯчонида тарбия намоед, Шуморо аз худ муҳтоҷтар медонам. Бинобар ин бо камоли ташаккур ва узр ин маблағро, бе он ки аз почта гирам (баъд аз ид ки почта ба кор медарояд), ба худатон бармегардонам ва умедворам, ки Шумо ҳамин тарз ҳисоб мекунед, ки ман ин маблағро барои бачагонатон, ки дар айни замон бачагони ман ҳам мебошанд, ҳадя кардаам.
Ин радду бадал як манзараи шоирона медиҳад, ки мо мисли инро дар афсонаҳо дар байни дӯстон хондаем.
Такрори арзи шукрон мекунам ва узр металабам, ки аз ин баргардонии ман дилгир нашавед.
Бо камоли эҳтиром Айнӣ
Албатта дар вақти аз Сочӣ баргаштан ва ба вокзали Қазон баромадани хоҳаратон боз Шумо хеле ташвиш хоҳед кашид, ки ман барои вай пешакӣ арзи миннатдорӣ мекунам ва он гуна ёрмандиҳоро баробари миллионҳо ёрмандии пулӣ медонам.
Айнӣ
19
Москва, 14 май 1939
Рафиқи азиз ва мӯҳтарам Айнӣ!
Дирӯз ҳазор сӯмро гирифтам. Ҳамон тавр, ки пештар навишта будам, албатта ки намеранҷам. Аммо, росташро гӯям: агар ман будам ба ҷои шумо, ҳазор дафъа ҳам Қорун шуда бошам, ин пулро пас намефиристодам. Хуб, он тавр ки Шумо хостаед, шуд. Ризоияти Шумо асоси орзуи ман аст.
Мо рӯзи 12-ум боистӣ ба дача мекӯчидем. Барои пазироии хоҳарам нарафтам. Аммо то имрӯз ҳанӯз на хат, на телеграмма аз он кас нагирифтаем. Намедонам кай аз Сочӣ берун меоянд ва бо кадом поезд? Дар ҳар ҳол то 20-ми моҳ мунтазир мешавем. Ман метарсам, ки хоҳарам шарм карда, телеграмма нафиристанд ва танҳо дар Маскав парешон шаванд. Охир ёфтани билети роҳи оҳан то Самарқанд мушкил аст. То дина боз ҳам осуда будам. Аммо имрӯз фикрам парешон шудан гирифт. Мабодо он кас омада ва бехабар раванд. Агар билет ва плоскарти яккаса дошта бошанд, гап нест ку, аммо барои ёфтани плоскарт шабро дар вокзал хоб кунанд, чӣ?... Наход ки ба хонаи мо намеоянд? Хайр, боз ҳам то 20-ум 6 рӯз аст... Шумо ваъда додед, ки дар бораи шеърҳо назарияи худро нависед. Ман мунтазири ин ҳастам.
Ҳоло бачаҳоям ҳама саломат ҳастанд. Ба Шумо ва бачаҳотон салом мерасонанд.
Бо салом ва эҳтироми тамом
Лоҳутӣ
20
Самарқанд, 6 апрели 1940
Фозили, мӯҳтарам, устоди муаззам рафиқ Лоҳутӣ!
Мактуби шафқатуслуб, ки 26 март навишта будед, 3 апрел расид. Аз муваффақиятҳои имзои мактуб мамнунам, аз ин ваҷҳ аз Миршакар ва Деҳотӣ ҳам хат буд.
Аз ояндагон хабари муваффақияти «Кова»-ро ҳам шунидем, ки фахри Даҳрӯза хоҳад шуд.
Деҳотӣ аз Маскав омад, назар ба қавли ӯ ҳарчанд ман дар телеграмма «8 март аз Самарқанд бо поезди 8 дар вагони международний ҳаракат кард» гуфта, сареҳ навишта бошам ҳам, дар ваколатхона ҳаракати поездро аз Сталинобод ҳисоб карда, як рӯз баъд ба вокзал баромадаанд.
Бо саҳви онҳо Бону ҳам ташвиши муфт кашидаанд (Аз ман узру ташаккур навиштанатонро хоҳишмандам).
Аз Сочӣ хат гирифтам, поезд то Маскав 12 соат дер монда, ба вокзали Москав соати даҳи рӯзонаи 13 март расиааст, чун дар вокзал каси шиносеро надидааст, таксӣ гирифтааст ва ба вокзали Курски рафтааст ва дар он ҷо ҳам поезди Сочӣ тайёр будааст, зотан билет то Сочӣ буд, дар он ҷо бо осонӣ скорый ва плоскартро ба даст дароварда Сочӣ рафтааст. Ҳарчанд рӯзи вурудаш ба Сочӣ аз мӯҳлати путёвка ду рӯз пеш бошад ҳам, ӯро ба санатория қабул кардаанд ва аз он ҷо бо телеграмма аз вурудаш ба Сочӣ ваколатхонаро хабардор кардааст.
Ҳар чӣ бошад ҳам, ин тасодуф ва ғалатфаҳмии ногувор бо хушӣ ва осонӣ гузаштааст.
Бачагон саломатанд. Холида арзи ташаккур дорад, аввалин ҳикояашро дар журнал дида хеле хурсанд аст. Боз як ҳикоя доштааст, ки то ҳол ба ман нишон надодааст (ҳикояи аввалинашро ҳам додараш дуздида ба ман нишон дода буд). То ҳол се бор кор кардааст, мегӯяд, ки дар таътили тобистонӣ боз як бор кор карда, покнавис карда, баъд аз он ба Шумо нишон медиҳам ва агар писандед, ба матбуот мефиристонам.
Камол як фолклорро аз як кампир шунида кор кардааст, тобистони гузашта ба ман нишон дода буд. Дар таътили зимистонӣ боз як бор кор кардааст.
«Ба матбуот фирист» гуфтам, «не» мегӯяд, «ҳоло ман хурдам, шарм медорам, ҳар вақт ба 16 дароям, баъд мефиристонам».
Аммо фолклоре, ки ӯ кор кардааст, хеле хуб аст, ки домуллоимомро расво мекунад, қобили чоп аст.
Худам ба тариқи доимӣ ба таҳрири «Луғати русӣ-тоҷикӣ» машғулам. Колпаков (корманди илмии базаи тоҷикистонии Академияи фанҳо) бо ман кор мекунад. Азбаски ӯ аз Ҳукумат харҷи сафар ва рӯзина мегирад ва ҳам бе харҷе дар гостиница менишинад, ман бо вуҷуди қувватам кам будан кӯшиш мекунам, ки зиёдтар кор кунам, то ки ба ҳукумат бори зиёд нашавад.
Бо саломи рафиқона
Айнӣ
21
Самарқанд, 4 августи 1940
Рафиқи мӯҳтарам Лоҳутӣ!
Дерест, ки аз Шумо мактубе нагирифтаам, худам ҳам айбдорам, хате нанавиштаам. Ба наздикӣ Абдушукур омада хабари саломатиатонро расонид, ба хонаи боб гузаштанатонро ҳам гуфт.
«Марги судхӯр», «Ятим», «Фирдавсӣ» ба наздикӣ аз чоп баромада буданд, як нусхагӣ ёдгорӣ фиристода шуд, аммо агар «Фирдавсӣ»-ро ҳам як нусха мефиристодам, баста ноҳамвор мешуд, бинобар ин ду нусха фиристодам ва тафоул карда як нусхаашро ба номи Далер навиштам. Охир вай ҳам бояд мактабхон шуда бошад ва лозим аст бидонад, ки мо ҳам классик дорем.
Бачагон дар боғанд, хоҳаратон ва ҳамаи бачагон салом мерасонанд. Худам шабҳо ва рӯзҳо ҳам дар вақти кор дар ҳавлӣ мебошам, фақат бегоҳонӣ баъд аз фароғи кор боғ меравам ва соатҳои нӯҳ-даҳ бармегардам.
Бештарини ин тобистони ман дар роҳи кор кардан бар болои классикҳо рафт. Абуалӣ Синоро дубора (кор) карда аз асарҳояш баъзе (порчаҳо) ҳамроҳ карда шуд. Барои Рудакӣ як маҷмӯаи алоҳида сохта шуд. «Бустон»-и Саъдиро интихоб карда 4 ҳазор мисраъ гирифтам ва эзоҳ додам. Барои вай як муқаддима ҳам навиштам.
Ман шунидам, ки Саъдиро ба шоири форс-тоҷик номидан баъзе шарқшиносон розӣ намешудаанд, аммо ман аз тарҷеъбанди ӯ ёфтам, ки вай худро тоҷик номидааст. Ӯ мегӯяд:
Гуфтори хушу лабони борик,
Мо атяба фока ҷалла борик
Ё зорибати бисайфи лаҳзек
Валлоҳи қаталтани баҳотик
Аз баҳри худо, ки моликон ҷавр
Чандин накунанд бар мамолик,
Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик.
Ман ҳамин масъаларо ҳам дар охири муқаддима илова кардам.
Ҳозир дар болои асарҳои тоҷикии Навоӣ кор карда истодаам.
Ба рафиқа Бону аз ман ва аз хоҳаратон салом расонидаатонро орзумандам. Аз чашми бачагон мебӯсам.
Бо саломи рафиқона
Айнӣ
22
Москва, 17 августи 1940
Рафиқи мӯҳтарам устод Айнӣ!
Мактубу китобҳои Шумо чанд рӯз пеш ба Маскав расида бошад ҳам, ман дирӯз онҳоро гирифтам. Сабаб ин аст, ки ҳанӯз дар дача ҳастам ва ҳафтае як бор ходимаро барои харидани хӯрокворӣ ба шаҳр мефиристам. Зимнан рӯзномаҳо ва хатҳоро ҳам ҳамроҳи худ меоварад. Ин дафъа илова бар ризои ҷисмӣ ғизои рӯҳии мо ҳадяҳои пурқимати Шумо шуданд, ки ба ин фаровонӣ бисёранд. Махсусан Далери ман чунон хурсанд шуд... - «барои ман махсусан навиштаанд, амакам!» ва ба ҳама кас китобро нишон дода мефахрид. Ба меҳрубониҳои Шумо ташаккур! Асарҳои наватон барои халқи тоҷик ганҷинаҳои наве ҳастанд, ки боигарии адабиёти тоҷикро афзун мекунанд. «Чашми бад дур!» Ҳанӯз як китоби шумо хонда нашуда китоби дигар мерасад. Чӣ қадар бояд Тоҷикистон хурсанд бошад...
Ман бошам, хеле хурдагир ҳастам ва дернавис. Як контата барои концерти охирини дар даҳаи Тоҷикистонро 4 моҳ пеш навишта бошам, фақат моҳи гузашта хотирҷамъ шуда, онро тамомшуда ҳисоб кардам. Ман як нусхаи онро барои Шумо мефиристам ва хоҳиш мекунам, ки назарияи худатонро марҳамат карда ба ман менависед. Чӣ кунам? «Зи дасти кӯтаҳи худ зери борам, Ки аз болобаландон шармсорам», асари қобили ҳадя надорам. Аммо умед ҳаст, ки «Девон»-и дуюм баъд аз як моҳ аз чоп барояд ва ба хидмати Шумо бифиристам. Хидмати хоҳари муҳтарама аз ман ва ҳамаи аҳли хона салом бирасонед. Холидаи азиз, Камоли пурматонат ва хоҳарчаи пурфатонаташро салом мерасонем.
Бо саломи рафиқона Лохутӣ
23
Самарқанд, 26 сентябр, 1940
Устоди мӯҳтарам, рафиқ Лоҳутӣ!
Ду мактубатон паи ҳам бо ду нусха таронаи «Гуселкунандагон» расид. Ду нусха будани он бисёр хуб шуд, ки лотиниашро ба бачагон ва арабиашро ба худам гирифтам. Албатта лотиниашро мувофиқи арабиаш дуруст кунонидам.
Ҷавоби мактубҳо ва арзи ташаккур дер монд, сабабаш ин буд, ки ба муносибати юбилеи садсолагии Камина ба Туркманистон даъват шуда будам, умедворам, ки ташаккур ва арзи маро қабул фармоед.
Рафиқони туркман барои Камина, ки шоири халқи туркман будааст, хеле тӯи тантанадор гузарониданд. То рӯзи тӯй асарҳои Каминаро ҳам ба забони туркманӣ, ҳам ба забони русӣ чоп карда баровардаанд. Аз ғайри ин 6 китоби дигар аз адабиёти халқии туркман чоп кардаанд, ки ҳама бо техникаҳои бисёр аъло. Аз шакли ин китобҳо гумон мекунед, ки асарҳои Пушкинро дар Ленинград чоп кардаанд. Як роман, 27 печатний лист ҳам аз нависандагони ҳозира ба ҳамон техникаи хуб чоп кардаанд. Ҳамаи ин китобҳо дар Ашқобод чоп шудаанд. Аз республикаҳои бародарӣ қариб сад нафар меҳмон буд. Ҳамаи роҳбарони ташкилотҳои партиявӣ ва советӣ, хоҳ рус бошад, хоҳ туркман, аз аввал то охир ба тӯй шахсан иштирок карданд. Ба болои ин оид ба ҳаёти Камина рафиқ Скосыров ба забони русӣ як романи калон нависонда омад, ки ҳам ба забони русӣ, ҳам ба забони туркманӣ чоп шуда баромадааст. Ҳозир рафиқони туркман ба тӯи Махтумқулӣ тайёрӣ мебинанд, ки ӯ шоири хубест. Асарҳои ӯ то инқилоб ба забони русӣ ва ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шудааст. Ин тӯй дар соли 1942 мешудааст. Ӯ дар соли 1780 вафот карда будааст. Ҳарчанд тӯй дар соли 42 шуданӣ бошад ҳам, то ҳол тарҷумаи шеърҳои ӯ ба забони русӣ тайёр шудааст. Ӯзбекон як масал доранд, ки мегӯянд, «ғайратлидан имон қутулмас» (аз одами боғайрат имон халос намешавад»), Ин масал дар ҳаққи рафиқони туркман тамоман дуруст аст. Инҳо то инқилоб ҳаёти кӯчманчигӣ мегузарониданд. Аз тарбияи партияи Ленин чунон фоида бурданд, ки номи худро ба қатори миллатҳои мутамаддин дароварда тавонистанд. Аммо тоҷикон, ки маданияти чандинҳазорсола ва адабиёти ҳазорсолаи зинда доранд, бисёр суст меҷунбанд.
Дар поёни гап ҳаминро гуфтан даркор аст, ки то ҳол дар байни тазкира ва таърихчиёни Шарқ ва ҳам шарқшиносон дар бораи ватани Рӯдакӣ ихтилофе буд. Ӯро баъзеҳо аз Бухоро ва баъзеҳо аз Самарқанд мегуфтанд.
Ман аз рӯи тафтишоти охириам, аз рӯи як ривоят, ки ровиаш астарободӣ буда, дар Самарқанд зиндагонӣ карда, дар ҳамон ҷо баъд аз 60 соли вафоти Рӯдакӣ мурдааст ва қабри Рӯдакиро зиёрат кардааст, қарор дода будам, ки Рӯдакӣ аз Самарқанд аст, чунки ин ровӣ аз қарияи Рӯдакӣ Самарқанд мегӯяд.
Аммо ман дар паи тафтиши дар куҷои Самарқанд будани деҳаи Рӯдак афтодам. Дар наздикӣ дар вақти ремонти ҳавлӣ ба кори ман як мардикори моғиёнии фарбеҳе омад, ки аз райони Панҷакент аст Ман аз вай номи деҳаҳои ба онҳо наздикро пурсидам, маълум шуд, ки Рӯдак ва Панҷрӯд-Панҷрӯдак (ҳамаи инҳо ба Рӯдакӣ дахл доранд) дар кӯҳистони Панҷакент будааст. Ман ин маълумоти ҳавоиро ба котиби райкоми Панҷакент навишта тафтишро хоҳиш кардам. Котиби райком шахсан ба хонаи ман омада, ин маълумотро тасдиқ кард.
Ҳоло бо ташаббуси ман як экспедицияи тадқиқотӣ аз тарафи базаи тоҷикистонии Академияи илмҳо ва Комиссариати маорифи Тоҷикистон ба он ҷо фиристода шуд. Умедворем, ки ин экспедиция маълумоти равшани расмие биёрад.
Дар он сурат дар илм ва адабиёт як кашфиёти калон ба вуҷуд меояд.
Бояд тоҷикон аз ҳамин рӯз cap карда барои 1952, ки дар вафоти Рӯдакӣ ҳазор сол пур мешавад, тайёрӣ бинанд. Аммо намедонам, ки чӣ кор карда метавонанд.
Ба рафиқ Бону ва бачагон аз аъзои оилаи ман саломи гарму ҷӯшон. Хоҳаратон барои тайёр шудан ба Узгу (Институти Давлатии Ӯзбекистон) ба курси тайёрӣ даромад. Аммо сиҳатиаш хуб нест, намедонам муваффақ мешавад ё не. Аз ӯ ба Шумо ва мӯҳтарам Бону саломи махсус аст.
Бо саломи рафиқона Айнӣ
Номи кӯча ва нумраи ҳавлии ман дигар шуд:
Самарқанд, улица Лаби Ғop, дом номер 103 а.
Айнӣ
24
Москва, 25 октябри 1940
Муҳтарам устод Айнӣ, салом!
Ҷавоби хататонро дер навиштам. Гунаҳкорам, бубахшед. Бемории ҳама хонавода ва илова корҳои таъҷилӣ буд. Аз ширкати Шумо дар маҷлиси ҷашни Камина бисёр хурсандам. Намедонам аз Тоҷикистон нависандагони дигар ҳам иштирок карданд ё на. Ба фикри ман, барои онҳо таҷриба мешуд. Дар бораи ҷашни Анварӣ, Рӯдакӣ ва даҳҳо нависандагони пурқимати тоҷик ёдовариҳо ва маслиҳатҳои Шумо (бидуни риёкорӣ) қимати калон дорад. Фақат бояд кӯшиш кунем, ки ба ин гуна икромҳои олӣ ҳама ҷомеаи советии республикаамон алоқаманд шаванд. Бидуни ширкати ҷиддӣ бо алоқа ва боварии тагидилӣ ин хел корҳо ноқис монда, дуруст ба анҷом намерасад. Базаи академияи улум, комиссариати маорифи халқӣ, нашриёти давлатӣ, союзи нависандагон, ташкилоти партиявӣ ва хукуматӣ, музей, китобхона ҳама ва ҳама бояд ба ин гуна ҷашнҳо-ҷашнҳои намоиши ифтихормандии таърихи халқи озоди тоҷик, ҷашни намоиши ҳосилот ва натиҷаҳои Инқилоби кабири социалистии октябр иштирок кунанд. Масалан, магар рассомон, композиторҳо, коркунони театр ва инҳо барин мардумон ба чунин ҷашнҳо иштирокашон даркор не? Аммо ҳамаи ин корҳо-беҳтар гӯем, ҳеҷ кадом аз онҳо худсарона натиҷаи хуб намедиҳад. Ҷамъияти нависандаҳо бояд ин корро ба таври ташкилоти идора ва раҳбарӣ кунад. Раҳбарӣ ва ёрии партия ва хукумат ҳамеша буда ва ҳаст. Бояд умедвор буд, ки союзи нависандагон баробари кашф кардани «ғайбҳои бузург»-и мо ба ин хидматҳои лозима ҳам чунон ки бояду шояд иқдом мекунад.Нависанда ва шоири ҷавони мо Юсуфӣ дар мақолаи худаш дар «Тоҷикистони сурх» 19 октябр лирикаи маро мухолифи ахлоқи ҷавонони советӣ муаррифӣ кардааст. Чаро ки дар он аз ишқ сухан меравад. Аз он ҷо ки Шумо синнан аз пирони советӣ ҳастед, ман ҷуръат мекунам, ки ғазали дар санатория гуфтагиамро бароятон бифиристам. Чунон ки хоҳед дид, дар он на самолет, на тӯп, на танк, ҳатто як чокуш ҳам нест. Аммо дар он дил ҳаст, ишқ ҳаст, ки барои тайёрачиёни советӣ, тупчиён, танкистҳо ва ҳама мудофиони Октябри Кабир доштанашон воҷиб аст ва онҳоро доранд ҳам.
«Уштур ба шеъри араб, дар ҳолат асту тараб,
Ту худ чӣ ҷонварӣ, к-аз шеър бехабарӣ...»
Дар ин ҷо «к-аз ишқ бехабарӣ» гуфтани соҳиби байт дар¬кор буд.
Бо саломи бародарӣ
25
Лоҳутӣ
Москва, 30 октябри 1940
Устоди мӯҳтарам Айнӣ, салом!
Аз омадаии «Ятим» ва «Одина» ба хонаи амакашон бисёр хурсанд ҳастем. Ду касро, ки тавонанд намунаи ҳамаи халқи меҳнаткаши тоҷик бошанд, беҳтар дидам, ки аз фарзандони Шумо гирам. Ин аст, ки онҳоро даъват кардам. Онҳоро бад пазироӣ накардам ки?...
Хайр, ба ҳамаи аҳли хонаатон аз ҳамаи хонаводаи ман салом.
Лоҳутӣ
26
Москва, 7 ноябри 1940
Устоди мӯҳтарам!
Имрӯз аз рӯзномаҳои Тоҷикистон фаҳмидам, ки дар муқобили хидматҳои чандинсолаатон, хидматҳои пурбаҳо ва барои халқи советӣ зарур ба номи шумо монанди олим, хидматнишондода илова кардаанд. Мехоҳам бигӯям, ки хид-матҳои илмии шумо, ки адабиёт, забон ва таърихи тоҷикро боигарии бузург додааст, баҳои ҳақиқӣ аз тарафи партия ва ҳукумати советӣ гирифт. Ин ба ҳамаи меҳнаткашони Тоҷикистон хурсандӣ медиҳад, махсусан ба дӯстони Шумо шараф ва сарбаландист. Азбаски дер хабарро шунидам (чунон ин дар боло навиштам, газетаҳоро ҳамин рӯз гирифтам), фиристодани телеграммаро ҳам дершуда ҳисоб кардам. Албатта, мебахшед. Ман ба василаи ин хат табрики самимонаи худро ба Шумо тақдим карда, аз дилу ҷон дасти Шуморо фушурда, бисёр зиндагӣ кунед ва бешумор ба халқи советӣ фоидаҳои илмию адабӣ диҳед, мегӯям. Ин орзуи ҳақиқии ман аст. Риё нашавад гуфта, беш аз ин чизе наменависам.
Бо салом ва иродат
Лоҳутӣ
27
Самарқанд, 24 ноябри 1940
Рафиқи мӯҳтарам, устод Лоҳутӣ!
Мебахшед, ки бо монеаҳои гуногун ба шафқатномаҳои гуногуни шумо то ҳол ҷавоб навишта натавонистам.
Аз ҳама пештар рухсат диҳед ба табрик ва изҳори шодмонӣ, ки ба муносибати ба ман дода шудани номи «Ходими хизматнишондодаи илм» кардаед, арзи ташаккури самимона намоям.
«Ҳадяи Заррина» ҳам дар вақти худаш расида буд. Алҳак «Одина» ва «Ятим»-и маро хуш пазироӣ кардаед. Худам ҳам «Одина»-ро яке аз меваҳои пешпазаки чорбоғи ҳаёти худ ва «Ятим»-ро яке аз беҳтарин асарҳои замонии худ мешуморам.
«Ҳадяи Заррина»-ро дар рӯзнома ҳам хондам. Маълум мешавад, ки коркунони редакция ин хушпазироии шуморо написандидаанд ва ба ҷои «Ятим»-у «Одина» калимаи «фақерак» гузоштаанд.
Шеър ва мактубе, ки ба номи Холида фиристода будед, дар вақти худ расида буд. Ӯ то ҳол арзи ташаккур накардааст: «Ман танҳо як чизи ноарзанда навиштам ва ба муқобили он аз тарафи падари маънавиам ин ҳама меҳрубонӣ дидам. Аммо шарм медорам, ки ташаккур кунам. Ҳар вақт ягон чизи дигар нависам, он маънан арзи ташаккур мешавад. Ҳоло ки дар нуҳум класси мактаби русҳо хонда истодаам, наметавонам, ки чизи наве нависам» мегӯяд.
Дар бораи мақолаи Юсуфӣ таассуроти худро изҳор кардаед. Ман ҳам дар вақти хонданам он мақоларо мутаассир шуда будам. Шеъри лирикие, ки ба ин муносибат бо он мактуб фиристодед, ҳақиқатан ба авҷи аълои лирика баромадааст. Бо ин ҳама баландӣ, ин ҳама содагӣ ин шеър маро аз шавқ ба ҳаяҷон овард, ки мо ин гуна намунаҳоро дар классикҳо надидаем. Ман наметавонам, ки дараҷаи софӣ, содагӣ, равонӣ ва ба болои инҳо ин қадар баландии ин шеърро тақдир намоям. Фақат дар тавсифи ин шеър метавонам, ки аз як таъбири танқидчиёни классик (агар фаромӯш накарда бошам, аввал ин таъбирро Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст) фоида барам. Ин шеър бо тамоми маънояш «саҳли мумтанеъ» аст.
Азбаски дар байни ману шумо нифоқу риёро ҷое нест, як хӯшаро, ки дар мақтаи ин шеър ба хотирам расид, изҳор кунам. Ин дар мисраи «Покиза бидораш, ки ба дастӣ сабаб аст ин» аст. Ман гумон мекунам, ки дар байни ҳукамои қадим як ҳамин гуна ҷараён буда, ишқро сабаби хилқат мешуморанд, баъзе мутафаккирони суфияи ислом ҳам ин назарияро бо таъбирҳои гуногун дар таълимоти худ даровардаанд. Ин таълимот бояд ба марксизм мухолиф бошад, лекин ман дар ҳақиқат на он назарияи ҳукамои қадим ва на марксизмро ба хубӣ намедонам. Шумо инҳоро аз ман беҳтар медонед. Фикр карда бинед, агар дар ҳақиқат ҳамин гуна фикрҳо дар таърихи фалсафа бошад ва ба марксизм мухолиф бошад, дар вақти ба чоп фиристодан ин мисраъро ислоҳ хоҳед кард. Аммо агар ман дар ин фикри худ хато карда бошам, хатоямро ба самимиятам хоҳед бахшид.
Воқеаи наве, ки имсол дар таърихи адабиёти форс-тоҷик рӯй дод, ёфт шудани деҳаи Рӯдак (ҷои таваллуди устод Рӯдакӣ) ва қабри Рӯдакист. Маълум аст, ки то ҳол дар байни аҳли таърих ва тазкираҳо ихтилоф буд, ки Рӯдакӣ аз Бухорост, ё Самарқанд. Ман дар вақти навиштанам «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро фикри аввалиро тарҷеҳ карда будам. Аммо имсол ки дар бораи Рӯдакӣ мақола на-виштам, ба асоси як манбаи арабӣ, ки ривояти худро аз Идрис ном нақл мекунад ва ин Идрис астарободӣ буда, умри худро дар Самарқанд гузаронидааст ва дар ин ҷо пас аз шаст соли вафоти Рӯдакӣ мурдааст, ҳам таърихи Астаробод ва ҳам таърихи Самарқандро навиштааст. Идрис мегӯяд, ки Рӯдакӣ аз қарияи Рӯдак аст. Дар ҷои дигар мегӯяд, ки қабри Рӯдакӣ дар Панҷрӯдак аст, ки яке аз қарняҳои Рӯдак буда, дар навоҳии Самарқанд аст.
Аммо намедонам, ки ин Панҷрӯдак ва Рӯдак дар куҷои Самарқанд бошад. Профессор Семёнов, ки имсол дар ин бора мақола навишт, дар мақолаи худ қайд кардааст, ки Рӯдак ва Панҷрӯд дар 15-километрии шаҳри Самарканд аст. Аммо ман бо пурсуков аз атрофи Самарқанд ба ин номҳо деҳае наёфтам ва ба тариқи ҳазл ба Деҳотӣ гуфтам, ки охир Рӯдак аз Панҷакат ёфт мешавад. Ин сухан зоҳиран ҳазл бошад ҳам, ба ақидаи худам ҷиддӣ буд ва бинобар ин ба ҳамин асос тадқиқот ба кор бурдам. Имсол дар моҳи июл вақте ки ҳавлии худро ремонт мекардам, як мардикорро ба кор овардам. Ӯ аз деҳаи Фароби Панҷакат будааст. Аз вай Рӯдак ном деҳаро пурсидам. Ӯ тасдиқ кард, ки дар Панҷакат ҳаст, аммо ӯ надидааст ва бобои ӯ, ки ҳанӯз зиндааст, дидааст. Панҷрӯд (Панҷрӯдак) ҳам дар ҳамон ҷоҳост. Инро ҳам шунидааст. Ман ин маъниро ба секретари якуми райкомпартияи Панҷакат-ба рафиқ Муҳаммадиев навишта, аз вай илтимос кардам, ки ин маълумотро пурсуков кунад. Ӯ баъд аз чанд рӯз шахсан пеши ман омада маълум кард, ки Рӯдак ва Панҷрӯд-ҳар ду ҳам дар Панҷакат ҳастанд ва аз маркази район тахминан 60-70 километр меоянд. Ман ин маълумотро ба Сталинобод ба Союз на-вишта илтимос кардам, ки як экспедициям расмӣ фиристонад. Аз ин ҷо аз базаи академия Бузургзода ва аз Наркомпросс Гарритский ном як таърихшинос омаданд ва маро раҳбари экспедиция қарор додаанд. Азбаски барои баромадан ба болои кӯҳи баланд дили ман тоб надошт, ман ҳамаи маълумот ва нишонаҳоро ба онҳо дода фиристодам. Онҳо рафта қабри Рӯдакиро ёфтанд. Ба қишлоқи Рӯдак бошад Гарритский нарафта, танҳо Бузургзода рафта омад ва ҳардуи инҳо ҳам ҳамаи маълумотеро, ки ман ёфта будам, тасдиқ карданд.
Аммо вақте ки Гарритский бо мухбири радиои Москва мусоҳиба кардааст, ҳамаи ин кашфиётро ба худ нисбат додааст. Ба қавли ӯзбекон «тайёр ошга бақавул» (боварҷии оши тайёр).
Ман имсол бо даъвати панҷакентиҳо 11 ноябр ба болои кори канали Марғедар рафтам, ки дар кӯҳистон дар шаст километр дуртар аз маркази район фарҳодвор сангро бурида кофта истодаанд. Дар он ҷо ман бо панҷрӯдиён ва ҳам бо рӯдакиён мусоҳиба кардам. Рӯдакӣ дар байни онҳо ба унвони як олими 400 шутурдор (чунон ки дар тазкираҳо маълуманд) ва ба унвони Уфорӣ (уфарӣ, яъне сознавоз) машҳур будааст. Ҳатто мегӯянд, ки азбаски шутурдорӣ дар кӯҳистон душворӣ кардааст, Рӯдакӣ чанд вақт ба Самарқанд ва Бухоро кӯчида рафта будааст. Дар охирҳои умраш боз омадааст.
Акнун ба ман маънии таъбири манбаи арабӣ маълум шуд, ки дар вай Рӯдак ва Панҷрӯд (Панҷрӯдак) аз навоҳии Самарқанд шумурда шудааст. Ноҳия ба маънои арабиаш ба канори дур кор фармуда мешавад. Дар ҳақиқат ҳам Панҷакат то размежевание, то соли 1925 яке аз районҳои (ноҳияҳои) Самарқанд ба шумор мерафт.
Ман дар сари кори канал бо бисёр колхозчиён мусоҳиба кардам. Номи қишлоқҳои онҳо диққати маро ҷалб кард: шумо аз куҷо?-Аз Ҳуснобод, Шумо чӣ? Аз Нигинобод. Шумо аз куҷо? Аз Майкада, Шумо чӣ? Аз Зебон (Зебиён) ва ҳоказо. Ҳақиқатан районе, ки ба деҳаҳои худ ин гуна номҳои шоиронаро қабул кардааст, ҳақ дорад, ки монанди Рӯдакӣ як устоди номурдании шеъру музикаро расонад.
Дар вақти кори канал ягона як роҳи кӯҳӣ, ки ба Рӯдак мерафтааст, муваққатан баста шудааст. Вагарна ман ба он ҷо ҳам мерафтам. Чунки Рӯдак аз сари канал 8 ё 10 километр будааст.
Ин кашфиёт хеле муҳим аст.
Ба ҳамаи аҳли хонадонатон аз худам ва аз ҳамаи аҳли хонаводаам саломи самимона.
Бо саломи рафиқона
Айнӣ
28
Самарқанд, 15 феврали 1941
Мӯҳтарам рафиқ Лоҳутӣ!
Ман қариб тамоми ин замистонро дар мусофират гузаронидам. Аввалҳои декабр ба Тошканд ва Бухоро рафта шеърҳои тоҷикии Навоиро ғундоштам. Дар бозгашти ин сафар чанд рӯз дар хона монда маҷмӯаи Навоиро, ки дар тоҷикӣ тартиб дода будам, бо шеърҳои мазкур пурра карда ба Тоҷигиз фиристодам.
Баъд аз он фаврӣ боз Тошканд рафтам; чунки рафиқони ӯзбек дида баромадани луғатҳои Навоиро, ки аксаран форсӣ ва арабӣ буда ба чоп тайёр нашуда буд, ба ман ҳавола карда, маро ба Тошканд даъват карда буданд.
Ин дафъа дар Тошканд 17 рӯз истода кори мазкурро иҷро намудам.
Бо салом ва эҳтироми дӯстона
Айнӣ
29
Москва, 11 май 1953
Устоди назму наср, фозили мӯҳтарам Садриддин Айнӣ!
Аз он ҷо ки ин табрикномаи бериёи ман ба идораи нависандагон нарасидааст, имрӯз онро дубора боист ҳавоӣ барояшон фиристодам. Ин саводро ҳам барои худатон мефиристам ва аз дилу ҷон табрик мегӯям. Аз ҳама аъзои хонаводаам ба ҳама касони Шумо салом ва табрик мегӯям.
Бо салом ва эҳтироми комил
Лоҳутӣ
Ба ҳафтоду панҷсолагии фозил ва адиби
мӯҳтарам Садриддин Айнӣ
Ҳафтоду панҷ сол зи умри муборакаш
Бигзашту боз ҳуши ҷавон аст ҳуши ӯ.
Ҳафтоду панҷ чӯби ситам хурду ҳам нашуд
Пеши амири хоин мардона пушти ӯ.
В-имрӯз бори хидмати халқи азизи хеш
Бо шавқ мебарад ба сари дӯш инчунин.
Ин навҷавони мӯйсафеди тавилсин
Аз кӣ гирифт қудрат ин гуна? Аз Ленин.
Уммед ин ки аз асари табъи олияш
Гардад китобхонаи тоҷик мол-мол.
Маънои дигаре ҳам дорад умеди ман
Яъне расад ба синни ду ҳафтоду панҷ сол!
Омин!

 САРСУХАН БАРОИ "НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОЧИК"

Аз бозе ки вақоиъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон чунон ки як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳею амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ, астархонӣ ва манғит, ки ирқан муғул, турк ва узбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст. Пас, маълум мешавад, ки дар ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба
сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост. Дар ҳолати ҳозира ҳам мо мебинем, ки дар Бухоро, Самарқанд, Истаравшан, Хуҷанд, Фарғона, Фалғар, Масчоҳ
ва умуман дар шарқии Бухоро ин қавм зиндагонӣ доранд ва забон, урф, одат ва адабиёти худро батамому камол нигоҳ доштаанд. Баъд аз Инқилоби Уктабр дар Туркистон ва Бухоро ҳукуматҳои шӯроӣ азбаски ба номи узбак таъсис ёфт, рӯзномаҳо, фармонҳо, дастуруламалҳо, китобҳои мактабӣ ва китобҳои сиёсӣ ҳама ба забони узбакӣ нашр шуданд, қавми тоҷик, ки соҳиби маданияти қадима ва дорои адабиё-
ти нафиса буд, аз адабиёти нави инқилобӣ, аз мактабҳои шӯроӣ ва аз гузориши аҳволи дохилию хориҷӣ ва аз тарбияти сиёсӣ ва билҷумла аз тамоми меваҳои Инқилоб маҳрум монд. Қавми тоҷик азбаски аз рӯзномаҳои узбакӣ дуруст истифода карда наметавонист, надонист, ки
Ҳукумати Шӯроӣ ва фирқаи иштирокиюн ба масъалаҳои миллӣ чӣ назар дорад, забону адабиёти миллатҳоро ба чӣ дараҷа тақдир мекунад ва умуман адабиётро чӣ миқдор қимату эътибор медиҳад. Адибони тоҷик, ки умре ба адабиёт машғулӣ доштанд, дар ин аҳд аз ривоҷи маслаку пешаи худ ба куллӣ маъюс шуда, худро ба гӯшаҳои нокомӣ кашиданд ва ба забони ҳол гӯё ки мутаранними «Он Нили маърифат, ки ту дидӣ, хароб шуд» гардиданд. Албатта ин гумону ақидаи эшон аз бехабарӣ буд, зеро агар аз аҳволи ҳозира он чи ҳаст, хабардор мешуданд, медонистанд, ки Ҳукумати Шӯроӣ ва фирқаи иштирокиюн
дар бораи забону адабиёти миллатҳо умуман ва ба адабиёти миллатҳои мазлума хусусан чӣ қадарҳо ривоҷу қимат медиҳад. Маълум аст, ки дар адабиёти сиёсии Араб ва Эрон арбоби сайфу қалам ҳамеша ба ҳам зикр ёфта, идораи дунё ҳар вақт аз ин ду синф чашм дошта шудааст. Бо вуҷуди ин дар аҳди подшоҳони мустабидди Шарқ, билхосса дар замони амиру хонҳои охирии Бухорову Туркистон аҳли қалам чунон ки бояду шояд, қадру эътибор наёфтаанд. Ҳар вақт адибу шоироне, ки подшоҳро маддоҳӣ кардаанду мактаби тамаллуқу риёро некӯ хондаанд, ба нозу неъмат расидаанд, аммо оммаи удабову фузало дар камоли муҳтоҷию сахтӣ рӯзгор гузаронидаанд. Ҳатто ба сабаби танқидоте, ки ба гузориши ҳолоти замони худ ба тариқи сароҳат ё ки ишорат кардаанд, ҷазоҳои сахт дидаанд, ба мусодираву қатл гирифтор омадаанд (дар ин бора дар асли мисолҳо хоҳад дида шуд). Чунончи дар
аҳди амирони охирии Бухоро аз сад шоиру адиб яке ба қасабае қозӣ ё ки ба маҳаллае раис мегардид, ё ба соле садақа гӯён ба гирифтани як ҷомаву сад танга пул аз амир муваффақ мешуд. Бо ин ҳама ин илтифотдидагон аз синфи мумтози удабо набуда, аксаре аз ҷумлаи мутамаллиқини ҳарзагӯй ба шумор мерафтанд. Аммо бисёртарини адибони мумтоз маҳруму матрук мемонданд. Маазолика ҳамин қадар муомилаи амиру хонҳо, ки ҳақиқатан ба чизе намеарзид, ҷавононро ба сӯи адабиёт савқ мекард. Аммо дар аҳди Ҳукумати Шӯроӣ аҳвол тамом
дигар аст. Ҳар адибу шоир ба қадри фазлу камолаш қимату эътибор меёбад. Агар адибони тоҷик, ё ки ҷавонони толиби адабиёти тоҷик аз аҳвол хабардор мебуданд, медонистанд, ки дар замони Ҳукумати Шӯроӣ ҳеч синф ба масобаи синфи адибу муҳаррир ба осудагию фароғи бол зиндагонӣ надорад. Дар ин аҳд шоирону муҳаррирон бо камоли озодӣ аз ғайри маҷбурияти касе ба олами инсоният ё ки ба қавму миллати худ хидмат мекунанд. Муздро бояду шояд аз ҳукумат меситонанд. Илова бар ин аз бандагию маддоҳӣ кардан ба як шахси мустабид, ки ин шева ору нанги инсоният аст, фориғу озод ҳастанд.
Баъд аз таъсису барпо шудани ҳукуматҳои миллӣ дар Осиёи Миёна Ҳукумати Ҷумҳурияти Мухтори Тоҷикистон, ки яке аз меваҳои тадбири миллист, барпо шуд. Ҳукумати ҷавони Тоҷикистон дар аввалваҳла нуктаҳои дар боло шарҳёфтаро ба назар гирифта, хост, ки маҷмӯае ба номи «Намунаи адабиёти тоҷик» нашр кунад. Дар ин маҷмӯа на танҳо асари адибони муосир, ё ки шеърҳои инқилобии шоирони ҳозираро, балки порчаҳои адабии шоирону муҳаррирони тоҷикро, ки аз замони қадим то ҳол дар Туркистону Мовароуннаҳр расидаанд, дарҷ кунонад. Бад-ин восита номи гузаштагонро зиндаву ҷавононро ба адабиёт
ташвиқ намояд. Ба арбоби адабиёти тоҷик хотирнишон кунад, ки «бозори адабиёт имрӯз бештар аз пештар гарм аст. Агар матоъе доред, биёред ва агар димоғе доред, кор кунед! Инак гӯй, инак майдон!» Ҳукумати Тоҷикистон вазифаи худро адо кард. Акнун бинем, то кумайти қалами кадом шермард даванда аст ва дасту панҷаи кадом қаҳрамони нозукхаёл сафҳаорост. Ошиқ бисёр аст, вақт аст, ки шоҳидони адабӣ ба маҷлис бепарда арзи ҷамол намоянд…
Як-ду сухан дар бораи тартиби китоб 

Чун Ҳукумати Мухтори Тоҷикистон ҷамъу тартиби
«Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба камин ҳавола намуд, бо вуҷуди адами иқтидор, бинобар камоли ишқам ба адабиёт ин хидмати муқаддасро қабул намудам. Дар бораи вазъи ин маҷмӯа тартиби зайлро дар андеша гирифтам. Аз аҳди устод Абулҳасани Рӯдакӣ то ҳол аз осори адибони машҳур, ки дар Мовароуннаҳру Туркистон расидаанд, ё ин ки ба ин сарзамин муносибате ба ҳам расонидаанд, ба қадри вусъи

татаббуъи ҷомиъ ва гунҷоиши ҳаҷми китоб намунаҳои ман-
зуму мансур ҷамъ карда мешавад. Ба асарҳои мутааххирин нисбат ба пешиниён бисёртар ҷой дода мешавад, зеро асарҳои мутақаддимин дар девонҳо, тазкираҳо, дар китобҳои адабиёти форсӣ ва дар
«Намунаи адабиёти Эрон» машрӯҳан сабту қайд ёфтаанд. Аммо асарҳои аҳди охирӣ дар баёзҳову тазкираҳо ҷамъ шуда бошанд ҳам, бинобар чоп нашудан дар миёнаи оммаи аҳолӣ шоиъ нестанд. Дар қисми намунаҳои осори муосирин боби алоҳидае барои адибони ҷадиду инқилобӣ тахсис карда мешавад. Бад-ин восита ҷавонони мустаъидро ба адабиёти нави инқилобӣ ташвиқ карда мешавад.
Таърихи ҳаёт, таваллуд ва вафоти ҳар адиберо, ки асараш ба маҷмӯа дарҷ мешавад, ба қадре ки ҷомиъ даст меёбад, муҷмалан қайд карда мешавад. Дар бораи ононе, ки тарҷумаи ҳолашон ба даст надаромадааст, ба маълумоти тақрибию тахминӣ иктифо намуда меояд. Ба ҳар ҳол, бо ҳамаи нуқсон ва камии татаббуъи ҷомиъ ин маҷмӯа дар ин боб муқаддимаворӣ хидмат хоҳад кард. Аммо тадвину такмили ин мавзӯъ чунон ки бояду шояд, хидмати ҷавонони мустаъидди фаъъолро мунтазир аст.

Садриддин АЙНӢ
15 марти соли 1925,
Самарқанд.

  
Гурухи - Забони адабии точики

Устод Айни бо шогирдашон Рахим Хошим. Соли 1926

Рахим Хошим дар бораи устод Садриддин Айни
 Один из самых близких учеников С. Айни, языковед Рахим Хошим, в воспоминаниях писал:
«В 1950 году в беседе устод сказал:
— Если смерть минует меня, я должен сделать две важные работы: должен написать грамматику таджикского языка и другую — о поэтике таджикского стиха, аруз. У нас до сих пор нет такой доступной и ясной по мысли книги, чтоб молодые могли по ней учиться писать.
Я добавил:
— Еще одна работа, устод, вы забыли ее, кроме вас, ее никто не сможет сделать так полно и так емко. Этот труд — роман об Ахмаде Донише, о Бухаре и присоединении Средней Азии к России.
Устод подумал и медленно произнес:
— Этот труд тоже очень важный. Я о нем думал и кое-где мои мысли отразились в „Воспоминаниях“. Тема эта достойна хорошего романа, нужного и полезного. Почему бы ее не использовать молодым?»
Да, Айни ставил перед собой очень важные и нужные, огромные задачи.
АЙНИ Ю. Акобиров, Ш. Харисов
Москва. Молодая гвардия. 1968


Абдусалом Дехоти дар бораи устод Садриддин Айни
«В 1934–1935 годах я был секретарем Союза писателей Узбекистана в Самарканде. Председателем был узбекский писатель покойный Шокир Сулаймонов. Он жил в новом городе. Однажды, это было зимой, Шокир-ака мне сказал:
— Я всегда с домулло Айни встречаюсь только на совещаниях. Нехорошо. Нам надо сходить к нему домой, поговорить. Живем-то в одном городе…
Мы направились в старый город. Устод сидел в большой гостиной, протянув ноги к сандали, и работал. Мы тоже присели и протянули ноги к огню.
Помолчав некоторое время, Шокир-ака сказал:
— Домулло, говорят, что сандали делает человека ленивым.
Домулло тяжко вздохнул и ответил:
— Товарищ Шокир, я за этим сандали написал «Одину», «Дохунду», «Рабов». Вы двадцать лет живете в благоустроенных домах с печкой и отоплением, что же написали вы?
Шокир-ака покраснел и долго извинялся.
АЙНИ Ю. Акобиров, Ш. Харисов
Москва. Молодая гвардия. 1968


Абдусалом Дехоти дар бораи устод Садриддин Айни
В один из весенних дней 1932 года в нашем саду в кишлаке Боги Майдон, что лежит на восточной окраине Самарканда, собрались гости — группа учителей и работников газеты «Хакикати Узбекистан». Одного товарища послали пригласить в гости устода Айни. Мы ему наказали узнать, сможет ли устод приехать на лошади, если нет — то надо будет заказать фаэтон. Оказывается, когда наш посыльный заикнулся о фаэтоне, устод засмеялся и сказал:
— Вы меня принимаете, очевидно, за одного из старинных, чванливых мулл, не умеющих садиться на лошадь. Те если и сядут, то потом не смогут сами сойти. Мы вдвоем поедем на твоей лошади: я ведь такой же, как и ты, крестьянский сын и, слава богу, умел когда-то ездить и на лошади и на осле.
Так они вдвоем и въехали к нам во двор и на одной лошади. Мой отец я дядя, правда неграмотные, знали, как принять дорогого гостя: они выбежали ему навстречу…
Гости прошли в наш сад: там под яблонями их ждали угощения. Я прислуживал гостям и поэтому долго не смог сидеть за одним столом с устодом.
Я был на кухне, возился с чайником, слышу:
— Товарищ Дехоти!
Айни ко всем обращался «товарищ» и не признавал никаких других обращений.
Я пришел. Устод попросил моего отца повторить свои слова. Мой отец изумился: ничего особо примечательного не было в его словах, но было одно очень меткое выражение.
Устод, довольный, посмеивался и говорил всем окружающим:
— Я всегда говорил, что надо учиться языку у народа. Какое сочное слово! Какое меткое выражение!
И еще. В этот вечер я дважды слышал отзывы про устода: соседка наблюдала через забор, как въехал и как пошел в сад устод Айни, и, подозвав меня, спросила:
— Ваш домулло с таким громким именем — и вдруг без чалмы и без напыщенной важности, как же так?
— Представьте, наш домулло когда-то носил большую чалму, но снял ее раньше, чем вы, тетушка, паранджу, — ответил я ей со смехом, но потом серьезно добавил: — Айни — домулло нашего времени, ученый сегодняшнего дня…
…Мой дядя подошел ко мне и тоже с удивлением мне признался:
— Диву даюсь, ваш домулло нисколько не чванится и не важничает, очень уж непривычно видеть великого ученого, запросто беседующего со всеми, не признающего рангов и условностей.
Я хорошо понимал дядю — ведь он на своем долгом веку видел очень многих знатных, брезговавших соседством людей простого звания…
АЙНИ Ю. Акобиров, Ш. Харисов
Москва. Молодая гвардия. 1968





Устод Айнӣ баробари шунидани суханони Сталин якбора ба ваҷд омада, дасти росташонро баланд бардошта, бо шиддат ба рӯи зонуашон зада, гуфтанд: «Оҳ, шарқшиносон мурданд!»
 
Шоири маъруф Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз шогирдон ва дӯстони бисёр наздики устод Айнӣ буданд. Дар сафарҳои Маскав устодро ҳамроҳӣ мекарданд ва дар зарурат вазифаи мутарҷимиро низ ба ҷо меоварданд. Баъзан ҳангоми болидагии табъашон аз суҳбату вохӯриҳояшон бо устод Айнӣ лаҳзаҳои ҷолибро нақл намуда, худашон низ ба завқ меомаданд.
- Соли 1941, дар моҳи апрел, - нақл мекарданд Раҳимӣ, - бори аввал дар Маскав Даҳаи санъати тоҷик барпо гашт. Аз ҳунари волои санъаткорони тоҷик толорҳои Маскав ба ҷӯшу хурӯш омада буданд. Қариб тамоми роҳбарони мамлакат барномаҳоро тамошо мекарданд. Сталин аз бозии Муҳаммадҷон Қосимов дар нақши Отелло ба ваҷд омада буд. Мегӯянд, ки баъди гузашти чандин сол ҳангоми мулоқот бо Бобоҷон Ғафуров – Сталин пурсидааст: «Оё Муҳаммадҷон Қосимов ҳанӯз дар вақти ба ҳалокат расонидани Дездемона ашк мерезад?».
Дар хотимаи Даҳаи санъат дар Кремл ба ифтихори аҳли ҳунари тоҷик зиёфати ҳукуматӣ барпо мегардад. Раҳимӣ дар сари як миз дар паҳлуи устод Айнӣ нишаста, мухтасари баъзе баромадҳоро ба он кас мефаҳмониданд.
- Вақте Сталин ба сухан баромад, - гуфтанд Раҳимӣ, - таваҷҷуҳи ҳама ба сӯи ӯ нигаронида шуд ва аҳли зиёфат дар интизори он буданд, ки вай дар ҳаққи тоҷикон чӣ сухане хоҳад гуфт. Сталин бо оромӣ ва бо виқори ба худ хос гӯё суханҳоро чида – чида интихоб карда, тоҷиконро чун халқи қадимтарин ва дорои тамаддуни ба худ хос васфу ситоиш намуд. Вай бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки тоҷикон аз ҷавҳари даҳо ва хиради хеш нобиғаеро чун Фирдавсӣ ба дунё овардаанд. Устод Айнӣ баробари шунидани ин суханон якбора ба ваҷд омада, дасти росташонро баланд бардошта, бо шиддат ба рӯи зонуашон зада, гуфтанд: «Оҳ, шарқшиносон мурданд!».
Дар паси ин суханони устод беадолатиҳо ва дағалона поймол намудани ҳуқуқи халқи тоҷик ба забон ва адабиёти худ ниҳон буд. Зеро он замон шарқшиносони Маскаву Ленинград ва пайравони онҳо бо ҳадафҳои муғризонаву бадқасдона адабиёти классикии тоҷику форсро аз рӯи ҳудудҳои ҷуғрофӣ тақсимбандӣ намуда, тоҷиконро аз суханварони тавонояшон, ки дар сарзаминҳои Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои дигар зиндагӣ ва эҷод кардаанд, мехостанд ба куллӣ маҳрум намоянд. Яъне, аз паси сари тоҷикон адабиёт ва сухансароёни бузурги онҳоро ба савдо гузошта буданд. Дар он даврони пурмоҷаро ва ҳокимияти идеологияи мутлақ танҳо устод Айнӣ буданд, ки бо ҷасорати ба худ хос аз мероси адабии тоҷикон далеронаву қотеона дифоъ мекарданд. Аз ин рӯ, баҳои баланди ба Фирдавсӣ додашуда чун шоири миллии тоҷикон устод Айниро ба ваҷд наоварда наметавонист. Бинобар он устод бо як шодмонии ногаҳонӣ ва ифтихормандӣ ҷӯшу ҳурӯши дили худро бидуни ихтиёр баён доштаанд. Дар баробари ин ба ҳаққонияти талошу муборизаҳои худ боварии комил пайдо карда буданд.
- Вақте, – гуфтанд Раҳимӣ, - устод Айнӣ даст ба зону заданд, дарҳол шахси ҷиддисимо ва қоматбаланде ҳозир шуда, пурсид:
- Дар ин ҷо чӣ гап? Сабаб чӣ буд, ки мӯйсафед даст ба зону зад? Магар суханони доҳӣ ба ӯ писанд наомад?
Раҳимӣ бадоҳатан чунин ҷавоб медиҳанд:
- Баракс, мӯйсафед чунон хурсанд шуданд, ки аз ҳаяҷони зиёд даст ба зону задаанд. Бубинед ҳатто чашмонашон аз шодмонӣ барқ мезанад.
- Мебинам, офарин, ба мӯйсафеди доно! – гуфта он шахс пас гашта меравад.
Дар рӯзҳои баргузории Даҳаи адабиёти тоҷик дар тирамоҳи соли 1949 низ Раҳимӣ ҳамеша дар паҳлуи устод Айнӣ қарор доштанд. Дар даҳа 30 нафар адибони тоҷик иштирок менамоянд ва дар баррасии асарҳои онҳо 45 нафар намояндагони адабиёти рус ширкат мекунанд. Дар қасри адибони Маскав шаби адабии устод Айнӣ бо ширкати нависандагони рус Симонов, Федин, Фадеев, Леонов барпо мегардад. Устод Айнӣ аз таваҷҷуҳи зиёде, ки нисбаташон зоҳир мешуд, бисёр хурсанд ва рӯҳбаланд буданд.

Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ
 


Сотим УЛУҒЗОДА
САЁҲАТИ БУХОРО БО ҲАМРОҲИИ АЙНӢ

 
    Устод Айнӣ нияти сафари Бухороро дорад. Маро таклиф кард, ки дар ин сафар ба вай ҳамроҳӣ намоям. -Икромӣ бо ман меравад, шумо ҳам равон шавед,-мегӯяд вай. Ман корҳои таъҷилӣ ба ӯҳда дорам, вақтам танг аст, аммо дилам ба сафар кашол! Охир дар Бухоро ва атрофи он ҷоҳои таърихӣ ва осори атиқа бисёранд, инчунин бештарини воқеаҳое, ки дар китобҳои Айнӣ тасвир ёфтаанд, дар он ҷоҳо мегузаранд, қаҳрамонони асарҳои вай ҳам дар ҳамон ҷоҳо амал мекунанд. Дерест ки орзуи саёҳати Бухороро дорам ва инак мавриди бисёр мусоид ҳам даст дод: саёҳат ва он ҳам бо ҳамроҳии устод Айнӣ. Оре, дилам кашол аст, аммо гирифторӣ аз доманам мекашад: -Бо ҷону дил мерафтам, домулло,-узр мегӯям ман,-аммо Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав наздик аст, саргарми навиштани қиссае ҳастам, бояд навишта тамом кунам. -Медонам,-гуфт устод. Гуфтугӯи мо дар чорбоғи ҳукуматӣ ба лаби ҳавзи фавворадор воқеъ шуд. Айнӣ дар скамейка нишаста дам мегирифт. - Медонам, аз барои ҳамин шуморо бо ҳамроҳии ман равед мегӯям. Шумо дар ин сафар чизи навиштагиатонро ба ман мехонед. Бо асари нави шумо ошно шудан мехоҳам. Мефаҳмам, ки домулло ба ман, агар лозим ояд, ёрӣ ва маслиҳатҳо доданист. Чӣ хуш! Маслиҳатҳои эҷодии устод ҳамеша лозим ва муфиданд. -Кошкӣ,-мегӯям,-аммо дар айни сафар ман оё соатҳои истироҳататонро зоеъ карда, бо хондани дастнависи чалмақам шуморо дарди сар диҳам, домулло? -Ҳеҷ гап не,-мегӯяд устод.-Чӣ дарди сар? Ман дар ҳама ҷо, доим кор мекунам... * * * ...Вагони моро аз Когон ба шохаи дувоздаҳкилометрии роҳи оҳан ба истгоҳи шаҳри Бухоро бурда монданд. Манзил-ҳамин вагон; ба ҳар ҷое ки равем, боз ба ҳамин вагон омада мехобем, дам мегирем. Истгоҳи Бухоро дар назди «дарвозаи Қаршӣ» аст. Вагони моро аз девори пештараи Бухоро фақат як роҳи сангфарш ҷудо мекунад. Деворҳои баланди лоини қалъа хароб шуда, ғалтида, фақат пора-пора боқӣ мондаанд... Зали калони оростаи Институти педагогӣ. Мулоқоти зиёиёни шаҳр бо Айнӣ. Муаллимон, талаба ва толибаҳо, коркунони советӣ ва партиявӣ ҷамъ омаданд. Зал ҳамаро намеғунҷонад, як қисми омодагон дар пойгаҳи зал, таги дарҳо, дар роҳравҳо рост меистанд. Чашмони ҷавонон, духтарон бо шавқу шодӣ ба нависандаи куҳансол дӯхта шудааст. Домулло дар президиум, пушташро ба стул такя дода, ором менишинад. Нутқҳо, табрикҳои гарму ҷӯшон. Ҷавонону духтарон ба вай гулдастаҳои калон меоваранд-рӯи столи президиум аз гулдастаҳо пур шуд, ба тавре ки дигар ҷои ниҳодан намонд. Бухориён, хусусан ҷавонон, ҳамшаҳрии номдори худро дӯст медоранд. Сухан ба Айнӣ. -Азиз дӯстлар!-ба забони ӯзбекӣ ва чуноне ки одати Айнист, бо овози баланди андак асабиёна хитоб мекунад устод.-Шумо медонед, ки ман ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекиро медонам ва дар ҳар ду забон асарҳо менависам, аммо рухсат диҳед дар зодгоҳи худам ба забони модариам гап занам. - Баъди ин Айнӣ ба забони тоҷикӣ сухан меронад. Аз дидани ин миқдор намояндагони илму маорифу маданияти советӣ дар Бухоро, - Бухорое, ки дар айёми ҷавонии Айнӣ ҷоҳилистони исломӣ буда ва ӯ дар роҳи илмомӯзӣ дар он шаҳр он ҳама машаққатҳоеро, ки дар «Ёддоштҳо»-яш тасвир ёфтаанд, кашида буд, - аз дидани онҳо Айнӣ беҳад шод мешавад. Аз гузаштаҳои зулматнишон, ҳозираи пуршон ва ояндаи дурахшон халқ, Ватан, Бухоро сухан меронад; қарзу вазифаҳои ходимони маданиятро, ки дар назди халқи худ, Ватани советии худ доранд, хотиррасон мекунад... Дар бозгашт ману Икромӣ «гулдастабардор» шудем: чанд дастаро то ба вагон расондем. Проводники солхӯрдаи мо, ки ба Айнӣ бисёр ғамхор ва меҳрубон аст, он гулдастаҳоро ба гулдонҳо гузошта, салонро аз онҳо зинат медиҳад...  Мо бо ҳамроҳии Айнӣ дар Регистони Бухоро. Арки амир ва мадрасаҳоро тамошо мекунем. Якчанд ходимони илмии шаҳр ҳамроҳи мо. Онҳо он Регистон, он Арк, он мадрасаҳо ва дигар осори қадимии шаҳрро ҳар рӯз мебинанд, ки чизҳо барояшон мароқовар нестанд, аммо вақте ки Айнӣ ба нақл кардани таърихи он ҷоҳо ва воқеаҳои бо онҳо вобаста шурӯъ менамояд, ҳамроҳони мо бо шавқу ҳавас гӯш меандозанд, зеро дар суханони Айнӣ дар бораи он ҷоҳо бисёр чизҳои нав ва тафсилоти аҷоибе ҳаст, ки онҳоро аз ҳеҷ каси дигар шунидан ва аз ҳеҷ китобе хондан мумкин нест. Регистони Бухоро. Дарвозаи Арк. Раҳрави дарози Арк. Ҳар яке аз ин ҷоҳо бо саргузашти шахсии Айнӣ алоқаманд мебошад: аз Регистон ӯро кашон-кашон бурдаанд, дар таги дарвозаи Арк ҳафтоду панҷ чӯб задаанд, дар раҳрави паси дарвозаи Арк ӯро ба зиндони мудҳиш-ба «обхона» андохтаанд... Устод ба мо ҷои «Бозори ресмон»-ро нишон медиҳад, ки солҳо пеш аз ин дар он ҷо бо ҳамроҳии ҷӯраи мадрасагиаш Пирак аввалин бор кушта шудани ду бегуноҳро дида буд. Ҷаллодони амир бандиҳои даст ба пеш бастаро аз зиндон ба ин ҷо оварда, «ба саломатии сари ҷаноби олӣ», қатл кардаанд... Арк ҳозир музей аст. Коркунони илмии он ҳаракат доранд, ки музеи худро аз экспонатҳои бисёре, ки дар дигар ҷоҳои Бухоро (Ситорамахоса, мадрасаҳо ва ғайра) мавҷуданд, бойтар гардонанд. Айнӣ мисли «роҳбари экскурсия» ба мо ҷоҳои даруни Аркро тамошо медиҳад. Аз чизҳое, ки устод нақл кард яктояш махсусан дар лавҳи хотир нақш баст. Ҷои тахти амир майдони чоркунҷаест сангфарш ва болояш кушода, ки қариб ним таноб меояд; дар пешгаҳи он майдон-айвони калон ва дар айвон-ҷои тахт. Дар тарафи рости майдон ду-се таҳхона дида мешавад, дарҳошон қулф. Ин таҳхонаҳо пештар китобхонаи султонӣ будаанд, чандин ҳазор нусха китобҳои нодири гаронбаҳо доштаанд, аммо дар ин «китобхона» на тоқчае будааст ва сандуқе; китобҳо дар замини заҳ мисли ахлоттӯда болои ҳам мехобидаанд ва бештаринашон ба мурури вақт аз заҳу нам ва аз дандони мушон нобуд гаштаанд. Шояд аспхонаи амир аз китобхонаи вай ободтар буд... Дарҳо ва сутунҳои кандакоришуда, девор ва меҳробҳои мунаққаши Арк куҳна ва чиркин шуда бошанд ҳам, зебоӣ ва шукӯҳи пештараи онҳоро тасаввур кардан мумкин. Санъати баланди меъморӣ ва наққошӣ намудор, дасти устодони нодиракор-устодони гумном, устодони гулдасти халқӣ, монанди Устоамак, ки дар «Ёддоштҳо»-и Айнӣ тасвир ёфтааст, ҳис карда мешавад. Ҳокимони мамлакат онҳоро аз байни халқ ёфта оварда, монанди ғулом дар иморатҳои худашон кор мефармуданд. Дар сутунҳо, дар деворҳо, болои меҳробҳо ва равоқҳо бо хати арабӣ шеърҳои тоҷикӣ навиштаанд, кандаанд, нақш кардаанд. Дар баъзе аз он шеърҳо устоди гумном ҳунари худро ҳам мадҳ кардааст, чунончи: Муҳайё сохт устоди ҳунарвар Сутуне баҳри ин фархунда манзар... Мо мадрасаи машҳури «Мири Араб»-ро тамошо мекунем. Айнӣ дар қисми 1 «Ёддоштҳо» дар бораи ин мадраса навиштааст: «...яке аз беҳтарин мадрасаҳои Бухоро буда, пештоқи баланд ва миёнсарои хушҳавое дорад... Мо аз дарвозаи мадраса даромада ба дасти рост баргаштем. Дар он ҷо зинае буд, ки мо ба вай боло баромадан гирифтем. Зина торик ва печдарпеч буд. Падарам овоз дода-овоз дода боло мешуд ва ман аз паси ӯ бо аломати овозаш зинапояҳоро даст-даст карда бо эҳтиёт пой монда боло мешудам». Мо ин «зинабароӣ»-ро такрор кардем, фақат ин дафъа дар ҷои падари Айнӣ Ҷалол Икромӣ ва дар ҷои худи Айнӣ-ман будам (устод, ки бинобар заъфи саломатӣ аз зинаҳо боло баромада наметавонад, дар поён монд). Аммо афсӯс, мо ба ҳуҷрае «иборат аз гунбазе бисёр баланди васеи гирда», ки Айнии хурдсол бо бародараш дар он ҷо истиқомат карда буд, даромада натавонистем: даромадгоҳҳои он ҳуҷраро аз чӣ сабаб бошад, ки бо хишту гил маҳкам карда партофтаанд. Мадрасаи «Мири Араб» ҳоло омӯзишгоҳи динии «Назорати динияи мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон» мебошад. Дар вақти рафтани мо таътили тобистонӣ буд ва мо на аз талабагон ва на аз мударрисон касеро дида натавонистем... Мадрасаи Кӯкалтош. Баъди аз дарвоза даромадан дар кунҷи болоии саҳни мадраса, дар тарафи чап ҳуҷраи хурдтараке ҳаст, ки чор метри мураббаъ беш нест: на тиреза дорад ва на равзана; фақат як дарича дорад бисёр паст, ки одами миёнақад ҳам бояд аз он хам шуда дарояд. Айнӣ дар ин ҳуҷра даҳ сол истиқомат кардааст. Як коркуни масъули Бухоро бо ҳамроҳии мо гашта ҳуҷраҳои Айнӣ истиқомат кардаро ба дафтарчааш қайд мекард ва мегуфт, ки дар даро-мадгоҳи онҳо лавҳаи хотира хоҳанд зад, ки яъне фалонӣ дар фалон солҳо дар ин ҷо зиндагонӣ кардаааст... Аз мадраса баромада ба пушти он гузаштем, он ҷо як кӯчаи танг буд.Дар вақтҳое, ки Айнӣ дар ин мадараса истиқомат мекард, тирезаи ҳуҷрааш ба ҳамин тангкӯча кушода мешудааст. Дар соли 1917 мулозимони қушбегӣ ва дигар муллоҳои мутаассиб бо фармони амир Айниро дар ҳуҷрааш омада пахш мекунанд ва аз тирезаи мазкур кашола карда ба тангкӯча мебароранд, дар замин ғалтонда бо мушт, лагад ва калтак задан мегиранд. «Ана ҳамин ҷо»,-таги тирезаи ҳоло лой зада маҳкам кардашударо нишон дода мегӯяд Айнӣ. Дар он вақт аз ҳавлие, ки дар тарафи дигари кӯча, дар рӯ ба рӯи ҳуҷра воқеъ шудааст, Раҳими равғангар ном касе давида баромада, фарёдзанон худашро ба болои Айнӣ мепартояд ва мушту лагадҳои мулозимони қушбегиро ба худаш қабул менамояд. -Аз Худо тарсетон, одами бегуноҳро зада накушетон! - гуфта, Айниро бо бадани худаш паноҳ карда, дод мезадааст Раҳим. Хонаи пастаки дуқабатаи ӯ ҳоло ҳам барҷо истодааст ва, назар ба гуфти Айнӣ, дар ҳамон вақт ҳам ҳамин намудро доштааст. Айнӣ то имрӯз ҳам он равғангари камбағал, он марди нотарси ҳақиқатдӯстро фаромӯш накарда, ба некӣ ёд менамояд. Аксулҳаракат дар авҷ буд, муллоҳо Айниро «душмани ҷаноби олӣ» гуфта фатво дода буданд ва ҳар касе, ки дар ин ҳол ба Айнӣ тарафдорӣ мекард, хатаре ба ҷону молаш ворид мешуд, бинобар ин ошкоро Айниро ҳимоя кардани он равғангар ба далерӣ ва нотарсии ӯ шаҳодат медод. Устод дарвозаи ҳавлиро тақ-тақ кард,-аз афти кор, мехост ки агар Раҳими равғангар ҳанӯз зинда бошад, ӯро дида меҳрубонӣ намояд. Аз тирезачаи хурдтараки равзанмонанди болохона сари ҷавоне намудор шуд, ки писари Раҳими равғангар будааст. Падараш вафот карда будааст. -Падаратон одами нағз буд,-мегӯяд Айнӣ,-вай як умр дар хотири ман монд. Солҳои охир вай чӣ кор мекард? Ҷавон нақл кард, ки падараш ҳамоно равғангар буда, солҳои охир дар артель кор мекарда ва одами иззатманд буда, ҳама ӯро ҳурмат мекардаанд. Баъд ҷавон пурсид: -Мебахшед, шумо кӣ? Устод худро шиносонд, ҷавон пеш омада бо камоли иззату эҳтиром бо вай дудаста вохӯрдӣ карду гуфт: -Ба дилам гузаронда будам, ки эҳтимол шумо бошед, домулло. Падарам ҳар вақт шуморо ба ёдашон оварда гап мезаданд... 10 июн мақбараи Исмоили Сомониро зиёрат кардем. Мақбараи асосгузори давлати бузурги Сомониён қадимтарин ёдгори таърихии Бухорост, ки беш аз ҳазор сол ин ҷониб барҷо истодааст. Ҳозир ҳам вай бо санъати аҷоиби меъморӣ ва шукӯҳу азамати худ бинандаро ба ҳайрат меандозад. Баландиаш тахминан баробари бинои сеошёна аст; баъзе ҷоҳояш каме афтода, хиштҳояш кӯчида будааст, бо амри ҳукумати РСС Ӯзбекистон таъмир кардаанд. Гирдаш дарахтзор ва парк; даруни мақбара васеъ, ба фаршаш тахтасангҳо хобондагӣ; аз дарвоза ба даруни мақбара ки даромадед, гӯр дар тарафи чап аст. Дар тарафи болои гӯр монанди сӯрох чуқураке дида мешавад; ривоят мекунанд, ки баъди вафоти Исмоил аҳли ҳоҷат аризаҳои худро ба номи ӯ навишта оварда ба ҳамон чуқурак меандохтаанд, баъд ҳукуматдорони сомонӣ он аризаҳоро аз он чуқурак гирифта, талаби соҳибони онҳоро қонеъ мекунондаанд ё намекунондаанду мегуфтаанд, ки «подшоҳ Исмоил ҳамин тавр амр кард». Рӯи қабри сафеди гаҷкоришуда пур аз хатҳои русӣ, ӯзбекӣ ва тоҷикӣ аст: одамон ва гурӯҳҳои ба экскурсия омада, туристҳо ба он як чиз-як чиз навишта, эҳтироми худро ба Исмоил ва ба он осори ҳазорсола изҳор карда рафтаанд. Он рӯз аз хотири ман гузашт, ки ҳамин мақбара, ҳамин гӯрро Рӯдакӣ, Абӯалӣ Сино ҳам дидаанд, дар ҳамин зинаҳо, дар рӯи ҳамин тахтасангҳо гаштаанд ва аз ҳамин дарҳо даромадаанд. Дидани осори ҳазорсола худаш касро ба ҳаяҷон меовард ва ин фикри ба хотир гузашта он ҳаяҷонро бештар кард. Мадрасаи «Модари хон» ҳоло китобхонаи ба номи Абӯалӣ ибни Синост. Бинои мадраса «куҳнауслуб» ва назар ба мадрасаҳои дигар хурд бошад ҳам, хушманзар ва озода аст. Аз сафари Бухоро як мақсади Айнӣ зиёрати деҳае буд, ки Абӯалӣ ибни Сино дар он ҷо зоида шудааст. Аммо он деҳа дар куҷост? Устод боварӣ дорад, ки он деҳа деҳаи Лағлақа аст. Худи шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва таърихнависони баъди вай гузашта зодгоҳи шайхурраисро деҳаи Афшана навиштаанд, аммо ин вақт дар вилояти Бухоро Афшана ном ҷое ва деҳае нест. Дар райони Рометан Лағлақа ном деҳае ҳаст, ки аз рӯи ривоятҳо Афшана номи пештараи ҳамин деҳа будааст. Як деҳаи дигар ҳаст номаш Испана (Испанӣ), аммо ин деҳа ба он чи ки таърихнависи асри Х1 Наршахӣ дар бораи Афшана навиштааст, дуруст намеояд; бо вуҷуди ин чанде пеш баъзе олимон ҳамин «Испана»-ро вайроншудаи «Афшана» дониста, ватани Абӯалӣ ибни Синоро ҳамон ҷо қарор додаанд. Ин гап ба гӯши Айнӣ мерасад; Айнӣ, ки ҳам Испана ва ҳам асари Наршахиро нағз медо-над ва шубҳа надорад, ки ватани олими бузург он ҷо нест, боз таърихи Наршахиро ба варақ задан медарояд, то исбот намояд, ки ҳукми олимони мазкур хатост. Айнӣ дар китобхонаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино воқеаи «Испана» ва «Афшана»-ро нақл карда, таърихи Наршахиро талаб намуд. Бо ёрии Нақшбандхон ном марди куҳансол-ходими китобхона, ки шиноси дерини Айнӣ будааст, чанд нусхаи он китобро ёфта оварданд, аммо ҳамаи он нусхаҳо мухтасари таърихи мазкур буда, аз онҳо маълумоти даркорӣ ёфт нашуд. Айнӣ дар ин гуна мавридҳо сахтгир аст: мудир ва дигар ходимон аз ваҷҳи дар китобхонаи онҳо набудани таърихи мукаммали Наршахӣ, ки чандон камёб ҳам нест, аз домулло хеле гапҳои талху тунд шуниданд. -Ҳамаи китоб ва дастнависҳои қиматнокро ба Тошканд гирифта бурданд,-гуфта узр овард директор. -Мо ба Рометан рафта ватани ҳақиқии ибни Синоро ҷустуҷӯ мекунем,-ба ману Икромӣ гуфт Айнӣ, - маркази райони Рометан дар Лағлақа аст. Афсӯс, ки инҳо Наршахии мукаммал надоштаанд, набошад ман ба шумоён нишон медодам: Наршахӣ менависад, ки дар Афшана масҷиди Бинни Восеъ ҳаст. Ин масҷид дар наздикии Лағлақа буд ва ман дар хурдсолиам онро дида будам. Агар он масҷид хароб нашуда бошад ва мо онро дар Рометан ёбем, бешубҳа собит хоҳад шуд, ки Лағлақа ҳамон Афшана зодгоҳи ибни Синост. Нависандаи номии мо бо вуҷуди пирӣ ва заъфи саломатӣ бисёр пурҳавсалааст, ки агар аз паси коре афтад, ба охир нарасонда намемонад... Мошинсавор рафтем ба Рометан. Котиби комитети районии партия марди сиёҳпӯст, чорпаҳлу ва бо китфу бозу, одами кушодарӯй ва хушсӯҳбате будааст. Дар аснои сӯҳбат мо дидем, ки вай марди фозил ҳам будааст. Ба лағлақагӣ будани Абуалӣ ибни Сино мутлақо боварӣ дорад, бо ин фахр мекунад ва тайёр аст бо муқобилони ин ақида сахт мубоҳиса кунад. Чизи дар китобхонаи ба номи ибни Сино наёфтаамонро мо аз китобхонаи шахсии котиби райком ёфтем: вай аз хонааш як нусхаи пурраи «Таърихи Наршахӣ»-ро оварда ба Айнӣ нишон дод. Бо фармоиши устод Икромӣ ва ман онро ба варақ задан даромадем. -Дар миёнаҳои китоб боби «Мазорҳо»-ро кофта ёбед,-гуфт домулло. Вай аз роҳи дароз ва рӯзи гарми пурчанг монда шуда буд ва бо чои кабуди талх кӯфти роҳро бароварданӣ мешуд. Мо кофта-кофта он боб ва он маълумоти даркориро ёфтем. Дар он ҷо чунин навишта шуда буд: «Афшана. Шаҳристоне бузург дорад ва ҳисоре устувор, навоҳии ба вай мансуб. Ва ҳар ҳафта як рӯз бозор бошад, ва зиёъи деҳа вақф аст бар талаби илм, ва Қутайба бинни Муслим он ҷо масҷиде бино кардааст ва Муҳаммад Бинни Восеъ масҷиди дигар бино кардааст... Мардумони шаҳри Бухоро он ҷо раванд...» -Ана худаки ҳамин ҷой деҳаи Зирак аст,-гуфт котиби райком. Деҳаи Зирак дар паҳлуи деҳаи Лағлақа (маркази район) буда, дар ҳақиқати амр ба вай мепайвандад. Айнӣ ҷои масҷиди Бинни Восеъро пурсид. Котиби райком ба Одинаев ном шахсе одам фиристод, вай омад. Марди миёнсол, саводи куҳна дорад, бошандаи куҳнаи Лағлақа. Ба қавли худаш, асли вай аз Кӯлоб будааст. Масҷиди Бинни Восеъро шунидааст, онро мардум «Мазори ҳазрати бобо» мегуфтаанд. Аз он масҷид осоре намонда, ҷои он, гирду атрофи он, ки пештар деҳа будааст, ҳоло киштзор ва боғу бӯстон шуда рафтааст, бинобар ин Айнӣ бо вуҷуди кофтукови бисёре ҷои он масҷидро, ки дар хурдсолӣ дида будааст, муайан карда натавонист. Бо ҳамроҳии котиби райком ва Одинаев ба мошинҳо савор шуда ба деҳаи Зирак рафтем. Деҳае будааст хушобу ҳаво, аз миёнааш ҷӯйбори калони Хайробод мегузарад, оби ҷӯйбор зарди лойолуд аст ва ба дарёи Қарокӯл (номи маҳаллии Зарафшон) мерезад. Мардумаш тоҷик, колхозашон ба номи Ворошилов. Машинаҳоро дар канори ҷӯйбор нигоҳ доштем. Баъди чанд дақиқа аз дари як ҳавлӣ духтаре пайдо шуд, вай дар кӯза айрон ва як косаи чинӣ оварда, ба расми мусофирнавозӣ айрони сарди хушгуворашро ба омадагон таоруф кард; нӯшида ташнагиамонро шикастем. Домулло ба духтарак муроҷиат карда пурсид: -Духтарам, шумо Абӯалӣ ибни Синоро шунидаед? -Ҳа,-шармгинона ҷавоб дод духтарак,-бобом мегӯянд, ки он азиз аз ҳамин қишлоқи мо будаанд, ҷудо олими калон, табиби зӯр будаанд. Устод дар ғояти хушҳолӣ ва бо тантана ба мо нигоҳ кард, ки яъне: «Шунидед? Ҳаминҷоӣ будани ибни Синоро ҳамин духтар ҳам медонистааст!» Аз аҳли деҳа якчанд кас ҳозир шуданд, ҳамаашон мисли духтари айрон оварда Абӯалӣ ибни Синоро ҳамватани худ медонанд. Айнӣ, ки бо одамони одӣ, хусусан бо мӯсафедон гуфтугӯ карданро дӯст медорад, бо онҳо машғули сӯҳбат шуд, ман ва Икромӣ бо ҳамроҳии Одинаев, режиссёри кино Кимёгаров ва фотографҳо аз пули хурдтараки Хайробод гузашта, қад-қади ҷӯйбор то ҷое, ки он ҷӯйбор ба дарёи «Қарокӯл» мерезад, рафтем: масофаи то он ҷо аз ним километр зиёдтар буд. Чунон ки дар боло гуфта шуд, ин дарё аслан Зарафшон аст, ки дар Рометан Қарокӯл меноманд. Сабаби ба он ҷо рафтани мо ин буд, ки ҳанӯз дар маркази район Одинаев ва котиби райком ба мо гуфта буданд, ки ба қарибӣ аз таги дарёи Қарокӯл шикастапораҳои як пули сангин баромад ва мардум он пулро Абӯалӣ Сино сохтагӣ мегӯянд, зеро аз ин пеш ҳам дар байни халқ дар бораи ба дарёи Қарокӯл пул сохтани Абӯалӣ ибни Сино ривояте будааст. -Ман монда шудам, шумоён рафта бинед канӣ чӣ гап,-фармуд устод ба мо. Соҳили рости дарё аз об ду метр баландтар буд, оби дарё таги ин соҳили баландро шуста ковок карда будааст ва аз он ҷо осори пули куҳна баромадааст. Дар ҳақиқат аз зери хок як навъ кодокҳои аз хишти пухта сохташуда намудор буданд, аммо он кодокҳо ба пул тааллуқ доштанд ё ба ягон иморати қадимии дигар, муайян кардан душвор буд. Дар канори деҳаи Зирак, дар тарафи дарёи Қарокӯл хокпуштаи баланд ва дарозе дида мешавад, ки ба вайронаҳои девори шаҳристонҳои қадимӣ хеле монандӣ дорад. Наршахӣ мегӯяд: «Афшана шаҳристони бузург дорад». Балки пуштаи мазкур боқимондаи девори ҳамон шаҳристон бошад? Наршахӣ боз менависад: «Ҳисори устувор дорад», ҳақиқатан дар миёнҷои деҳа тале ҳаст, ки мегӯянд дар қадим он ҷо ҳисор будааст... Ба ҳамин тариқ агарчанде мо масҷиди Бинни Восеъро ёфта натавониста бошем ҳам, аз рӯи якчанд «санад»-ҳои дигар қариб боварӣ ҳосил кардем, ки Афшанаи қадимӣ ҳамин Лағлақа ва ватани ибни Сино ин ҷост. Муҳимтарини ин «санад»-ҳо ақидаи худи халқ аст: авлод-авлоди аҳолии Лағлақа, Бухоро ва атрофи он деҳаи мазкурро ватани Абӯалӣ ибни Сино медонанд, ки бесабаб нест. Бисёр деҳаҳои вилояти Бухоро монанди худи Бухоро дар муддати бештар аз ҳазор сол дар ҷои худашон истодаанд, бинобар ин дар ин муддат ватани ибни Сино, ки дар байни халқ аз ҳар бузургвори дигар бештар шӯҳрат дорад, мумкин набуд аз хотири мардум фаромӯш шавад. Ба фикри мо, ин «санад» қобили эътибори ҷиддитаринест ва аз он чашм пӯшида гузаштан мумкин нест. ...Дар лаби сарҳавзи колхози ба номи Ворошилов, дар сояи бедҳои сабз каме дам гирифта, бо соҳибони меҳмоннавози колхоз хайрбод кардем. Дар бозгашт ба Бухоро дар сари роҳ ба манзили тобисонии амири Бухорои собиқ «Ситорамахоса» даромадем. Мегӯянд, ки амир ин ҷойро қисман ба Петергоф тақлид карда сохта будааст. Чорбоғи калони дилкушо, дар даруни чорбоғ шипангҳои олиҷаноб дорад. Қасри «Ситорамахоса» музей, чорбоғаш истироҳатгоҳи фаъолони партиявӣ ва советии вилоят аст. Дар ин ҷо мо ба ҳайати вакилони пахтакорони Тоҷикистон вохӯрдем, ки бо сардории вазири хоҷагии қишлоқи республика барои тафтиши иҷрои шартномаи мусобиқаи социалистии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бобати пахта омада будаанд. Дар соати чори рӯз ба Бухоро баргаштем. Бо вуҷуди кӯфтагии сафари Рометан ва гармии рӯз устод якбора ба ҷустуҷӯи қабри Мушфиқии шоир даромад. -Домулло, шумо имрӯз бисёр монда шудед, ин корро ба пагоҳ монем чӣ?-таклиф мекунем мо. -Бародар, вақт кам аст, аз вақт истифода будрдан лозим,-мегӯяд Айнӣ. Дар мошин-Айнӣ, ману Икромӣ, котиби комитети партиявии вилоят ба кори пропаганда рафиқ Қӯчқоров. Ин кас дар бештарини сафарҳо ҳамроҳи мост. Дар сари роҳ Айнӣ аз мошина ба мо ҳуҷраи мадрасаеро дар ошёнаи дуюм нишон медиҳад, ки дар он ҷо шоир Сайидои Насафӣ истиқомат карда будааст. Айнӣ ба Қӯчқоров ки будани ин шоири тоҷикро фаҳмонда, талаб мекунад, ки ҳуҷраи мазкур таъмир карда шавад ва ба дари он лавҳаи хотира зада шавад, то мардум он ҷойро табаррук доранд... Қабри Мушфиқӣ дар кӯчаи собиқи Мирон, дар рӯ ба рӯи ҳавзи Косагарон будааст ва ҳоло нопадид аст; кӯча ҳозир ба номи Октябр буда, маҳаллаю гузарҳои он хеле дигаргун шуда рафтаанд ва ҳавзи Косагарон ҳам дар ҷояш нест. Айнӣ дар ҳар қадам аз мошин фуромада, одамони роҳгузарро истоёнда мепурсад: -Бародар, шумо кистед? -Фалонӣ. -Дар ҳамин кӯча, дар рӯ ба рӯи ҳавзи Косагарон қабри мулло Мушфиқӣ буд, ҷояш кадом аст, намедонед? Ба ин савол ҳеҷ кас ҷавоби қаноатбахш дода наметавонист. Охир як дарро кӯфта, соҳибашро ҷеғ задем. Баромад. Марде буд қоқинаи дароз, камриш. Айниро шинохта вохӯрдӣ кард. -Бародар, шумо кистед?-ин саволро устод барои он медод, ки агар он шахс аслан бухороӣ бошаду номи падараш ва касбу кори ӯро гӯяд, Айнӣ дарҳол мешинохт. Қувваи ҳофизаи устод хеле зӯр аст. Мардак номашро гуфт: -Падаратон кӣ буданд?-боз пурсид Айнӣ. -Мулло Каромат, тақсир. Шумо мешиносед. -Қорӣ Каромати танбӯрӣ? -Ҳо, тақсир. Қорӣ Каромати танбӯрӣ, тахаллусаш Дилкаш, танбӯрии машҳури бухороӣ, яке аз дӯстон ва мусоҳибони Аҳмад махдуми Дониш буд. Айнӣ ӯро хуб мешиносад ва номи ӯро бо ҳар муносибате ба баъзе асарҳои худ дохил кардааст. -Падаратон кай вафот карда буданд? -Чил сол шуд, тақсир. Аз афти кор «тақсир-тақсир» гуфтани мардак ба домулло нафорид, ки вай рӯяшро нохушнудона ба як тараф гардонд ва абрувонашро ба ҳам кашид. Баъд гуфт: -Бояд зиёд бошад. Шоир Ҳайрат дар вафоти падаратон як рубоӣ гуфта, таърихи вафоташонро дар он рубоӣ сабт карда буд.-Устод рубоии Ҳайратро ба ёд оварда хонд: Фарёд, ки бигзид тариқи дурӣ Аз даҳр он шахси фозили машҳуре; Соли таърихи вафоташ ин номи накӯст: Қорӣ Кароматуллоҳи танбурӣ. Баъд устод мисраи охирро дар фикраш ба абҷад ҳисоб карда баромада, суханашро давом дода гуфт:-Аз ин таърих чилу ҳафт сол мебарояд. Падаратон чилуҳафт сол пеш вафот кардаанд. Мардак кунҷеро аз кӯча нишон дода гуфт, ки қабри Мушфиқӣ дар ҳамин ҷо буд, аммо баъд аз тафтиш маълум шуд-қабри шоир он ҷо набудааст. Айнӣ баъди рафтани он мард гуфт: -Ба ғалат кардани ин одам ҳайрон шудан лозим нест: Охир, касе ки соли вафоти падарашро фаромӯш карда бошад, ҷои қабри Мушфиқиро аз куҷо медонад? Боз соате ба пурсуков гузашт. Рӯз гарм, кӯчаҳо пури чанг, ҳалқумҳои мо аз ташнагӣ хушк шуд, аммо устод ҳеҷ не ки аз пурсуков бозистад. Ба вай зиёрати қабри Мушфиқии шоир зарур аст. Бо ҳавсалаи тамом ҷустуҷӯ мекунанд. Устод бузургони гузаштаро, ки дар ягон соҳа хизмате ба халқи худ карда бошанд, бисёр эҳтиром мекунанд; хотираи онҳоро азиз медоранд ва ҳамеша ба ҷавонон донистани асарҳои онҳоро талқин менамоянд. Марде аз пеш баромад: -Бародар, ҷои қабри Мушфиқиро медонед? -Ибӣ, набошад чӣ! Ана биёед, нишон диҳам. Вай моро ба ҳавлие дароварда, оҳангархонаеро нишон дод, ки дараш қулф буд. -Ҷои қабри Мушфиқӣ ана ҳамин оҳангархона аст. Оҳангархонаи артели ба номи Охунбобоев. Ин хонаро дар ин ҷо ба қарибӣ андохтанд. «Хайрият, ёфт шуд, акнун ба вагонамон бармегардем»-гуфтем мо дар дили худ. Соҳибони оҳангархона набуданд, калидро ҳам онҳо бо худ бурда будаанд, ҳар чанд кӯшиш кардем, ки як навъ карда кушоёнда дорем. муваффақ нашудем. Аз ёфт шудани ҷои қабр хурсанд шуда, аз ҳавлӣ баромадем, дар ин миён Қӯчқоров чизе ба дафтараш қайд карда, ба Айнӣ ваъда дод, ки дахмаю санги гумшудаи мазорро ёбонда мақбараро аз нав барқарор хоҳанд кард. Ба кӯча баромада будем, ки як бухории дигар ба наздамон омада пурсид: -Шумоён қабри Мушфиқиро меҷӯед? -Бале, ҷустуҷӯ карда ёфтем, ана дар ҳамин ҷо будааст,-оҳангархонаро нишон дода гуфтем мо. -Қабри вай ин ҷо не, ин ҷо ҷои қабри Миркамолиддин аст. Мо ҳайрон шуда ба вай ва ба якдигар менигарем. -Шумо аз куҷо медонед? -Ман сию ду сол боз дар ҳамин маҳалла истиқомат мекунам, медонам. -Худатон кистед?-савол медиҳанд Айнӣ. Икромӣ оҳиста ба ман мегӯяд: «Ҳозир домулло кӣ будани падару бобояшро гуфта медиҳанд». Аммо он мард аслаш самарқандӣ буда, падараш дар Бухоро истиқомат накарда будааст, вагарна домулло, албатта падари ӯро мешинохт... Вай моро аз оҳангархона онсӯтар бурда, дар канори роҳ пуштаи хокеро нишон дод,ки аз вайронаи биноҳои лоин боқӣ монда буд ва гуфт: -Ана, қабри мулло Мушфиқӣ дар ҳамин ҷо буд. Домулло ҷойҳои пештар медонистагиашро ба хотир оварда, аз самту ҷавониб қиёс карда тасдиқ намуд, ки ин мард рост мегӯяд. Ба Қӯчқоров гап зада, дар дафтарчаи ӯ маълумотҳои даркориро қайд кунонд. Акнун устод ба вагон баргашта дам мегирифтагист? Не, вай боз ба ҷустуҷӯи зиёратгоҳи дигаре афтод. Ба вай диламон месӯзад, ки пагоҳ боз дам нагирифта ва хӯроки казоӣ ҳам нахӯрда, дар шаҳру деҳот ва дашту саҳро мегардад. -Акнун ба қабри Хоҷа Исмат меравем,-ба мошин нишаста мегӯяд Айнӣ ва Қӯчқоровро нишон дода илова мекунад:-Қабри ӯро ба ин кас нишон дода монем, ки аз вайрон шуданаш пешгирӣ кунанд ва агар лозим бошад таъмир фармоянд. Хоҷа Исмати Бухороӣ (вафоташ соли 1425) дар замонаш шоири забардасте буд, ки Айнӣ намунаи шеърҳои ӯро дар «Намунаи адабиёти тоҷик» овардааст. Равон шудем. Дар роҳ Айнӣ ба Қӯчқоров кӣ будани Хоҷа Исматро мефаҳмонад. Аз дарвозаи Шайх Ҷалол баромада, бо мошин як ним километр роҳ паймуда будем, ки аз дур қабристоне намудор шуд. Дар он қабристон туғи ягонае ба назар мерасид. -Ана ҳамон туғ туғи Қабри Хоҷа Исмат аст,-мегӯяд Айнӣ. -Модом ки қабраш аён аст, рафтан ҳоҷат набудагист, домулло?-мегӯям ман ба Айнӣ, зеро ҳам ман ва ҳам Икромӣ метарсем, ки мабодо домулло аз кӯфтагии сафар ва чангу хоки роҳҳо ба ногоҳ нохуш шуда намонад; ба болои ин, роҳи қабристон ва гирду пеши он ҳам ба талаботи санитарӣ ҳеҷ мувофиқ намеомад... Хайрият, ки ин дафъа Айнӣ хоҳиши моро қабул кард ва мо ба вагони худ баргаштем. Дар соатҳои дамгирӣ дар вагон Айнӣ бо мо сӯҳбатҳои шавқовар мекунад. Ҳофизаи устод хазинаи пурганҷест. Тамошои Бухоро ва ҷоҳои гуногуне, ки як қисми умри бачагӣ ва ҷавонии Айнӣ дар он ҷоҳо гузаштааст, воқеаҳо ва саргузаштҳои аҷоиберо дар хотири вай зинда мегардонад: вай китоби хотироташро варақ зада, завқовартарин ё ибратбахштарини он воқеа ва саргузаштҳоро ба ҳикоя кардан медарояд. Монанди қиссаи «Ҳазору як шаб» саргузаштҳои Айнӣ ҳам печдарпеч аст, ки аз ҳар ҳикоя ҳикояҳои дигар сар мезананд. Ҳикояҳо ҳама батафсил: бо тасвири макон, шароит, қиёфаи одамон, тарзи гуфтор ва рафтори онҳо нақл карда мешаванд. Баъдҳо мо он ҳикояҳоро дар «Ёддоштҳо»-и устод хонда, мусоҳибаҳои дар тобистони соли 1949 дар вагон кардаамонро ба хотир меовардем... Гоҳо бо талаби устод ман аз нахустин дастнависи китобам порчаҳо мехонам. Вай «ҳим... ҳим» гуфта бо диққат мешунавад. Дастнавис ҳоло бетартиб аст, байни воқеаҳо робита кам, ё нест. -Канӣ, он тарафаш чӣ шуд? -мепурсад домулло. -Ман воқеаҳоро ҷудо-ҷудо навиштаам, ҳоло бо ҳамдигарашон пайваст накардаам,-гуфтам. -Кай мекунед? -Минбаъд. Айнӣ фикр карда истода мегӯяд: -Асарро аввал як бор аз сар то охир навишта баромадан беҳтар аст. Ҳар тавре ки барояд, майлаш. Ана баъд кори асосӣ сар мешавад: «арра» мекунед, «метарошед», «сӯҳон» мезанед. Ман асарҳоямро камаш ду бор навишта мебароям: як бор аз сар то по менависам, баъд аз он покнавис мекунам. Дар вақти покнавис кардан тасҳеҳот ва тағйироти даркориро медарорам. Дар аснои ин кор саросема нашудан, пухта фикр кардан лозим аст. Баъд, дар хотир доред, ки нависанда ҳар чӣ қадар қобилияти калон дошта бошад ҳам, якка худаш асарро мукаммал карда бароварда наметавонад: албатта ба одамҳо, ба ёру ошно пурра ё ки ҳеҷ набошад парча-парча хонда дода, фикр гирифтан шарт аст. Баъд, дар вақти покнависӣ тоза ва покиза навиштан лозим, ин дар кори эҷодӣ аҳамият дорад. Агар саҳифа покиза ва хоно бошад, табъи кас хуш мешавад, ба кор кардан ҳавсалаи тоза пайдо мешавад; агар чиркин ва чалмақ бошад, одамро дилгир мекунад, ҳатто баъзан роҳи фикру андешаҳои навро мебандад. Бинобар ин ман, вақте ки покнавис мекунам, дар пешам ҳамеша резинка ва кордча нигоҳ медорам: агар калима ё ҷумла тағйир ёбад, бо кордча оҳиста тарошида, бо резинка пок мекунам. Шумоён ҳам ҳамин хел покизагиро ёд гиретон. Адабиёт чизи озода, зебо ва нафис аст, бояд ки навишташ ҳам ба қадри имкон озода бо-шад... Гоҳо дар асар якто-нимто калимаҳои маҳаллӣ вохӯрда мемонанд. Домулло мижа зада-мижа зада, сарашро поин мефарорад: ин аломати он аст, ки домулло норозист. Баъд мегӯяд: -Китоб барои як район, як шаҳр ё як вилоят навишта намешавад, барои тамоми халқе, ки ба ҳамон забон гуфтугӯ мекунанд, навишта мешавад. Ин чизро аз ёд набароретон... Як гапи устод Горкийро дар хотир нигоҳ доретон: ман дар як мақола хонда будам, вай мегӯяд, ки дар натиҷаи революция ва паҳн шудани матбуоту маорифу маданият дар байни халқ, забони халқи оддӣ ҳам ислоҳ шудааст; он вайроние, ки пештар дар забони «халқи овом» буд, барҳам хӯрдааст ва барҳам хӯрда истодааст, акнун вайро монанди пештара тасаввур карда, «тип месозам» гуфта, қаҳрамонро бар хилофи қоидаю қонунҳои умумии забон вайрон гап занондан дуруст нест, «тип» ин хел сохта намешавад. Тип бо хулқу атвор, савия ва фикру ақидаҳои ба худаш хос тип мешавад. Агар асари нависанда ба хонанда забон ёд надиҳад, забони хонандаро бой ва маданӣ накунад, вай чӣ хел асари адабӣ мешавад? Баъд, ба гуфтугӯи одамони оддӣ гӯш андохта, аз забони онҳо лафзҳои сараю пурмаъниро чида гирифтан лозим, ин хел лафзҳо дар забони халқ бисёранд. Нависанда бояд забонро бо сӯҳони маънӣ ва қоида совида, сайқал дода кор фармояд. Китоб, асар ҷои лафзҳои пурмаънист, лафзҳои хунуки каммаънӣ ё бемаънӣ, ибораҳои дурушти нотарошида, ки завқи солим онҳоро қабул карда наметавонад, ҳаргиз набояд ба адабиёт роҳ ёбанд... Айнӣ шеърро бисёр медонад. Муҳобот намешавад агар гӯем, ки ба пиронсолагӣ нигоҳ накарда, ҳофизаи аҷоиби домулло аз шоирони замонҳои гуногун даҳҳо ҳазор байти барҷастаи обдорро нигоҳ доштааст. Дар хотир дорам, вай дар яке аз нутқҳои худ ба нависандагони ҷавон зарурати омӯхтану донистанро талқин карда, суханони шоир ва олими асри Х11 Низомии Арӯзии Самарқандиро мисол оварда буд. Низомии Арӯзӣ мувофиқи талаботи замони худ барои ҳар касе, ки шоиру нависанда шудан мехоҳад, ёд кардани бист ҳазор байти сара аз осори шоирони қадим, бист ҳазор аз шоирони мутааххир ва бист ҳазор аз шоирони ҳамзамони худро лозим медонад. Барои нависандаи советии тоҷик ба болои ин боз донистани адабиёти бузурги русро ҳам зам кардан лозим аст,-гуфта буд устод дар он нутқи худ. Аз афти кор, худи ӯ кайҳо талаби Низомии Арӯзиро баҷо овардааст. Чунончи, дар байтбарак Айниро «бурдан» маҳол аст... Бояд барои «варзиши фикр» бошад, ки устод кушодани муаммоҳо ва дарёфтани маънии ҳар гуна шеърҳои сарбастаро дӯст медорад. -Ман як байт гӯям, шумоён маънияшро ёбед,-гуфт Айнӣ як рӯз дар вагон, дар соати дамгирӣ. Он байт ин буд: Аҳли камолро лаби изҳор хомӯшист, Миннатпазир моҳи тамом аз ҳилол нест. Чунон ки хонанда мебинад, ёфтани маънои ин шеър осон нест. Мо бо Икромӣ хеле «теша бар паҳлуи андеша» задем. Маънои байт ин будааст: дар тақвими куҳнаи «мусулмонӣ» баъзе моҳҳо 30 рӯз ва баъзе 29 рӯзанд. Ноқис будани (яъне 29 рӯза будани) моҳро бо мушоҳидаи оддӣ чӣ тавр донистан мумкин аст? Моҳи 29 рӯза дар чоршанбеи охирин намоён мешавад, агар 30 рӯза бошад-намоён намешавад, яъне чун намоён нашуд, мо мефаҳмем, ки моҳ пурра («моҳи тамом») будааст. Инак, барои донистани 30 рӯза будани моҳ онро дар осмон дидан («аз ҳилол миннатпазир будан») шарт нест. Ин ташбеҳро шоир барои он овардааст, ки гӯяд: зотан одами бофазлу камол хоксор мешавад, шӯҳратпарастӣ намекунад, худнамоӣ намекунад, «маҳмаддоноӣ» намекунад... Мо ба зодгоҳи Айнӣ-деҳаи Соктаре равонем. Роҳамон аз боғу бӯстонҳо, аз байни пахтазорҳои сабз мегузарад. Дар наздикии яке аз деҳот бачагони бисёре бо ҳаёҳу аз қафои мошинаи мо афтоданд-бачагон шӯх ба манъ кардани мо нигоҳ накарда, ба мошини равон мечаспиданд. Аҷоибтар ин буд, ки ба онҳо як духтарча сардорӣ мекард. Баъди чандин фурсат дар қафои мошин як бачаи уштурсавор ҳам пайдо шуда монд, ки дар байни чангу хоки ғализ уштурашро лӯкка занонда моро таъқиб менамуд. -Домулло, мо ба Соктаре расидагӣ барин,-гуфтам ман ба Айнӣ, ки дар паҳлуи шофёр нишаста буд. -Аз куҷо фаҳмидед?--пурсид домулло. -Аз шӯхии бачагон қиёс кардам: - Инҳо ба бачагоне, ки шумо дар «Мактаби куҳна» тасвир кардед, бисёр монанд ҳастанд. Ин аст деҳаи Соктаре, деҳае ки онро нависандаи мо ҳам ба воситаи шахсияти асарҳояш машҳур гардонидааст. Аҳолӣ омадани ҳамдеҳаи номии худро шунида, чашм ба роҳи ӯ дӯхта будаанд. Ҷавонон, писарбача ва духтарбачагон дар либосҳои ранг ба ранги идона, куҳансолон бо ҷомаю саллаҳо ӯро дар даромадгоҳи деҳа истиқбол карданд. Бачагони хурдсол давон-давон омада, «бобо, бобоҷон» гӯён устодро миёнагир карда, ба кифту гарданаш овезон мешуданд. Куҳансолон-рафиқони бачагии Айнӣ-ӯро ба оғӯш кашида вохӯрдӣ мекарданд. Суратгирон ва режиссёри киностудияи республика рафиқ Кимёгаров, ки аз мо пештар ба он ҷо рафта роҳи Айниро поида истода будаанд, серкор шуда монданд... Дар ҳавлии пештараи падару модари Айнӣ, ки ҳоло ба сабаби пайдо шудани биноҳои нав дигаргун шуда будааст, дар хонаи калони оростае зиёфат тартиб ёфт. Дар хона як чил кас-хешони домулло, мӯсафедон, фаъолони колхоз, муаллим ва муаллимаҳо ҷамъ омаданд. Якчанд нафар пионерҳо дар гирду пеши устод худашонро ба ӯ ҷафс карда менишастанд. Пурсупос ва сӯҳбати дӯстона сар шуд. Айнӣ бо мӯсафедон айёми бачагии худро ба ёд оварда, дар бораи воқеаҳои гузашта тавре гуфтугӯ мекарданд, ки гӯё он воқеаҳо дирӯз рӯй дода бошанд. -Акобирхоҷа, «Парвардигорхоҷа»-ро ба ёд доред? -Ҳа, тақсир, набошад чӣ! -Ман нависам, инҳо баъзан бовар намекунанд,-моро нишон дода мегӯяд Айнӣ,-ба инҳо гуфта диҳед. Акобирхоҷа воқеан ба гаштаки ҷавонон нарафтани Саидакбар ва дар натиҷа аз қорӣ Маҳмуди ширинкор номи «Парвардигорхоҷа» гирифтани ӯро, чунон ки дар қисми 1 «Ёддоштҳо» омадааст, ба мо нақл мекунад. Дар байни ҳозирин як пирамарди хурдҷуссаи лоғарбадан ҳам буд, ки даст бар пеш гирифта сари ду зону менишаст ва кам гап мезад. Айнӣ аз вай бо эҳтиром ва меҳрубонии махсус аҳволпурсӣ мекард ва дар байни сӯҳбати дам ба дам ба ӯ рӯй оварда гап мезад. Баъди зиёфат, дар берун ман аз устод пурсидам: -Домулло, он пирамард кӣ буд, ки шумо ба вай ин қадар илтифот кардед? -Ин мард меҳнаткаштарини колхозчиёни ин ҷо буд,-ҷавоб дод Айнӣ.-Ман чандин сол аз ин пеш, вақте ки ба Соктаре омада, ба аҳволи колхози ин ҷо ошно шудам, очерки «Колхози Коммунизм»-ро навишта будам, чӣ навъ кор кардани вайро дида будам. Ӯ ҳақиқатан ҳам девкор буд. Саҳари барвақт ба кор рафта, то шом аз киштзор намебаромад, ҳатто хӯрду хӯрокашро ҳам ба миёни замин бурда медоданд. Мутаассифона номи ин пирмард дар хотирам намондааст. Ҳоло колхоз ӯро аз кор озод карда монда, маоши зиндагиашро таъмин карда меистодааст. Ҳамин гуна меҳнатдӯстии он пирмард будааст, ки ӯро сазовори эҳтироми нависандаи куҳансоли мо гардонидааст. Дар берун, дар рӯ ба рӯи дарвозаи ҳавлӣ сарҳавз ва суфаҳои хубе ҳастанд, ки ба болояшон бедҳои сабз сояандоз мебошанд. Айнӣ дар он ҷо нишаста бо котиби райком ва дигар коркунони масъули райони Ғиждувон, ки ба дидани устод омада буданд, машғули сӯҳбат шуд. Дар сӯҳбати онҳо мо чӣ андоза аз кору бори колхози Соктаре огоҳ будани устодро дида ба ҳайрат мемондем. Вай бо ҳамқишлоқиёни худ мукотибаи доимӣ доштааст.


САДОИ ШАРҚ №9, 2014



 Абдуқодир Муҳиддинов ва «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Айнӣ

Яке аз марҳилаҳои хело ҳассосу тақдирсози таърихи тоҷикон ин давоми солҳои 20-уми асри ХХ мебошад. Тавре, ки аз саҳифаҳои таърих маълум аст дар ин давра ҳангоми бунёди заминаҳои давлатдории тоҷикон дар доираи сохтори шӯравӣ бадхоҳони миллат бо ҳар роҳу восита дар самти тадбиқи ормонҳои халқи тоҷик монеаҳо эҷод мекарданд. Хушбахтона Кирдугори бузург дар ҳар давру замон барои миллати мо фарзандонеро эҳдо намудааст, ки дар ҷодаи ба ҳаморӣ ва давлатсозӣ ҳушёрию зиракӣ ва хирадмандию таҳаммулсозии ба мавридро аз худ нишон дода, ба муваффақиятҳо ноил шудаанд. Дар ин айём дар қатори хизматҳои устод Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Аббос Алиев ва чанде дигарон нақши Абдуқодир Муҳиддинов низ назаррас аст.
Дар ин матлаб мо аз овардани хизматҳои анҷом додаи А. Муҳиддинов барои халқи тоҷик худдорӣ намуда танҳо саҳми ӯро дар таҳия ва чопи асари гаронбаҳои «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод С. Айнӣ ба таври фишурда ишора мекунем.
Пас аз таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон А. Муҳиддинов ҳамчун муовини раиси КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон хуб дарк намуда буд, ки барои давлатсозӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз гирдоби хонумонсӯзи пантуркизм мебояд ҳисси худшиносии миллии ҷомеаро баланд бардошт. Дар ин роҳ пеш аз ҳама бо навиштани асару мақолаҳои илмӣ метавон то ҷое муваффақ шуд. Зеро бо ин васила дар баробари бедор намудани ҳисси худшиносии ҷомеа метавон ба нотавонбинони миллат собит намуд, ки миллати тоҷик на ин ки ҳаст, балки соҳиби тамаддуни қадимаю бой низ ҳаст.
Хонандаи закитабъ аз мутолиаи силсилаи мақолаи «Аввалин сарвазири Тоҷикистон» дар ҳафтаномаи «Миллат» хуб огоҳ аст, ки Абдуқодир Муҳиддинов ва устод Айнӣ муносибати дӯстии дерина доштанд. Аз ин рӯ Муҳиддинов устод Айниро ба навиштани асаре ҳидоят намуд, ки муаррифгари таъриху адабиёти ин миллат бошад.
Бо ин даъват устод С. Айнӣ баъдан асаре бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро таълиф намуд.
Ҳамон тавре, ки дар боло ишора намудем даъвати Муҳиддинов, бо дарназардошти шароити сохтаи пантуркистон ба амал бароварда шуд, ки эшон таъриху адабиёти бойи гузаштаи тоҷиконро инкор менамуданд. А. Муҳиддинов ин кори пурмасъулияту басо сангин ва ҳамзамон пурифтихорро беҳуда ба дӯши С. Айнӣ нагузошта буд. Муҳиддинов ба донишу ҷаҳонбинии С. Айнӣ боварӣ дошт ва итминон дошт, ки аз уҳдаи ин кор танҳо ӯ мебарояд. Соли 1925 А. Муҳиддинов чун ҷонишини раиси КИМ ҶМШС Тоҷикистон бо С. Айнӣ дар ин бора шартнома баст. Читавре, ки худи устод С. Айнӣ менависад: «Дар баҳори соли 1925 – баъд аз таъсис ёфтани Ҷумҳурияти Автаномии Советии Тоҷикистон бо ҳукумати вай шартнома баста ба навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» даромадам ва дар ҳамон сол тамом кардам. Ин асар 40 ҷузъи чопӣ буда, дар вай намунаҳои ҳазорсолаи адабиёти тоҷик (аз аввалҳои асри 10 то замони худамон) дарҷ шудаанд. Ин асар дар соли 1926 бо харҷи ҳукумати Тоҷикистон дар Москва аз тарафи Нашриёти марказии халқҳои СССР нашр шуд». (Айнӣ. С. Куллиёт. Ҷилди 1. –Сталинобод: НДТ, 1958. -С. 97)
 «Намунаи адабиёти тоҷик» аз ҳаёти адабии 212 нафар намояндагони адабиёти Мовароуннаҳр маълумот медиҳад. Мақсад аз таълифи ин асарро С. Айнӣ дар оғози китоб чунин меорад: «Аз бозе ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон, чунонки як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ё «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр ва Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳе ва амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, Шайбонӣ, Астархонӣ ва Манғит, ки ирқан муғул, турк ва ӯзбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфта ҳаст. Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост». (Айнӣ. С. Намунаи адабиёти тоҷик. –Душанбе, 2010. –С. 9.)
Солҳои пас аз таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон пантуркистон, ки аз таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон норозӣ буданду ҳарчи бештар кӯшиши маҳви онро менамуданд, бо ҳар роҳу восита камбудию гуноҳ нисбати тоҷикон меҷустанду эҷод мекарданд. Аз ин лиҳоз китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро, ки пурра аз адабиёти тоҷикони Мовароуннаҳр қисса мекарду ба манфиати пантуркистон созгор набуд, дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро чоп намудан, мушкилиҳои зиёдеро эҷод менамуд.
Маврид ба зикр аст, ки он солҳо А. Муҳиддинов  бо нашриёти халқҳои ИҶШС дар Москва робитаи наздик дошт. Бо истифода аз ин имконият Муҳиддинов ба С. Айнӣ дар нашри китоб кӯмак намуд. Инчунин китоби мазкур бо дастгирии шоири шаҳир Абулқосим Лоҳутӣ ва бархе шарқшиносони рус дар нашрияти номбурда соли 1926 ба нашр расид. Китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ҳамон айём аз ҷониби доираи илмию адабии форсизабонони дохил ва хориҷи давлати Шӯравӣ ва шарқшиносони рус баҳои баланд гирифт. Чоп шудани китоб аз тарафи дигар оташи кибру ғазаби нотавонбинони миллати тоҷик ба хусус пантуркистонро бо роҳбарии Ф. Хоҷаев барангехт. Акнун онҳо роҳҳои пайдо намудани «камбудӣ»-ҳои китобро пеш гирифта талош менамуданд, ҷурме кашф созанду номутобиқатии онро ба идеалогияи давлатдории навин нишон диҳанд. Бо ин онҳо ҳамеша пайт меҷустанд, ки ба ҳар роҳе бошад, ин шоҳасар ва муаллифу пайравони онро аз байн бубаранд. Бинобар ин роҳи туҳмату иғворо пеш гирифтанд ва туҳмати нахустинро ба таври худ аз саҳифаи аввали китоб дарёфтанд. «Намунаи адабиёти тоҷик» аз осори устод А. Рӯдакӣ оғоз меёбад ва шеъри машҳури ӯ «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» дар аввал оварда шудааст, ки чунин мисраҳо дорад:
Эй Бухоро, шод бошу шод зӣ!
Шоҳ наздат меҳмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,  
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме …
Душманони миллату фарҳанги тоҷик ҳамин мисраҳоро дастак карда, то Маскав табли буҳтон заданд, ки Айнӣ то ҳол дар орзуи омадани амир Олимхон ба Бухоро аст. Баъди ин даъвоҳо ба осиёби бадтинатон об омад ва муаллифи ин китоби пурарзиш дучори таъқибот гардида, худи китоб, ба коми оташ андохта шуд.
Файзулло Хоҷаев, ки акнун вазифаи раиси ШКХ-и ҶШС Ӯзбекистон буд дар якҷоягӣ бо Акмал Икромов, раиси КМ ҲК (б) Ӯзбекистон бо истифода аз робитаҳои наздики худ, бо иддае аз масъулини баланд пояи давлатӣ дар Маскав, ба хусус Н. И. Бухарин муваффақ шуданд, мутолиа ва омӯзиши китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро мамнуъ созанд: нусхаҳои боқимондаи китоб бо амри эшон барчида ва нобуд карда шуданд. Аммо нияту ботини муаллиф поку нек ва худи китоб саршор аз ҳақиқати таърихӣ, ки буд номи С. Айниро, ки бо гуфтаи шоир Бозор Собир «тоҷиконро чун донаҳо дарёфт ӯ» то абад дар саҳифаҳои таърихи тоҷикон бо хати заррин сабт намуд. Ё ба андешаи А. Лоҳутӣ «Ба фикри ман «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтарин намунаи сайри тарақии адабии тоҷикон аст. Устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳо, ки дар ба дару кӯча ба кӯча рафта, то онро ёфтаву ба даст оварда ва дар натиҷа заминаи ҳозире барои танқиду таҳлилоти адабии тоҷикон омода намуда». (Ҳамон ҷо. С. 6.)  Дар воқеъ С. Айнӣ шоёни ҳамагуна таҳсин мебошад, ки ин ба касе пӯшида нест. Аммо мутаассифона номи А. Муҳиддинов дар ин кори хайр низ то ҷое фаромӯш шудааст.
А. Муҳиддинов низ бо ивази ин хизматҳои худ тавонист худро як фарзанди фарзонаи миллат, ки аз ҳама роҳу усулҳо дар он даврони ҳассосу нозук барои ватану халқи хеш истифода мекард дар таърих муаррифӣ намуд.

Давлатшоҳ Маҳмудов, ФАРАЖ



 Оиладоршавии устод Садриддин Айнӣ
 
Маҷрои зиндагиномаи устод Садриддин Айнӣ пур аз ҳаводиси ибратомӯзу ҳикматомезест, ки таваҷҷуҳ ба он дар замири кас майли худогоҳию хештандориро бедор мекунад. Ӯ бузургтарин фарзанди миллати тоҷик мебошад, ки манфиатҳои халқу ватанро аз ҳама арзишҳо муқаддастар медонист. Дар ин роҳ ҳатто манфиатҳои худро пушти по зада, ба сад дарду ранҷи зиндагӣ гирифтор шуд. Чун дигар ҷавонону ҳамсолони хеш натавонист зиндагиеро барои худ бисозаду орӣ аз кулфатҳои замона бошад.
Бузургтарин аслиҳаи Садриддин Айнӣ ба муқобили нотавонбинони миллат дар тӯли ҳаёти хеш доим қалам ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар асоси маъхазҳои муътамад ва далелҳои илмӣ рисолаю мақолаҳои зиёде навишта чун шоҳсутун бақои миллату давлати хеш гардид.
Устод Садриддин Айнӣ дар арафаи инқилоби Бухоро муқими шаҳри Самарқанд буд. Дар ин айём низ С. Айнӣ ором наистода, ба воситаи рӯзномаҳое, ки дар Самарқанд ба нашр мерасиданд ба хусус маҷаллаи тоҷикии «Шуълаи инқилоб» (аввалин маҷаллаи тоҷикӣ) ва газетаи ӯзбекии «Меҳнаткашлар товуши» (Садои меҳнаткашон) мақолаҳои гуногуни илмию оммавии худро ба табъ мерасониданд. 
Бояд қайд намуд, ки устод Садриддин Айнӣ то соли 1920 яъне то 42 солагиаш (агар соли таваллуди устодро аз соли 1875 ба инобат бигирем пас то синни 45 солагиаш), бо сабабҳои носозгории рӯзгор ва тангдастии оилавӣ натавонистааст, ки никоҳ намуда оилаи мустақилона бунёд намояд. Айнӣ дар Самарқанд дӯстони зиёд пайдо намуда буд.  Абдуллоҷон Абдухолиқзода, Мардонқул Шоҳқурбонзода, Ризохон Ҳодизода, Мулло Исматуллоҳи Раҳматуллозода, Абдулқодир Шакурӣ аз зумраи онҳое буданд, ки ба Айнӣ мададҳои зиёди бародарона анҷом доданд.
Доир ба воқеаи оиладоршавии С. Айнӣ бояд ҳаминро қайд намуд, ки дар ин кори хайр Абдулқодир Шакурӣ (ҷадиди пешқадам ва таъсисдиҳандаи аввалин мактаби усули нави форсии тоҷикӣ дар Осиёи Миёна) ва Абдулқодир Муҳиддинов (раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороии ҶХШ Бухоро) саҳм гузоштанӣ шуда, бо яке аз занони бомаърифати Самарқанд Анварбегим завҷаи Домулло Маҳмуди мударрис (Домулло Маҳмуд барвақттар вафот намуда буд) маслиҳат карда духтари ӯ Салоҳатбегимро  моҳи октябри соли 1920 (дар он вақт ӯ 18 сола буд) ба С. Айнӣ никоҳ карда доданд. Худи устод С. Айнӣ воқеаи хонадоршавии худро хело кӯтоҳ чунин шарҳ медиҳад: «Баъд аз ба амал омадани инқилоби Бухоро, ман хотирҷамъ шуда дар умри худ якӯм бор (дар моҳи октябри соли 1920) дар Самарқанд хонадор шуда, дар он ҷо ҷои истиқомати доимии худро ташкил додам». Аз рӯи навиштаи Холидаи Айнӣ (духтари С. Айнӣ) Анварбегим бинобар сабаби бармаҳал вафот кардани шавҳараш фарзандони хурдсолаш Абдулвадуд, Сабоҳатбегим ва Салоҳатбегимро худ ба воя расонид. Донишманди маъруфи тоҷик Худойназар Асозода, ки дар риштаи айнишиносӣ мақоми шоистаеро соҳиб аст оид ба воқеаи хонадоршавии С. Айнӣ чунин менависад: «Вақте, С. Айнӣ барои Салоҳатбегимро ба ҳамсарӣ гирифтан хостгор мефиристад, ӯ 18 сол дошт. Хешону наздикони арӯс ин хабарро шунида, изҳори норозигӣ карданд, Анварбегимро огоҳ сохтанд, ки С. Айнӣ шахси бадхашм аст, як ҳафта ҳам намегузараду Салоҳатбегим боз ба хонадон пас мегардад. Илова ба ин, онҳо ба Бухоро каси наздики қавмро мефиристанд, то ки дар бораи шахсияти домод маълумот ҷамъ намояд». Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Анварбегим бинобар сабабе, ки Айнӣ мисли шавҳараш мударрис аст розигии хешро медиҳад. Дар идома ба иқтибос аз гуфтаҳои устод Асозода рӯ меоварем, ки тақвиятдиҳандаи гуфтаҳои болост: «Фақат Анварбегим ҷонибдори С. Айнӣ буд. Ӯ ба хотири эҳтироме, ки ба шавҳари фарҳангиаш дошт, С. Айнии мударрисро мепазирад ва ифтихор аз он дошт, ки домодшавандааш монанди шавҳари марҳумаш мударрис аст, ба мисли ӯ сару либос мепӯшад ва ба ҷавонони аврупоипӯш шабеҳ нест». 
Анварбегим хело зиндагонии хоксоронаю камбағалона дошт. Аз ин лиҳоз барои таъмини лавозимоти арӯсии духтараш имкони пурра надошт. Аммо Айнӣ ҳам барои либосҳои арӯсӣ ва гузаронидани тӯй маблағи зарурӣ надошт. А. Муҳиддинов, ки он вақт барои ҷалб намудани С. Айнӣ ба корҳои маорифи ҶХШ Бухоро омада буд, бо мақсади ин тангдастии устодро бароварда сохтан ба ӯ 75 сӯм қарз медиҳад. Дар ин ҳангом Айнӣ хонаи шахси надошта дар болохонаи беруни Мулло Исматуллоҳ ном шахс яккаву танҳо зиндагӣ мекардааст. Чихеле, ки муаллифони китоби «Глазами совести» Р. Фиш ва Р. Ҳошим қайд мекунанд: «Дар он рӯзгорон ӯ (С. Айнӣ) яккаву танҳо буд. Дар оташдони хурд барои худаш хӯрок мепухту чой меҷӯшонд ва ҳатто худаш ҷомашӯӣ мекард». Баъди хонадор шудан дар хонаи модарарӯси худ хонадомод мешавад. Ҳанӯз ҳам бо мушкилиҳо зиндагии худро пеш мебурд. «Он вақтҳо дар Самарқанд, – менависад С. Айнӣ, – зиндагонии ман бисёр сахт буд. Ман хонаи худ надоштам. Дар ҳавлии модарарӯсам менишастам. Дар он ҷо ду хона буд, ки дар вақти бориш ҳамеша об мегузашт. Ман дар пеши сандалӣ нишаста, дар вақте ки ба атрофам ва сарам борон мечакид, кори таҳририи худро давом медодам».   
Пас аз ин дар назди С. Айнӣ мушкилии дигаре, ки меистод ин пайдо намудани хонаи алоҳида буд. Дар ҷустуҷӯ ва харидани ҳавлии алоҳида ба сари С. Айнӣ бисёр мушкилиҳо омад, зеро барои рафъи ин мушкилӣ маблағи зарурие надошт. Абдуқодир Муҳиддинов чун як нафар аз дӯстони ҷавонтарин ва деринаи С. Айнӣ дар рафъи ин мушкилот ба устод дасти мадади худро дароз намуд. Тавре, таърихшинос Усмонҷон Ғаффоров менависад: «Дар ин маврид ҳам ба ёрии ӯ Абдулқодир Муҳиддинов ҳозир шуд ва аз маҳаллаи Қӯрғончаи Самарқанд ҳавлии нисбатан хуби Хушкомилбой ном шахсро харида дод. Ба ин кори хайр А. Муҳиддинов 150 сӯми пули тиллои худро дареғ надошт». Ҳамин тавр, С. Айнӣ сентябри соли 1923 ба ин ҳавлӣ мекӯчад ва то поёни умр он ҷо рӯзгори хонаводагию эҷодиашро сипарӣ менамояд.
Пас аз ин барои таъмини рӯзгор ва осуда пеш бурдани зиндагии оилавии С. Айнӣ, А. Муҳиддинов ҳар сари чанд гоҳ ба устод дасти ёрӣ дароз мекард. Муҳиддинов бо истифода аз мансабҳое, ки ба уҳда дошт, кӯшиш менамуд, ки Айнии навхона дар пешбурди рӯзгор мушкилие накашаду шикаста хотир нагардад. 
Бинобар навиштаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ «Айнӣ соли 1923 дар Самарқанд консултанти консулхонаи Бухоро таъйин шуд, ки ин кор бо далолати А. Муҳиддинов сурат гирифт. Пас аз ин дар Самарқанд мудири як шуъбаи Бухгосторг (тиҷорати давлатии Ҷумҳурии Бухоро) таъйин шудани Айнӣ ҳам бо ёрии А. Муҳиддинов ба амал омад».  А. Муҳиддинов аз моҳи сентябри соли 1921, пас аз сабукдӯш шудан аз вазифаи раиси КМУ-ии ҶХШ Бухоро ба вазифаи нозири Нозироти савдо ва саноати ҶХШ Бухоро таъин шуд. Ҳамин буд, ки ӯ бештар С. Айнӣро ба корҳои зертобеъи идораи худ ҷалб карданӣ мешуд. Ин корҳо аксаран ба руҳияи С. Айнӣ, агарчанде номувофиқ буданд, аммо Муҳиддинов тавре, ки дар боло ишора намудем бо ҳар роҳ талош менамуд, ки С. Айнӣ дар он солҳои қаҳтию қиматӣ (солҳои 1920-21 дар ҶХШ Бухоро қаҳтию қиматӣ рух дод) бо машғул шудан ба ин корҳо зиндагии худро тавонад, ки таъмин намояд. Бо вуҷуди он, ки Айнӣ аз машғул шудан ба корҳои тиҷоратӣ сарпечӣ менамуд, аммо Муҳиддинов барои ин баҳонаҳо ҷуста Айниро ба чунин корҳо уҳдадор менамуд. Чунин шуд, ки С. Айнӣ дар он ҷо низ паи эҷоду тадқиқи корҳои илмию адабии худ гардид. Устод С. Айнӣ чунин ранг гирифтани корро ба тариқи зайл ба қалам медиҳад: «Дар соли 1923 консулхонаи дар Самарқанд доштаи ҳукумати Бухоро баста шуд ва маро дар охири соли 1923 дар шуъбаи Бухгосторг ки дар Самарқанд буд, мудир таъин карданд. Аммо роҳбари тиҷоратии онвақтаи Бухоро (А. Муҳиддинов дар назар аст. Д. М.) маро қаноат кунонид, ки то ёфт шудани ягон одам ин корро муваққатан идора намоям. Аммо ин кори «муваққатӣ» ба ном мудирии ман аз сари соли 1924 то сари соли 1925 давом кард». Чунин ҳамкориҳои дӯстона байни ин ду нафар дар солҳои минбаъда, яъне пас аз тақсимоти миллию ҳудудӣ низ бо ҳамин минвол идома ёфтанд.
Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки чаро устод С. Айнӣ дар ҷилди аввали «Куллиёт» дар қисмати «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам» аз мададгории хонаводаи Муҳиддиновҳо махсусан аз робитаҳояш бо А. Муҳиддинов хело пардапӯшона ёдовар шуда, аммо бо ном эшонро зикр накардааст, ки ин албатта то ҷое хонандаро дар ҳамин мавзуъ ба шубҳа меорад? Дар посух ба ин савол ҳаминро бояд зикр намуд, ки С. Айнӣ ҳамчун як нафар олими равшанзамир ба ҳама масълаҳои ҳаёт хело нозукона рафтор менамуд. С. Айнӣ «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам»-ро соли 1940 ба қалам дода буд, ки он вақт шахсияти А. Муҳиддинов ҳамчун «душмани халқ» дар назди давлату ҷомеа матраҳ мегардид. Бинобар чунин вазъият С. Айнӣ низ наметавонист ошкоро аз номи ин дӯсти худ ба некӣ ёд
кунад.                                                                       
Давлатшоҳ Маҳмудов, ФАРАЖ



“Намунаи адабиёти тоҷик”- шаҳодатномаи миллат ё чаро фармони Бухарин дар бораи чопи такрории ин асар иҷро нагардид?

Дар нимаи аввали асри XX  тоҷикон бо шарофати  Инқилоби Октябр соҳиби давлати ниммустақили худ гардида бошанд ҳам, дар ин давра забон ва миллати тоҷик ба муқобилияти шадиди пантуркизм дучор шуд.  Дар қатори онҳо як гурӯҳ донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷик ҳам буданд, ки хоинона ақидаҳои пантуркистонро ҷонибдорӣ ва дастгирӣ мекарданд.
Онҳо мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор карда,  барои ташкил намудани давлати миллии тоҷикон монеаҳои сангин эҷод менамуданд. Ин қувваҳо намехостанд тоҷикон дар марзҳои аҷдодиашон соҳибмулк бошанд ва барои расидан ба ин мақсадҳои нопоки худ аз тамоми имконият  ва роҳу воситаҳои сиёсию идеологии дар ихтиёри худ дош-таашон истифода мебурданд.                                                                                      
  Дар ҳамон шароити душвору  тақдирсоз, ки забону  миллаташро инкор  ва    тоҷикон — соҳибони аслии марзу буми  Осиёи Марказиро  аз давлату давлатдорӣ маҳрум карданд, устод С. Айнӣ бо навиштаҳои худ ба майдон омад. Китоби” Намунаи адабиёти тоҷик”- ро навишт.  Дар он сесад шоирро,   ки аз ҳазорсола қабл ва баъд аз он дар Мовароуннаҳр зиставу эҷод кардаанд, бо овардани намунаҳои ашъору эҷодашон  дарҷ кард. Устод Айнӣ ба ин васила  фарҳангу тамаддуни бою пурғановати миллати  тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.  Ба Ҳукумати вақти ҷумҳурӣ оид ба табъ расонидани китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” қотеъона ва пофишорона дархосту пешниҳод намуд. Раиси Шӯрои комиссарони Тоҷикистони мухтор Мирзо Абдулқодир Муҳиддин ин пешниҳоди устод С. Айниро пазируфт ва  ба Ҳукумати онвақтаи Тоҷикистон дастур дод,  то ки қарори чопи  “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро ба расмият дароранд. Моҳи марти соли 1925 дар шумораи дуюми  рӯзномаи“ Овози тоҷик”  эълони устод  Айнӣ  дар бораи ин иқдом ба нашр расид. Ниҳоят, дар моҳи сентябри соли 1925 китоби “ Намунаи адабиёти тоҷик” омодаи чоп шуд, ки қисме аз ашъори адабиёти  ҳазорсолаи мардуми тоҷикро дар бар мегирифт. 15 марти соли 1925 муқаддимаи муфассале барои он мураттаб шуда, 30 августи соли 1925 бо ҳаҷми 40 ҷузъи чопии покнавис  барои чоп омода шуд. Ин асар дар он вақт шаҳодатномаи миллати дар зери табари аҷнабиён пора-пора шудаистода буд.                                                                               
 Ин китоби тақдирсоз  соли 1926 дар “Нашриёти халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ” дар шаҳри  Москва ба табъ расид ва аз он рӯз бар зидди ин шаҳодатномаи  миллати қадимаву ботамаддуни тоҷик муборизаи шадиди муғризонаву сиёҳкорона ва ноҷавонмардона аз ҷониби мутаассибони миллатгарои Чағатой (муғул) оғоз шуд, зеро ба рағми нотавонбинон  ин асар мавҷудияти  забону адабиёти ҳазорсолаи як қавми бузурги форсизабонро дар Осиёи Марказӣ бо унвони тоҷик собит карда буд. Мухолифони ин асар даст ба ҳилаву найранг заданд. Онҳо шеъри “Бӯи ҷӯйи Мулиён”- и  устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро иқтибос оварданд,   ки гӯё шоҳи фироркардаи Бухороро устод Айнӣ ба воситаи ин шеър даъват дорад ва бо ин роҳ  назари бадбинонаи худ-ро ба Москва эълон карданд. Пантуркистҳо ва душманони ин асар дархости маҳкум кардани китобро доштанд. Ин дархост ба воситаи дабири Ҳизби Кумитаи Марказии ӯзбекистон ба Бухарин – узви олирутбаи сиёсии Шӯравӣ ва дабири аввали рӯзномаи “Правда” дода шуд. Ва ин шахс дар Анҷумани ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ дархост намуд, ки китоби пурарзиши эҳёи тоҷикон фаврӣ ҷамъоварӣ, манъ ва аз байн бурда шавад. Ноҷавонмардон ва касоне, ки аз ин миллату  тамаддун метарсиданд, ин китобро дар Осиёи Миёна сӯхта нобуд карданд. С.Айнӣ ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархос-та, дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннаҳру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд.
Соли  1934 дар Москва  аввалин Анҷумани нависандагони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил шуд, ки  устод С. Айнӣ дар  он иштирок   ва суханронӣ кард.  Анҷуман ба охир расид, сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон хостанд, ки Горкию Бухаринро ба меҳмонӣ даъват кунанд. Устод Айнӣ аз роҳбарони ҷумҳурӣ  дархост намуд, ки ба ӯ иҷозат диҳанд, то  дар рӯзи зиёфат бо Бухарин суҳбат намояд.  Дар аввал роҳбарон розӣ нашуданд, чунки Бухарин шахси воломақоми Иттиҳоди Шӯравӣ буд, аммо кӯшишҳои устод Айниро дида ночор розӣ шуданд. Рӯзи меҳмондорӣ устод С. Айнӣ бо шогирдонаш Сотим Улуғзода, Ғанӣ Абдулло, Рашид Абдулло, Абдусалом Деҳотӣ, Абдушакур Пирмуҳаммадзода, Раҳим Ҳошим ва Аббос Алиев  ба ҷои муайяншуда рафтанд ва бо Бухарин суҳбат карда, хатояшро ба ӯ фаҳмонданд. Дар ҷавоб Бухарин ба устод Айнӣ ва шогирдонаш   гуфт:   “Ин иштибоҳи дастгоҳи таблиғотии мост ва ман мутаассифам, ки  чунин мавриде ба ғалат пеш омада, бояд ислоҳ шавад ва китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” дубора бояд ба табъ бирасад”.                                                                        Дар соли 1937, замоне ки устод Айнӣ дархости чопи дуюмбораро дошт, Бухаринро ба унвони душмани халқ зиндонӣ ва эъдом карданд ва аз нав ба устод Айнӣ мушкил пеш омад. Боз душманони ин асар, ин миллат фитна карданду гуфтанд: “Аз нав  чопи ин китоб дархости Бухарини маъдум  будааст” ва аз чопи он ҷилавгирӣ шуд. Устод Айнӣ дар соли 1940 мақолаи дигаре дар мавриди қабри Рӯдакӣ навишту ба чоп расонд. Устод дар арафаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон боз ба такмили замимаи китоби “Намунаи адабиёт” пардохт ва бори охир нусхаи комили онро дар соли 1942 ба поён расонид. Чун   Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома дошт, асар  ба чоп нарасид ва дар бойгонии “Нашриёти давлатии Тоҷикистон” маҳфуз монд. Ахиран, ин асари  С. Айнӣ ба унвони рисолаи “Маънии калимаи тоҷик” ба китоби “ Намуни адабиёти тоҷик” замима гаштаву ироа гардид.
Гуфтан мумкин аст, ки  ҳамин асар сабабгори дар соли  1929 ҷудо  шудани Ҷумҳурии  Шӯра-вии Сотсиалистии  Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии  ӯзбекистон гардид.  Ҳамин китоб буд, ки мардуми моро дар рӯҳияи худшиносӣ  ва ифтихори миллӣ тарбия намуда, гузаштаи пурғановати таъриху фарҳанг ва адабиёти оламшумулро барояшон возеҳу равшан муаррифӣ кард.
Худоёрзода Эмомалӣ Сафаралӣ


Садриддин Айнӣ ва тағйири алифбо

Идеулужии ҳоким дар даврони шӯравӣ Садриддин Айниро яке аз бунёнгузорони алифбои лотин ва пириллик дар Тоҷикистон муъаррифӣ мекард. Бисёре ҳам ба ин пиндор вақъ ниҳоданду бовар карданд; ғофил аз ин ки “бунёнгузор”-и алифбоҳои бегона дар Тоҷикистон ҳатто як асар ё номаи худро ба хатте ҷуз порсӣ нанигоштааст ва дар воқеъ, аз мухолифони хомӯши тағйири алифбо дар поёни даҳаҳои 1920 ва 1930 будааст. Тағйири алифбо падидае шӯравӣ буд, ки дар тамоми сарзаминҳои мусалмоннишини импротурӣ иттифоқ уфтод ва ҳамзамон бо мо алифбои ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Туркманистону Узбакистон ва ғайра ҳам тағйир карда буд. Тасмиме буд, ки дар Кремлин гирифтанд ва бар мо таҳмил шуд.
Рӯзи 19 уктубри 1992 мелодӣ зиндаёд Камол Айнӣ, фарзанди Садриддин Айнӣ, барои рафъи он пиндори ғалат ва лаккае, ки бар номи падари барӯмандаш андохта буданд, дар шаҳри Нйу-Йурки Омрико суханронӣ кард. Ҳабиби Бурҷиён, устоди эроншиносӣ, дар он ҷаласа ҳозир буд ва суханрониро ба таври комил забту пиёда кард. Матни комили ин суханронӣ танҳо пас аз марги Камол Айнӣ (15.08.2010) дар фаслномаи вазини “Раҳовард” мунташир шуд. Маҷаллаи “Забони порсӣ” бахши аъзами он суханрониро, ки марбут ба тағйири алифбо ва истори Садриддин Айнӣ дар мавриди он мешуд, барои нахустин бор ба ду хат чоп мекунад. Айнияти калом ва вежагиҳои гуфтории Камол Айнӣ дар ин матн ҳифз шудааст. Тавзеҳи бархе аз вожаҳо ё мафҳумҳои уфтода аз калом дар чангакҳо омадааст.
***
Дидори ёри ғоиб донӣ чи завқ дорад,
Абре, ки дар биёбон бар ташнае биборад…
Баъди Инқилоби Уктубр яке аз матолибе, ки пеш омад, иваз кардани алифбо буд. Иваз кардани алифбо ҳадафи комилан равшанро дошт. Вале ин кор, ҳамон тавр ки ба ҳама маълум аст, қабл аз инқилоб ин [кор]ро Мирзо Фатҳъалӣ Охундуф шурӯъ карда буд, то Яҳёи Зако ва ғайраву ғайра. Ва хушбахтона, муваффақ нашуданд, ки барои Эрон [хатти форсиро] иваз кунанд. Ва баъдан Туркия, вақте алифбои худашро иваз кард, соли 1922, ин хат омад ба Озарбойҷон [-и шӯравӣ] ва чун хеле аз фарзандони Мовароуннаҳр дар донишгоҳҳои Озарбойҷон [-и шӯравӣ] таҳсил мекарданд – Озарбойҷон [-и шӯравӣ] нисбатан пешрафта буд – ва инҳо вақте аз онҷо баргаштанд, ҳамон суннати иваз кардани алифбо, ин фикрҳо, дар Осиёи Марказӣ ҳам пайдо шуд. Албатта, инҷо сиёсат хеле амиқ кор мекард. Ошкор аввал намегуфтанд; ашхосро омода мекарданд. Ба ҳар ҳол, мубориза ба чунин ҳолат расонд, ки [дар соли] 1926 ҷумҳуриҳои туркзабони Шӯравии собиқ, Қазоқистону Узбакистону Туркманистону Тотористону Бошқир, инҳо ҳама алифбои худашонро иваз карданд.
Инҷо ҳам як қисмат мухолиф буданд; онҳо кушта шуданд. Баъди се сол [ё] чаҳор сол – ба унвони душманони халқ. Вале инҳо [яъне ҷумҳуриҳои туркзабон] тамоюли бештаре [ба тағйири хат] доштанд, чун Туркия таъсири хеле бузурге дошт. Охири қарни нӯздаҳ ва аввали [қарни] бист хелеҳо рафта буданд [ба Туркия] барои таҳсил. Ин бенатиҷа намонд.
Вале Тоҷикистон, ки он вақт як ҷумҳурӣ илҳоқ буд дар Узбакистон, ба унвони ҷумҳурии мухтор, фақат соли 1929 маҷбур шуд, ки ин алифборо қабул бикунад. Он солҳо мубориза хеле шадид буд ва аввал ҷаласаи иваз кардани алифбои лотинро дар Самарқанд гирифтанд (он вақт маркази ҷумҳурии кӯчаки тозабунёди Тоҷикистон Самарқанд буд). Ин самара надод. Баъдан ҷаласаро бурданд Тошканд – дар маҳалле, ки тоҷикҳо хеле кам буданд – ва онҷо муваффақ шуданд. [Аз] тарафдорони иваз кардани алифбо яке буд [ба номи] Сайид Ризои Ализодаи Собит; шахсе аз Ишқобод буд, вале барои тоҷикон хеле заҳмат кашида. Чандин китобҳои дарсӣ бо қалами эшон навишта шуда ва эшон яке аз онҳое, ки маҷаллоту рӯзномаҳои форсии тоҷикро баъд аз инқилоб бунёд карданд, буданд. Хуб, ман ишора мехоҳам бикунам, ки аввалин рӯзномаи Мовароуннаҳр ба забони форсӣ қабл аз инқилоб дар замони амир [Олимхон] буд, вале фақат шаш-ҳафт моҳ умр дошт; чун аз тамоми кишварҳо ва аз Боғчасарой нома мефиристоданд, ки чи тавр дар маркази Туркистон имкон пайдо шудааст, ки маҷаллаи форсӣ фаъъолият дорад. Баъд аз чанд моҳ инро бастанд ва як маҷалла ба забони тотории ҷағатоӣ оварданд – ба хотири ин ки як забони муштарак буда бошад барои ҳамаи Осиёи Марказӣ. Вале лаҳҷаҳои туркии маҳаллӣ он қадр [бо тоторӣ] тафовути зиёд дорад, ки ин, албатта, қобили қабул нашуд.
Бале, як иддае аз тарафдорон иҷборӣ хидмат мекарданд. Абдуррауфи Фитрат, [ки] аз нависандагони қадими мо ва касест, ки Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” менависад, ки аз эшон навоварӣ дар забони форсии мо шурӯъ шуд (он вақт забонро “форсӣ” мегуфтанд) ва дар шеъру наср шахси ниҳоят муқтадир буд. Вале эшон ҳам таҳсилкардаи он тараф [яъне Туркия] буд ва [ба] маҳаллашон Тошканд оварда буданд ва унвони устод дода буданду пруфессуру ин ҳарфҳо. Эшон ба унвони аввалин муаллифи алифбои тоҷикӣ ба хатти лотин эълом шуда буд. Як вориёнти дигаре, ки омода шуда буд, моли Фреймон буд, аз Ленингрод. Бартарии он алифбо ин буд, ки онҷо [ба] дарозу кӯтоҳии ҳиҷоҳо ишора шуда буд – ва Айнӣ тарафдори ин буд. Вақте иваз карданду гуфтанд ин бояд бишавад, Айнӣ гуфт: Агар мо гузашта бошем ба ин алифбо, бояд дарозу кӯтоҳро ҳатман ҳифз бикунем, ки лоақал ғалатхонӣ нашавад. Ва ин хат ду сол фаъъолият дошт. Ин алифборо баъдан иваз карданд. Гуфтанд, ин гарон [=сақил] аст; ҳар кас, масалан, дар деҳкадаи худаш одат карда, ҳамин тавр хонад. Дар натиҷа, ҳоло имрӯз ҳам гӯяндаи родю баъзан “бино” (касе, ки мединад) بینا ро аз “бино” (сохтмон) بنا фарқ намекунад.
Дар ин замон [Абулқосим] Лоҳутӣ дар ин ҷаласаҳо ширкат дошт ва охир ин Лоҳутӣ пешниҳод кард, гуфт, ки дар мавриди тоҷикҳо мо ҳақ надорем ин масъаларо ҳал бикунем; чунки бо форсизабонони Эрону Афғонистону инҳо бояд якҷоя ҳаракат бикунем. Вале ин таъсири баръаксро овард ва сиёсатмадорон гуфтанд, ки “Ҳон! Инҷо инҳо мехоҳанд такя бикунанд ба онҳо [=ба эрониён] ва инҳо бояд ҳатман чизашон [=алифбояшон]-ро иваз бикунанд”. Яъне ҳадаф равшан шуд.
Айнӣ дар ин маврид чигуна иттилоъотеро дошт? Эшон дар он ҷаласот зиёд дар митингҳо ширкат намекарданд. Вале он вақте ки муборизоти иваз [кардани] алифбо шурӯъ шуд, ба ҳамин алифбо [яъне алифбои форсӣ], ҳамон вақте ки сахт мекӯбиданд, “Торихи амирони Манғития”-ро навишт, “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро навишт, аввалин румон [-и Тоҷикистон] “Одина”-ро навишт, баъд маводде аз торихи инқилоби Бухоро навишт. Ва ҳамаи ин китобҳоро, вақте менавишту мефиристод ба Бухоро ё Тошканд, мегуфтанд: “Гум шуд! Наметавонем чоп бикунем”. Ва эшон, ки ҳоло мутаваҷҷеҳ шуда буд, ки он чи тавр гум шуда, ҳатман купия мекард барои худаш ва дубора инро мефиристод ба Қозон ё Иравон, онҷо чоп мекарданд… Меоварданд, пахш мекарданд. Вале вақте “Намунаи адабиёти тоҷик” чоп шуд – ин китоб собит мекунад, ки аз ҳазор сол қабл то имрӯз ин миллати форсизабон, ки худашро “тоҷик” мегӯяд, яъне “форс” мегӯяд, “эронӣ” мегӯяд, вуҷуд дорад ва ҳақ дорад, ки ҷумҳурӣ дошта бошад. Ин “Намуна”-ро ба унвони шиносномаи миллат эълом карданд. Ва ин ба он ҳаракоте, ки аз тарафи дигарон меомад – мегуфтанд, ки аз Туркия то фалон ҷо як давлати муғулӣ ё туркӣ бошад – бар алайҳи онҳо буд, чун дар васати як бегонае соҳибзамин – ки ҳоло бегона эълом шуда буд – вуҷуд дошт. Ва ин буд, ки хушашон намеомад.
Баъди интишор шудани ин китоб, албатта, Лоҳутӣ як пешгуфторе навишта буд барои ин китоб. Ин ҳам ба хотири ин буд, ки вақте Лоҳутӣ омад, Лоҳутӣ оташ буд барои Тоҷикистон ва хеле саъй мекард, ки адабиёти навин ҷилав биравад. Он вақт инқилоб маънои бедории миллатро дошт, ҳифзи суннатҳоро дошт, харобкориро дар [назар] надошт…
Вақте Лоҳутӣ омад, эълом шуд, ки Лоҳутӣ ҳам яке аз он анварпошшоҳост (Анварпошшо, вазири ҷанги Туркия, фирор карда буд, инҷо омада буд ва дунболи овардани амиру инҳо буд). Ба хотири ҳамин, Айнӣ Лоҳутиро овард тӯи (дар) “Намунаи адабиёти тоҷик” ва, ба истилоҳ, Лоҳутӣ шиносномаи расмии сиёсию фарҳангӣ ва ҷумҳурӣ гирифт. Лоҳутӣ ҳам як пешгуфторе навишта буд барои ин китоб. Ва шурӯъ карданд ба кӯбидани Айнӣ. Далелаш ҳамин ин буд, ки Айнӣ ин китобро аз шеъри
Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Шоҳ наздат меҳмон ояд ҳаме
[шурӯъ карда буд]. Ба хотири ин ки мегуфтанд, Айнӣ бо ин калимаи “шоҳ” амирро мехоҳад дубора биёрад! Ба хотири ин ӯ душмани халқ ва алайҳи инқилоб аст. Ва кӯбиданд. Ва инро бурданд то Маскав бо забони Бухорин, ки яке аз бузургони инқилобӣ буд, дасти рости он бузургон буд, дар ҷаласаи ҳизбӣ эълон карданд, ки дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз мударрисин ва парваришдидаҳои мадориси Бухоро ҳастанд, ки дунболи овардани амир ҳастанд. Ва ин тавр ки набуд! [Айнӣ] ҳамеша бар алайҳи он амир мубориза кард ва шумо, ки медонед, ки он ҷазоҳое, ки дида, тақрибан кушанда буд. Дар натиҷа, дар майдони Самарқанд [нусхаҳои] ин китобро ҷамъ карданд, аз тарафи давлат иҷозаи расмӣ шуд ва сӯхтанд. Муборизаи амалии Айнӣ бар алайҳи гузаштан ба хат [лотин] – ба баҳонаи дигар – бадбахтии сахте баҳаш (ба ӯ) овард. Ва ҳазорон касоне буданд, ки ин сарнавиштро доштанд.
Вале масъалаи иваз [кардани] алифбо дар ин минтақа торихи дигаре ҳам дошт. [Дар соли] 1913 яке аз бузургони масъули Осиёи Марказӣ аз Русия, ки симмати женеролӣ дошт, навишта буд, ки (ман мазмунашро баён мекунам) падари миллати Русия, Петри Кабир, фармуд, ки роҳи Русия ба уқёнус аз тариқи Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон [боз мешавад]. Ва ҳоло навбати Осиёи Марказӣ ҳаст. Ва барои ин ки мо инро ба дасти худ гирифта бошем, лозим аст, ки алифбои инҳоро иваз бикунем, забони инҳоро иваз бикунем, мадорисро иваз бикунем, андешаи инҳо мисли мо бошад, тафаккури инҳо мисли моли мо бошад. Он вақт инҳо ҳама ғуломи ҳалқабаргӯши мо хоҳанд буд. Яъне ин барнома аз он вар ҳам буд. Ва [дар] соли 1919 як маҷаллае дар Маскав чоп мешуд. Он вақт “назорат” мегуфтанд “вазорат”-ро. Назорати милал, яъне вазири милали Иттиҳоди Шӯравӣ, Истолин буд. Ва аз тарафи ин вазоратхона як маҷаллае чоп мешуд, ба номи “Жизнь национальностей”, яъне “Зиндагонии миллатҳо”. Онҷо дар шумораи 1996 чунин навишта шуда буд (ман ба забони ҳамон вақте ки ин эълон шуда буд, мехонам): “Дар даврае, ки прулеторет [табақаи коргар]-и ҳамаи мамлакатҳо ва миллатҳо ба муқобили (яъне бар алайҳи) копитолисми ҷаҳонӣ муборизаи ягона мебаранд, ба мо лозим меояд, ки маданияти халқҳои гуногунро байни ҳам наздик намуда, аз болои ҷаҳаннам пуле дуруст кунем, ки онро дар байни мо мухталифӣ [=ихтилоф]-и забонҳо ба амал овардааст”. Яъне он вақт равшан ин маҷаллаи ҳизбии умумииттифоқӣ навишта буд, ки ин роҳ аст. Он вақте ки арафаи муборизаи гузаштан ба алифбои нав [буд]. Тамоми маҷаллоти форсию туркӣ дар Мовароуннаҳр менавиштанд, ки (қабл аз кунфронсҳо): “Салом бар тарафдорони алифбои лотин!”, “Зинда бод алифбои лотин – намои фарҳангии инқилоб!” Ва ин ҳарфҳо буд, ки ҳама [ночор] меомаданд; дигар… ин фишор аст.
Тарафдорони ин алифбо се гуна буданд. Як қисмате, ки мехостанд ба [хатти] лотин бигзаранд. Инҳо мегуфтанд, ки мардум зудтар соҳиби савод мешаванд. Вале савод чи буд он вақт? Савод як имзо ва хондани рӯзнома буд. Ва онҳое, ки мехостанд [хатти] форсӣ-арабиро нигаҳ доранд, мегуфтанд, ки агар [хатро] иваз бикунем, боз мушкилоти бештаре ба вуҷуд меояд.
Ва як қисмат буданд, ки мегуфтанд, ки [хатти форсӣ] ҳатман бояд аз байн биравад, чун бо мазҳаб омадааст. Вале тағофул мекарданд, ки ҳамаи алифбоҳои ҷаҳон бо мазҳаб омадааст. Ҳеч гуна худаш наомадааст. Ва он вақт [ки] диданд, ки он ҳама лингвист (забоншинос)-бозиҳо натиҷа намедиҳад, шиъоре эълом карданд: бадали алифборо инқилоб тақозо мекунад. Ин дигар корро тамом кард. [Гуфтанд:] тақозо мекунад дигар, коре наметавонем бикунем. Ҳамон тавре ки ҳамаи инқилобҳо тақозо мекунад, ин ҳам тақозо мекунад. [Дар соли] 1926 ҷаласаи ҳизбии Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омад. Онҷо як оқое ба номи Берман навишта буд, ки инҷо муносибатҳои табақотиро нишон медиҳад. “Муносибати доираҳои миллӣ ба ин масъала (яъне бадали алифбо) чун пештара хайрхоҳона нест, ҳарчанд ки дар бораи зарурияти ҷорӣ намудани алифбо изҳори ақида мекунанд. Чунин ақида мавҷуд аст, ки алифбои нав таҳқири мазҳакаи зочабозӣ аст. Назари миллатҳо чунин буд”. Ҳамон Абдуррауфи Фитрат баъдан навишта буд, ки дар вазъияти ҳозираи ман илоҷи дигар набуд…
Мунзим ҳам навишт, ки бо иваз [кардани] алифбо мо ҷудо шудем аз гузашта, вале фоида надошт. Як иддае буданд аз ҳизбиҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки дар маҷаллоти ҳизбӣ баланд мешуданд, мегуфтанд, ки ҳар кас бар алайҳи алифбо бошад, душмани халқ аст ва тақозои инқилоб мубориза бо душмани халқ аст. Ин буд вазъияти онвақтаи мамлакат, ки он вақт мардуму зиёиҳо явош-явош тарсу шуданд. Диданд, ки ҳар кас, ки таъхир (?) мекунад ё хонааш хароб мешавад ё худашро мебаранд ё ҳабс мекунанд ё китобҳояшро месӯзонанд. Дигар явош-явош одат карданд ба он ки алифбо иваз шавад. [Дар соли] 1929 алифбои миллии тоҷикӣ иваз шуд ба лотин; ба ин ҷиҳат [аз ин пас] тамоми форсизабонони Осиёи Марказӣ ҳам гузаштанд ба алифбои нав.
Бояд бигӯям, ки охири 1935 як қонуни давлатӣ эълон шуд. Инҷо навишта буданд, ки дар ҷумҳуриҳое, ки алифбои арабӣ доштанд, алифбои арабӣ қадаған (мамнӯъ) ва хилофи давлат аст; чун хилофи давлат аст, дигар бояд вуҷуд надошта бошад. Аз он вақт шурӯъ шуд ҷамъоварӣ ва аз байн рафтани нусахи хаттӣ ва муборизаи хеле сахт. Ва дар ин маврид, хушбахтона, эроншиносони Шӯравӣ – дар инҷо намояндагони миллатҳои мухталиф буданд, ки дар Маскав ва Ленингрод буданд, хусусан Ленингрод – онҳо мактаби хели суннатии қавии эроншиносиро доштанд – ки ин маълум аст. Ва инҳо рафтанд дунболи ҷамъ кардану ҳифз кардану тарҷума кардану мутуни интиқодӣ чоп кардан – ки рафта-рафта он силсила бо ҷилдҳои мушкӣ (сиёҳ) [даромад], ки дар Маскав [табъ мешуд]. Ин натиҷаи ҳамон муборизаҳо буд. Онҷо ҳамон Бертелс буду Семйунуф буду Бортулд буд ва намедонам чи буд ва Айнӣ ширкат мекард ва Фреймону инҳо буданд, ки хушбахтона, инҳо дар он мамлакат буданд, ки як андоза ба ҳифозати ин осор иқдом мекарданд ва дар пешгуфторҳо менавиштанд, ки ин манбаъ хеле арзишдор [аст]-у фалон ва моли тоҷику моли форсу… Яъне [кор] аз тарафи онҳо, ки [анҷом] мешуд, маҳалҳо [яъне ҷумҳуриҳо] наметавонистанд эроде бигиранд.
Рафта-рафта алифбо таъсири хеле бади худашро гузошт ва қабл аз ҷанги ҷаҳонӣ, соли чиҳил [=1940], боз як иқдоми на беҳтар аз ин шуд, ки ҳамаро гузаронд ба алифбои русӣ, яъне кириллик [=сириллик] ва дар зарфи даҳ сол ин миллати азиятдида дубора аз сифр шурӯъ кард; чунки онҳое, ки лотин медонистанд, саводнок маҳсуб мешуданд ва онҳое, ки форсӣ медонистанд, бесавод буданд. Ва масалан, доӣ (тағо)-и ман, ки 22 сол дар зиндон буд ва мутарҷими Бойрун, чаҳор ҷилди Тулстуй ва “Евгенӣ Унегин” ва [муаллифи] аввалин китобҳои форсии тоҷикӣ ва китобҳои дарсӣ буд ва аввалин нозири маъорифи Туркистон буд – ӯро ҳам дар чизҳояш [=мадорики шиносоиаш] навишта буданд “бесавод”, ҳарчанд забонҳои инглисӣ ва русиро ҳам хуб медонист. Бале, ва онҳое, ки, масалан, вақте алифбои русӣ омад, лотин медонистанд, онҳо [ҳам] бесавод буданд дигар. Хоста бошӣ саводнок бошӣ, бояд онро [=хатти русиро] ёд бигирӣ. Ва савод ҳам ин буд, ки маҷалла бихонию имзо кунӣ.
Ин ҳам кофӣ набуд. Баъдан дастури расмие буд, ки истилоҳотро иваз бикунанд. Соли 1933 Айниро кӯбиданд. [Дар] 1937 ҳамаро мегирифтанд. Дар бораи Айнӣ ҳам мақолоти муфассале чоп мешуд; ҳам дар Самарқанд, ҳам дар Бухоро, ҳам дар Тошканд, ҳам дар Душанбе – ки душмани халқ аст; он вақт он мақоларо чоп карда, он вақт фалон карда, [дар] китобҳояш ин карда, “ҷадид” ҳаст, [дар] мадраса хонда, имом буд (имом ки набуд!), мударрис буда, фалон буд – ба ҳар ҳол, душмани халқ аст.
Ва хиёбони Регистон, агар Самарқанд рафта бошед, он хиёбон ба номи Айнӣ буд. Ман ёдам аст, ҳама ҷамъ шуданду лавҳаҳоро меканданд. Мегуфтанд: “Нест бод! Душмани халқ аст”. Як нафар аз ховаршиносон, аз дӯстони падарам, як шаб омад. Соли 37, ки вақти бадтарин буд. Гуфт, ки “устод Айнӣ, бачаҳоро таҳвил бидиҳед ба мадрасаи русӣ, чунки дастур мешавад ҳафтаи дигар, ки инҳо ҳамаро берун бикунанд”. Ва моҳоро бурданд мадрасаи русӣ. Ва қочоқӣ муъаллими арабӣ доштам ман, форсӣ доштам ман, нусхаи хаттӣ мехондам, забони олмонӣ мехондам, ки аз суннатҳо… Ва бибӣ доштам. Ҳар шаб меомадем, “Шаҳнома” мехондем, чи мехондем. [Аммо] рӯзҳо мерафтем мадраса [-и русӣ]. Агар вазъияти хонадони мо ин тавр бошад, вазъияти дигарон хеле бад[тар] буд.
Дар Самарқанд як дӯконе буд. “Дӯкони Абдуллоҳҷон-оқо” мегуфтанд. Аз дӯстони падарам буд. Аз он равшанфикрҳо, аз он донишмандоне, ки мегуфтанд ҳазорон ҳазор байтҳо [аз бар аст]. Ҷомиро бо доӣ (тағо)-и ман аз ёд медонистанд. Мушоъира мекарданд. Аз аввал то охир. Мегуфтанд, ки фалон! Ин байт давоми чист? Ман медидам инҳоро. (Ҳоло мо инҳоро надорем, чун мактабро надорем.) Вале ин оқо як дӯконе дошт. Дар тӯли ҳафта китобҳои форсию арабию ҳарчи дар бозор буд, инҳоро меоварданд инҷо. Он вақт Айнӣ меомад ва онҳо меомаданд. Хеле бомаза буд. Бо ин пӯшокҳои хеле зебо меомаданд, менишастанду суҳбат мекарданд, мушоъира мекарданд. Баъд нусхаҳоро нигоҳ мекарданд. Айнӣ мегуфт: Инаш барои Тоҷикистон – чун Тоҷикистон лозим дорад; инаш барои Тошканд, ин барои Самарқанд. Тақсимбандӣ мекарданд.
Ин шахс гуноҳе надошт ба ҷуз ин ки як муҳит – клуб буд дигар – як муҳите, ки ҳама ҷамъ мешуданду он [нусхаҳое,] ки боқӣ монда [буд,] онҳоро ҳифз мекарданд, ки лоақал ба китобхонаҳо фурӯхта шавад. Ва сию ҳафтум сол ин оқоро ҳам гирифта буданд. Бурданд. Гуноҳаш ҳам ин буд, ки тарғибкунандаи хатти форсӣ [аст], ки “бисмиллоҳ” дорад ва оне, ки ҷамъ бикунад ва ҳатман чун ин корҳои хилофи он қонуни давлатро мекунад, ҳатман ин ҷосуси як кишварест. Вале ин бечора аз Самарқанд ҳеч вақт берун ҳам нарафта буд. Кӯбиданду кӯбиданду гуфтанд: “Ҷосуси кӣ ҳастӣ? Инглис?” “На!” “Олмон?” “На!” Гуфтанд: “Ҳатман ҷосуси Эрон ҳастӣ, чун ҳамзабон ҳастед”. Баъд гуфтанд: “Киҳоро ту аз онҷо медонӣ? Киҳо устодони ту ҳастанд, ки дастур медиҳанд?” –“Устодони ман? Саъдӣ дигар, Ҳофизу Соибу инҳо ҳастанд”. Ва се нафар он вақт “труйко” ки мегуфтанд, сенафарӣ менишастанду расидагӣ мекарданд ва парванда дуруст мекарданду дигар истинтоқ мекарданд. Бале, [дар] он [суратҷаласа] навишта буд, ки ҳамин тавр ки худаш иқрор шуда, ӯ ҷосуси давлати шоҳаншоҳии Эрон буда ва онҳое, ки дастур медоданд, Соибуф, Ҳофизуф ва Саъдиеф будаанд. Ҳоло мо инро аз куҷо медонем, баъдан мегӯям.
Ин вақт Айниро ҳам мекӯбиданд. Айнӣ нома навишт ба Лоҳутӣ. Ин номаро ҳам чоп кардем; се нома [дар] 10-12 сафҳа аст. Тамоми вазъиятро навиштаву гуфта, ки “маро мегӯянд мударрис будаам – вале [мегӯянд] тарафдори амир будаам – вале ман бар алайҳи амир ҷангидаам ва ин ҳама сурате, ки акси тахтапушти [тозиёнахурдаи] манро доред, ин нишонаи ҳамон ҳаст. Ва мегӯянд, ки понтуркист будаам. Ва ман набудам, чун бар алайҳи онҳо дар ҳифозаи тоҷикҳо [мубориза] кардам”.
Лоҳутӣ хеле ҷасур буд. Дар Маскав буд. Лоҳутиро нагирифтанд. Агар инҷо [яъне дар Самарқанд] буд, ӯро ҳам мегирифтанд. Лоҳутӣ ин номаро бурд пеши нависандагони Русия, ки чанд нафар аз онҳо хеле алоқа [=робита]-и хубе доштанд бо Айнӣ. Ва онҷо шарқшиносе буд бо номи Дёкуф (Алексей Михайлович Дьяков), ки ховаршинос буд ва ба китобҳои Айнӣ пешгуфтору тақриз менавишт. Дастаҷамъӣ як ёддоште доданд ба нависандагон ва онҳо рафтанд [ба назди] мақомот ва иҷоза гирифтанд, ки Айниро ҳифз бикунанд. Ва Фодееф (Александр Фадеев), шахси аввали нависандагони Русия, муъовинашро фиристод Самарқанд. Мо хона будем. Шабона омад, ки бобо тамоми тирезаҳоро бо коғаз часпонда буд. Се моҳ аслан берун наёмад[-а буд]. Омода буд ва ҳамаи асбобҳоро ҷамъ карда буд, ки биравад. Омад, гуфт, ки “устод Айнӣ! Дастур шуда, ки Шумо бояд ҳафтае барои истироҳат биравед – онҷо, бошгоҳи нависандагон”. Гуфт: Чи тавр? Истироҳат. –На, истироҳат!
Эшонро бо қатор бурданд. Ҳафтаи дигар мо дар боғ будем. Ва ҳамон доӣ (тағо)-и ман аз Уфо омада буд. Барои се рӯз иҷоза дода буданд, чун баъд аз 8-10 соли зиндонӣ иҷоза дода буданд, ки пеши модараш биёяду фомил (хонавода)-ашро се рӯз бибинад. Бечора омада буд. Бо китобҳои бобо [саргарм] буд. Мутолеъа мекард. Як мошини сиёҳ омаду он раиси маҳаллаи мо, ки ҳамаи корҳои моро мекард, харидро мекард, омад, гуфт, ки: “…Кӯчакаш ин ҳаст, бузургашро ҳам пайдо мекунам”. Ӯро гирифтанд, рафтанд. Баъди ду-се моҳ бобо баргашт, ба Самарқанд омад, ки он вақт сарони ҷумҳуриҳо иваз шуданд. Шиддати кушокушу гирогирӣ аз байн рафт ва Узбакистон сардораш оқои Усмон Юсуф буд, ки яке аз шогирдони Айнӣ буд ва худаш ҳам тоҷик буд. Ӯ тамос гирифт бо Маскав ва Стофский (?)-ро дубора оварданд. Айниро бурданд онҷо ва онҷо як баррасӣ карданд. Боз се нафар буданд… Намояндаи Маскав, Тошканд ва… Навиштанд, ки душмани халқ нест. Айнӣ омад. Хуб, маълум, ки мо душмани халқ нестем. Ин буд, агар нарафта буд ҳам, мебурдандаш. Аз ин сиёсатҳо мо хеле зиёд доштем.
Бале,… баъди 12 сол аз он хонадони Абдуллоҳҷон-оқо 11 нафар зиндонӣ шуда буданд ва ду писари ӯ, ки яке аз мутарҷимони Шекспир буд, дигарӣ дромнавис буд, яъне бачаҳое, ки барои ҷумҳурии худашон кор мекарданд, Маскав мерафтанд, Берлин мерафтанд – ва писари кӯчаки ӯ кушта шуда буд онҷо. Худи Абдуллоҳҷон ҳам тирборон шуда буд. Вале Ғанӣ Абдуллоҳ, ки писари бузурги ӯ буд, омад Самарқанд, бо ҳамон пӯшокҳо[-и қадимӣ]. Аввал бобо салмониро, ки мо “сартарош” мегӯем, оварданд. Пӯшокҳояшро иваз карданд. Баъд гуфт: “Устод, чи кор кунам? Пои ман ланг аст, чун зери дарахт монда. Ман ҳақ надорам – чун душмани халқ ҳастам – дарс бидиҳам. Ҳақ надорам мақола бинависам. Наметавонам дастамро дароз бикунам. Ман аз фалон хонаводаам”. Бобо гуфт, ки “ба ду ҷумҳурӣ нома бинависед; яке ба Тоҷикистон, дигарӣ ба Узбакистон”. Дар Тоҷикистон оқои [Бобоҷон] Ғафуруф он вақт буд, ки раиси… ҳизбӣ буд. Кумунист буд, вале дар рушди фарҳанг хеле заҳмат кашида буд. Ва [Ғанӣ Абдуллоҳ] ба онҳо навишта буд, ки ман эълон шудаам, ки “душмани халқ” ва “душмани халқзода” ҳастам, вале тарбиятгари ман устод Айнӣ аст, ки аз эшон бояд суол бикунед. Ин ду номаро фиристод ва Айнӣ ҳам нома навишт. Ва ба хотири ин ки ду сарвари ҷумҳурӣ талаб карда буданд, [парвандаро] дар Самарқанд баррасӣ карданд. Айниро гуфтанд, ки… “бинвис, ман намешиносам; дар ҷавонӣ ӯ шогирди ман буд, [аммо] ҳолонамешиносам”. Гуфт: “Наметавонам ин корро бикунам. Бояд ки парвандаро бибинам”. Ва онҳо ҳам дигар чорае надоштанд. Чунки бояд ҷавобе бинависанд ба ду сарвар. Он вақт маҷбур шуданд, ки парвандаро биоваранд. Вақте рафт, парвандаро овард, ӯ мутолеъа кард, ки навишта буданд, ки Соибуфу фалону фалону ин ҳарфҳову бемаззагиҳо. Ду нома, номаи қашанге ба номи ду сарвар навишт. Ва дар ҳарфи як моҳ-ду моҳ ин оқо тамоми… ро гирифт, унвонҳояшро гирифт ва рафт Тоҷикистон ва яке аз онҳое буд, ки дроми тоҷикро дар сатҳи хеле боло бардошт ва хушбахтона, саранҷоми рӯзгори ӯ бад набуд.
Дар оршив (бойгонӣ)-и Айнӣ маводди зиёде ҳаст аз натиҷаи ин иваз кардани алифбоҳо. Масалан, эшон ҳамеша тамоми номаҳои худашро ва мақолаҳояшро ба хатти форсӣ менавишт ва фақат ба хатти лотин як имзо дошт. Ба ҷуз имзо чизи дигар надошт. Имзо лотин буд, ба хотири ин ки аснодро имзо кунад. Ва ба хатти русӣ ҳам як имзо дошт; ба хотири ин ки раиси Окодемии Тоҷикистон интихоб шуд, маҷбур аст, ки номаҳоро имзо кунад. Ва як имзое ба форсӣ дошт.
Ман он вақт таҳсил мекардам дар Ленингрод, Авесто мехондам пеши Фреймон. Нома навиштам ба эшон ба хатти кириллик – одат карда будам… Ва эшон навишта буд, ки “Писарам, хушбахтона, номаи худатро ба форсӣ навиштӣ, ба хатти арабӣ навиштӣ. Хеле хурсанд шудам, ки мактуби 16 уктубр навиштаатро бо ҳарфи арабӣ навиштаӣ ва ҳам хеле хуб навиштаӣ. Арабии ту аз арабии Лутфия (яъне хоҳари ман) хонотару беҳтар аст ва ин муваффақияти калом аст. Арабӣ навиштани ту боз аз ҳамин ҷиҳат маро хурсанд кард, ки 28 уктубр Лутфия бо ҳаммактабҳои худаш барои пахтачинӣ рафта буд. (Он вақт иҷборӣ буд ин корҳо.) Агар хат бо хатти арабӣ намебуд, то омадани ӯ нохонда мемонд”.
Бибинед, вазъияти Айнӣ ин тавр буд, вале то охир тамоми осорашро бо хатти арабӣ навишт. Ва дар оршиви Айнӣ чунон чизҳо ҳаст, ки эшон мақола менависад, мефиристанд ба нависандагону шогирдон, ки ба хатти лотин ё ба кириллик чоп бикунед ва дастнависи маро баргардонед.
Ва чанд мақола ҳаст, ки онҷо истилоҳот иваз шуда. Масалан, Айнӣ навишта “сиёсат”, онҳо гуфтаанд “политика”, Айнӣ навишта “ҷумҳурӣ”, онҳо навиштаанд “республика”. Инҷӯрӣ фаровон буд. Агар маҷаллот ва чизҳои он замонро нигоҳ бикунед, мушоҳида хоҳед кард, ки ба тарзи иҷбории дастур аз боло истилоҳоти кулли Шӯравӣ аз тарафи Русия пахш мешуд, ба хотири он ки мехостанд забонҳо ихтилоф надошта бошанд.
Чизе, ки дар охир мехоҳам бигӯям, ниҳояти беъадолатӣ ҳаст. Соли 1945 [Сотим] Улуғзода, нависандаи маъруфи мо, ки ҳоло ҳаштоду чанд сол дорад, дар хотироти худ, ки ахиран навишта (он вақт ки наметавонист), мегӯяд, он вақт моро, ҳамаро ҷамъ карданд. Дабири ҳизб омад. Мо фаҳмидем, ки як масъалаи хеле ҷиддӣ ҳаст. Баъд гуфтанд, ки мо бояд алифбои русиро, ки қабул карда будем, такмил бикунем. Як ҳарфи “ш” ва як ҳарфи “щ” дошта бошем. Ҳама сокит буданд, чун метарсиданд, ки масъалаи соли 37 [такрор шавад]. Улуғзода мегӯяд, ки Айнӣ як номае навишта буд, ки имкон надорад мо қабул бикунем. Ва Айнӣ ширкат надошт дар ин [маҷлис], чун дар Самарқанд буд. Айнӣ ҳеч вақт ҷои худашро иваз накард. Мегуфт, ки ман намехоҳам, ки [таҳти] таъсири сарони он вар бошам ва [таҳти] таъсири сарони ин вар бошам, мехоҳам озод бошам. Улуғзода менависад, ки Улуғзода баланд шуду гуфт, ки «Охир, ин савтиёт хос нест барои забони мо». Онҳо гуфтанд, ки “Ин чи ҳарфҳоест? Мо бовар дорем, ки Шумо хилоф [=мухолиф] нестед. Дигар қабул аст.” [Улуғзода идома медиҳад:] Баъдан он дабири ҳизб омад пеши ман.
“Ҳушатон дар ҷояш? [=Ҳавосатон куҷост?]”, гуфт дабир.
“[Магар] ман чи гуфтам?”, мегӯяд Улуғзода.
“Рафиқ Хрущёвро чи тавр менависед?”
Яъне чун Хрушчеф сари кор омада буд, мехостанд, ки ба ҳамон тарзе ки онҳо [яъне русҳо] менависанд, [дигарон низ] исми Хрушчефро бинависанд. Ба хотири ин, алифбои як миллате, ки [аслан ҳам] моли худаш набуду… боз илова шуд, ки савтиёти бегона ҳам оварда шавад.
Ман фикр мекунам, ки ин чанд мисол намунаест барои ин ки шумо тасаввуроти нисбатан комиле дошта бошед. Ман асноди хеле зиёде дорам. Ва ҳарфҳои ҳузновари таъсиркунанда аз он торих хеле зиёд ҳаст, вале намехоҳам, ки вақти шуморо бештар гирифта бошам. Мамнун. Аз ин пургӯӣ узр мехоҳам.
Чи сон нагиряму оташ ба хушку тар назанам,
Ки дар қаламрави Зардушт нақши Чингиз аст.

Камоли Айнӣ«Анҷумани порсӣ»


Ёддошти шодравон устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар бораи бузургвор устод Садриддин Айнӣ

Дар аҳди шуравӣ ақидае пеш омад, ки гӯё «тоҷикон забони адабӣ надоштанд ва ҳануз надоранд» (маҷаллаи» За партию», Тошканд, 1928, №4, саҳ. 110). Ин даъво аз пантуркистҳо сар зад. Онҳо мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти ӯро инкор мекарданд ва мегуфтанд, ки онҳое, ки худро тоҷик меноманд, дар асл узбаканд, ки забони туркии худро аз даст дода, аз таъсири мадраса ва Эрон як лаҷҳаи хароби форсиро пазируфтаанд.
Дар масъалаи забон пантуркистҳоро ховаршиносони рус дастгирӣ карданд. Садриддин Айнӣ дар номае аз 19 марти соли 1949 хотиррасон кардааст, ки чун соли 1926 тазкираи ӯ бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик» чоп шуд ва бо ин китоб мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти ӯ аз замони Сомониён ва Рӯдакӣ то қарни 20 исбот гардид, ба ин китоб ва ақидахои Айнӣ «ҳамаи шарқшиносон мукобил баромаданд ва забони адабӣ доштани халқи тоҷикро инкор карданд». Даъвои онҳо ин буд, ки гӯё забону адаби форсӣ, ки ҳазор сол боз дар Мовароуннаҳр вуҷуд дорад, моли эрониёни кунунист ва тоҷикон ба он ҳаққ надоранд. Бо ин тарфанд тоҷикону форсҳоро дар сари мероси фарҳангии муштараки онҳо ба талош хезонидан мехостанд.
Устод Садриддин Айнӣ дар ин нома аз шарқшиносоне, ки мегуфтанд «тоҷикон забони адабӣ (меъёр) надоранд», се нафарро ном гирифтааст, ки яке Е.Э. Бертелс, дигаре А.Н. Болдирев ва севумӣ М.С. Андреев мебошанд. (Е. Э. Бертелс, А.Н. Болдирев, М.С. Андреев баъдтар чун донишмандони забардаст шуҳрат ёфтанд ва барои тоҷикшиносӣ ва Тоҷикистон хидматҳои бузург адо намуданд). Устод Айнӣ гуфтааст, ки ба онҳо дар ин масъала чандин бор баҳс кардааст ва соли 1930 дар Сталинобод (Душанбе) дар як маҷлиси бузурги забони тоҷикӣ ва алифбои лотин «бо пруфисур Андреев даст ба гиребон шуда, ҷанг кардам». Яке аз ҳозирони он маҷлис ба бандаи нигоранда ҳикоя карда буд, ки устод Айнӣ дар он мубоҳиса ончунон шӯрид ва тафсид, ки ҷомаи пахтанокро кашида, ба сӯе ҳаво дод ва чобук шуда ҳаяҷономез хеле баҳс кард ва чанд бор сазовори кафкӯбиҳои аҳли толор гардид.


Аз китоби «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бистум»



 ЭРОН САРЗАМИНИ МО ВА ФОРСӢ ЗАБОНИ МО!
(дар ҳошияи баррасии устод Садруддини Айнӣ «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ»)

 
Нуктаи ҷолиб ин аст, ки ин мақола дар таърихи 30. 9. 1934 навишта шудааст; андаке пештар аз шуруъи қатлиомҳои тройкаи Истолинӣ ва террори сартосарии равшанфикрони тоҷик бо ҷурми дониши донишгоҳӣ (мадориси Самарқанду Бухоро) доштан ва пеш аз лак андар лак ба оташ кашидани китобҳои ҳазорсолаи мо ва пеш аз он ки забони моро хоҷагони бадманиши Кремлин «забони тоҷикӣ» (соли 1938) эълом доранд. Замони навиштани ин мақола ҳатто дар андешаи устод Айнӣ ва ҳамзамонони огоҳи вай намегунҷидааст, ки пас аз се-чаҳор солаке ба забон овардани вожаи «порсӣ» ё «форсӣ» дар сиёсати ғаддори ғайриинсонии ин хоҷагони ғосиб ҷурму ҷиноят хоҳад буд. Ва рӯзҳои таълифи ин мақолаи таърихӣ барои равшанфикрони порсигӯйи Мовароуннаҳр форсӣ забони модарияшон будаасту Эрон сарзамини аҷдодияшон. Ин ҷо бояд на ҳарфу ҳиҷои банда, балки сухани нависандаи бузурги мо – устод Айнӣ тарҷеҳ дошта бошад, ки чӣ гуна аз забону меҳани поки хеш бо масъулияту эҳтироми тамом нукта меорад, чӣ гуна ба мухотаби хеш таъкид мекунад, ки Эрони номовару накуном, Эрони маҳди донишу адабу ҳикмати ҳазорсолаҳо ватани поку муқаддасу аслию азалии мост. Мақола бо ин ҷумла оғоз меёбад:
«Барои тадқиқи аҳволи Фирдавсӣ ва чӣ гуна навишта шудани «Шоҳнома»-и ӯ танҳо донистани забон ва адабиёти форсӣ ва истифода карда тавонистан аз манбаъҳои Шарқ кифоя намекунад» (с. 9).
Акнун ба иқтибосҳои дигар аз ин мақолаи устод мебингарем:
Сафҳаи 11: «Тарҷимаи ҳолнависон донишманди замони худ будани Фирдавсиро, ба замми забони арабӣ ва форсӣ донистанаш забони паҳлавии мунқаризшударо менависанд».
Сафҳаи 13: «Арабҳо пас аз истилои Эрон забон ва асарҳои куҳнаи онро аз миён бардоштанд. Порчаҳои қиматбаҳои нафиса ва китобҳои бостонии эрониён дар миёни арабон ба тариқи ғанимат тақсим ёфт».
«Хулоса пас аз истилои араб забони расмӣ забони арабӣ шуд. Асилзодагони ба дарбори араб наздикшудаи Эрон ҳам ба забони арабӣ ҳарф мезаданд, қабулкунандагони дини ислом фарзандҳошонро дар мактаби исломӣ бо забони арабӣ мехононданд. Бино бар ин дар пушти дуйум забон ва адабиёти форсӣ гӯё аз миён бардошта шуд. Ҳатто номҳо ҳам шакли арабиро гирифт».
Сафҳаи 14: «Ба ҳамин тариқ то дусад, дусаду панҷоҳ соли истилои араб дар дохили Эрон аз адабиёти он гӯё асаре набуд.
Инак, дар ҳамон вақт Саффориён, ки дар Хуросон аз соли 253 то соли 268 ҳукумат рондаанд, барои зинда кардани забони Эрон ва ҷамъ намудани асарҳои куҳнаи он кӯшиш карданд. Ин кӯшишро Сомониён, ки дар Мовароуннаҳр ва Хуросон ҳукумат рондаанд, мукаммалтар ва самарадортар намуданд.
Кӯшиши Саффориёнро дар бораи зинда кардани забони форсӣ соҳиби с «Маҷмаъу-л-фусаҳо» ин гуна ҳикоят мекунад...».
Сафҳаи 15: «Аммо дар замони салтани Сомониён, ки бештар аз сад сол буда, ...як адабиёти феодалии мукаммали форсӣ ба майдон омад. Дар дарбори Сомониён шоирону адибони Мовароуннаҳру Хуросон гирд омаданд».
Сафҳаи 24: «Дар ин вақт Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и худро ба умеди подшоҳони Сомонии порсинажод менавишт, рӯ ба инқироз овардани онҳоро дида, «Дареғ он гулу мушки хушоби сӣ – Ҳамон теғи буррандаи порсӣ» гӯён маъюс мешавад».
Сафҳаи 37: «...яъне дар ҷавоби ин суол, ки чаро Султон Маҳмуд «Шоҳнома»-ро написандид, ин гуна баёни фикр карда метавонем, ки «Шоҳнома» сар то по маноқиби шоҳони Эрон буд. «Шоҳнома» ҳамаи бузургӣ, ҳамаи шараф ва ҳамаи маолиро ба сулолаи шоҳони Эрон махсус мекард. Султон Маҳмуд, ки аз ирқи ғайри Эрон буда падару бобояш шоҳ нагузашта буд ва ба замми ин ғуломзода ҳам буд, аз «Шоҳнома»-е, ки ҳама ин шарафро ба шоҳони Эрон тахсис кардааст, хушнуд шуда наметавонист».
Сафҳаи 42: САРЛАВҲА: «Таҳсини шуарои классики Эрон Фирдавсиро»
Устод Айнӣ ин ҷо гуфторҳое аз Саъдии Афсаҳу-л-мутакаллимин, Низомии Ганҷавӣ ва Анварии Абевардӣ пиромуни васфи накӯи Фирдавсӣ меорад, ба он маъно, ки мо Эрон дорему баробари Фирдавсии покзод Саъдиҳову Низомиҳову Анвариҳо!
Сафҳаи 43: «Вазифаи мо хонандагон аз санъат, услуб, салосат ва забони устод Фирдавсӣ бо танқиди марксистӣ-ленинӣ фоида бурдан аст».
Сафҳаи 43: «Забони «Шоҳнома» содатарин ва софтарин забонҳои классикони Эрон аст... тамоман беарабӣ набошад ҳам, камарабист. Бештарини арабиҳои дар ин китоби бузург корфармудашуда ҳам монанди ҳадя, аҳсан, ғам, навбат арабиҳои ба даруни форсӣ ҳазмшуда ё ин ки малак, фалак, қазо, қадар исмҳои ба ҳар форсизабон фаҳмо мебошад».
Сафҳаи 44: Устод Айнӣ аз ховаршиноси машҳури маҷорӣ Ҳерман Вомберӣ (1832 – 1913) ин иқтибосро меорад: «Забони форсии Осиёи Миёна, ки бо вай тоҷикон гап мезананд, то имрӯз аз тарафи донишмандони забони форсӣ тадқиқ нашудааст... Дар ин лаҳҷа хоҳ аз ҷиҳати луғат бошад, хоҳ аз ҷиҳати эъроб хосиятҳои бисёре ҳастанд, ки услуби Фирдавсиро ба хотир меоранд.
Ҳақиқатан натиҷаи тафтиши ин забоншиноси бузург мувофиқи воқеъ аст. Агар мо аз забони «Шоҳнома» монанди мӯбад, пизишк, пӯзиш, диж, ромишгар, дижхим калимаҳои аз форсии қадим монандро ва инчунин монанди або, абар адотҳоро, ки дар баъзе ҷо бо зиёдатии ҳамза ба ҷои бо, бар кор фармуда шудаанд, ба назар нагирем, на ин ки сар то пои он ба оммаи тоҷик фаҳмост, балки бештари он имрӯз дар забони зиндаи мардуми тоҷик кор фармуда мешаванд; ҳатто дар «Шоҳнома» он гуна луғатҳои форсӣ ва бо он гуна талаффуз кор бурда шудаанд, ки имрӯз дар забони адабии Эрон кор намефармоянд, аммо дар миёни тоҷикон зиндааст».
(Аз китоби Садруддин Айнӣ. Куллиёт, ҷилди 11, китоби якум. Душанбе, 1963.)

 

Obid Shakurzoda 


ШОГИРДИ АЙНӢ


...Бо роҳбаладии Боқӣ Раҳимзода ба утоқи устод Айнӣ даромадам. Ӯ сари миз машғули навиштан буд. Болои фаршро қолини куҳнае пӯшонида буд. Даромадан замон устод айнакашро аз чашмонаш гирифта, аз ҷой хест ва салом кард. Аммо устод маро нашинохт. «Шуморо нашинохтам, писарам, хизмат», - гуфт. «Устод, ба зиёрататон омадам, солҳои 1935 - 36 дар Самарқанд ба ман дарс додаед. Аз ҷанг, аз фронт баргаштам. Хостам дуоятонро бигирам ва баъд хона равам, - гуфтам. Номамро пурсид. Баъди каме андеша гуфт, ки ба ёдам омад ва дубора аз ҷой хест ва аз нав салом кард. Устод маро ситоиш кард, ки нағз мехондам. Аз ин суханони устод рӯҳбаланд шудам. Бо таклифи устод Айнӣ як пиёла чой бо як дона қанди сафед нӯши ҷон кардам. Устод пурсид, ки оиладор ҳастам ё не? Гуфтам, ки пас аз чанд моҳи хонадорӣ ба ҷанг фиристоданд ва ҳамсарам дар хона интизорам аст. Аз ин мулоқот устод хушҳол шуд, бароям роҳи сафед хост. Устод бо чеҳраи кушода пурсид, ки «Писарам, дигар ба ман ягон кор дорӣ?». Не, гуфтам...
Сухан аз марди 100 - сола меравад, марде, ки дар домани зархези Камароб, дар лаби дарёи Сорбоғ, аниқтараш деҳкадаи овозадори Кавраки Ғарм (Рашт) ба дунё омадаву солҳои 1935 - 36 дар Самарқанд аз сардафтари адабиёти муосири тоҷик - устод Садриддин Айнӣ дарси адаб омӯхтааст ва 7 сол дар мудҳиштарин ҷанги дувуми ҷаҳонӣ размидаву бо рутбаи афсарӣ ба Ватан бозгаштааст. Ин мард Саъдии Шариф аст, ки дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт зиндагӣ ба сар бурдааст.
Соли 1939 ӯ ба хизмат даъват шуд. Аввал дар фронти дуюми Украина размида, сипас муҳорибаи Сталинградро пушти сар кардааст, дар шаҳрҳои Калуга, Великий Лук, фронти Назди Балтик, Латвия ва дар соли 1945 дар шаҳри Кенисберг (ҳозира Калининград) баъди ҷароҳати вазнин ба бемористони низомӣ интиқол дода шуд. Барои ҷасоратҳояш ин тоҷикписари кӯҳистониро рутбаи афсарӣ дода, бо нишон ва даҳҳо медалу орденҳо тақдим кардаанд. Ӯ ордени «Ситораи Сурх» ва ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дорад. Аммо ин ҷанги хонумонсӯз ба хонаводаи онҳо чун ҳазорҳо хонаводаи дигар ғаму кулфат овард, зеро се бародараш, ки пасопеш ба ҷанг рафта буданд, дур аз Тоҷикистон фавтиданд.
Омаданҳои Мунаввар Шогадоев ба фронт ва дидорбиниашро бо тоҷикбачаҳо қисса месозад, ки ин ходими давлатӣ дар мавриди мардонагиву ватандӯстӣ аз гузаштаи таърихии халқ ва ҳатто аз гуфтаҳои И. В. Сталин, ки тоҷикон халқи қадимаанд ва тоҷи саранд, рӯҳияи ҳамдиёронашро боло бардошта буд. Бобои Саъдӣ гуфт: «Замони ба хоки Тоҷикистон по мондану баъди устод Айниро зиёрат кардан, дувумин нафаре, ки бо либоси низомӣ дар Душанбе ба зиёраташ рафтам, ҳамин Шогадоев буд. Қадрдонӣ намуд, 400 сӯм дод ва ба дастури ӯ дар як самолёти думусофирдошта ба Ғарм омадам. Раиси вақти Ғарм Оқилов дар фурудгоҳ ба пешвозам омад». Баъди баргаштан аз майдони набард ӯ дар вазифаҳои масъулиятнок-муовини раиси кумитаи иҷроия, котиби райком, мудири шуъбаи вилоятӣ ва дигар соҳаҳо фаъ-олият намуда, 53 сол собиқаи корӣ дошт.
Дар камолоти ӯ устод Айнӣ низ саҳм доштааст. Солҳои 1935 - 36 дар мактаби Самарқанд Садриддин Айнӣ онҳоро ҳамагӣ ду соат дар як ҳафта аз фанҳои забону адабиёт дарс медод. Хотираҳои таърихиро чунин нақл кард: «Устод Айнӣ муаллими асил ва бомаҳорате буд, ки дарсҳояш шавқовар мегузашт. Айнӣ муаллими сахтгир буд. Аз сиёсати ӯ ҳама шогирдон китобҳои доштаашонро муқова мекардаанд. Дарсро саҳл намегирифт ва гуфтаҳояшро такрор ба такрор ба муҳассилин мефаҳмонд. Як хусусияти хоси муаллимии Айнӣ ин буд, ки барои ҳама хонандагон вақт меёфт. Ин суханони устод Айнӣ ҳеҷ гоҳ аз хотирам нарафтааст: «Донистан шарт ба шумо, агар донед, луқмаи ҳалол мехӯред, аммо барои илмро кор фармудан, ақл даркор. Илова бар ин дар ҳар дарс дафтарҳоро аз назар мегузаронд. Ба тозагии онҳо аҳамият медод. Ба даст ишора карданҳои устод, ки хезед, ҳам аз ёдам нарафтааст. Сахтгир буд. Бо вуҷуди ҳама сахтгириҳояш хонандагон аз ӯ розӣ буданд. Ниҳоят марди боинтизом буд ва боре мо - муҳассилин надидаем, ки устод ба дарс дер омада бошад. Ба нафаре, ки аз ӯ беэҳтиромӣ сар мезад, мегуфт, ки «ахлоқатона нағз кунед, писар!». Фахр мекунам, ки шогирди Айнӣ ҳастам. Пас аз хатми мактаби Самарқанд, қариб 10 сол дигар устодро надидам. Дар қатора ба ҳангоми бозгашт аз ҷанг мақсад гузоштам, ҳамин ки ба Душанбе расидам, дар навбати аввал муаллим Айниро зиёрат намоям. Қавл додам, ки агар ӯро дар Душанбе пайдо насозам, барои диданаш ба Самарқанд меравам. Ба Душанбе расидам, дар ҷустуҷӯи идораи нависандаҳо афтодам. Идораро ёфтам. Дар даромадгоҳи идора, Боқӣ Раҳимзодаро дидам, ки ба шоири ҷавоне маслиҳат медод. Боқӣ Раҳимзода маро бо як дасти бастаам сахт дар оғӯш гирифт. «Саъдӣ, ту зиндаӣ?! Маро диданӣ омадӣ? Маълум мешавад, ки муҳаббати даврони бачагиҳо ҳанӯз ҳам дар қалбат побарҷост?» - гуфт ӯ. - Боқиҷон, аз диданат сарам ба осмон расид, аммо намедонистам ин ҷоӣ. Ба хотири устод Айнӣ омадам, то ӯро зиёрат намуда, сипас ба Ғарм равам. Агар бовар бисозӣ, дар панҷ соли ҷанги Гирмон борҳо аз устод Айнӣ, аз суханони падаронааш ёд кардам ва қавл додам, ки расидан замон ба Душанбе, ӯро зиёрат кунам ва сипас ба Ғарм равам, - гуфтам ман. Бахтат омад кард, Саъдӣ, - гуфт Боқӣ Раҳимзода, - устод дар ҳамин ҷо ҳастанд.
Дар ёдам ҳаст, ки ба устод соли 1936 мошини «Москвич» тақдим карданд. Дар вақти таҳсил ба хонааш рафта будем. Нисбати кӯҳистониён муҳаббат дошт. Ин меҳри падаронаи устодро дар дарсҳо ва берун аз машғулиятҳо мушоҳида мекардам. Махсусан ба гӯйишҳои кӯҳистониён эътибори хос медод, ки баъдтар фаҳмидам, ки ин ҳама кунҷковӣ ва ҷустуҷӯҳояш ба хотири покизагии забон ва муайян сохтани меъёрҳои забони адабӣ дар он замони сарнавиштсоз будааст. Мегӯянд, ки устод замони мадрасахониаш бо толибилмони кӯҳистонӣ дӯстӣ доштаву доир ба ин гӯшаи диёри тоҷикон маълумоти гуногуни заруриро пайдо карда будааст. Ба назарам ҳамин донишҳои доштааш роҷеъ ба вазъи иҷтимоӣ, урфу одат, табиати кӯҳистон, ба мардикорӣ рафтани бачамардони кӯҳистонӣ, ғурбату дуриҳо аз зодгоҳ, раҳинтизориҳои дилдодаҳо, мушкилоти бозгашт ва амсоли ин даст дод, ки қиссаи «Одина» - ро бинависад. Он тасвирҳое, ки устод Айнӣ дар «Одина» кардааст, кас гумон месозад, ки водии Раштро ваҷаб ба ваҷаб гӯиё чен карда бошад».
Воқеият ва таърих гувоҳ аст, ки ҳама шогирдони устод Айнӣ ба мисли ӯ дар ҳаёт масъулиятшинос будаанд ва аз худ ба қадри тавонашон нақш гузоштаанд.

Маҳмуди ШОДӢ,
 
















Дастнависи Устод Айни


Дастхати Устод Айни ба шогирдашон Сотим Улугзода

















Ахмад Зохир БУХАРА Душанбе Душмани №1 точик - вируси М Исфара Хабиб Саид Хабиб Саид - YouTube Хабиб Саид - SoundCloud Таджикская музыка Таджикистан в картинках